Романи «Шабе ки моҳ арғувонӣ буд»-ро дар Телеграмканали Китобхонаи миллӣ хонед
Дуюмин романи адиб ва рӯзноманигори шинохта Соҷидаи Мирзо бо номи «Шабе ки моҳ арғувонӣ буд» чоп шуд ва ҳоло чанд нусха аз он ба Китобхонаи миллӣ ҳам расид.
Чуноне дар муаррифи кутоҳ мехонем, ин достони як навраси ятим аст, ки шаби «гирифтани моҳ» шабе, ки моҳу офтобу замин дар як радиф қарор гирифтанд ва тўдаи мардум чашм ба сўи осмон, моҳи арғувониро тамошо мекард, хоҳаронашро танҳо гузошт ва аз хона фирор кард. Ситорашиносҳо мегўянд, инсонҳо таҳти таъсири «гирифтани моҳ» тасмимҳое мегиранд, ки шояд дар ҳолатҳои дигар аз онҳо ҷилвагарӣ кунанд.
Қаҳрамони романи Соҷидаи Мирзо 14 сол аз худ мепурсид, ки агар он шаб фирор намекард, сарнавишти ў ва хоҳаронаш чигуна ҷараён мегирифт. Роман саропо аз моҷароҳое иборат аст, ки қаҳрамони Соҷидаи Мирзо дар тўли чаҳордаҳ сол таҷруба кардааст. Сужаи асар хонандаро аз лаҳзаи аввал ба худ мекашад ва то ҷумлаи ахир раҳо намекунад.
Дар ин китоб повести дигари Соҷидаи Мирзо « Афсонаи қафас» низ ҷо гирифта, ки аз драмаи хонаводагӣ ҳикоят мекунад. Драмае, ки гоҳо барои як тараф ба қафас табдил мешавад ва ғаризаи парвозро дар инсон мекушад. Дар ин достон мехонед, ки оё қаҳрамони Соҷидаи Мирзо роҳи бурунрафт аз қафасро пайдо кардааст ё не.
Гуфтанист, ки Соҷидаи Мирзо аз рўзноманигорони маъруфи Тоҷикистон аст, ки бо матолиби таҳқиқотӣ ва пўшиши мавзўъҳои доғи рўз, ба майдони матбуот ворид шуд. Дар рўзномаи «Паёми Душанбе», ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» ва нашрияи хусусии «Чароғи Рўз» фаъолият кардааст.
Аввалин ҳикояҳои Соҷидаи Мирзо дар ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» нашр шуда, ўро ба ҳайси як адиби рангинхаёл муаррифӣ карда буд.
Аммо баъдан пурра ба фаъолияти журналистӣ пардохт. Бахши умдаи фаъолияти кориаш, аз соли 1997 то соли 2019, дар Радиои Озодӣ сипарӣ шуд. Дар ин идора даҳ сол ҳамчун хабарнигор ва 12 сол ба ҳайси раҳбари бахшҳои узбекӣ ва тоҷикӣ кор кардааст.
Соли 2022 романи «Фаришта дар дўзах» ва чаҳор достони кўтоҳаш дар Тоҷикистон ба нашр расид, ки писанди хонандаҳо шуд. Айни замон бо хонаводааш дар Амрико зиндагӣ мекунад.
Шакли электронии китобро ин ҷо бихонед: “ШАБЕ, КИ МОҲ АРҒУВОНӢ БУД”
Шарофат МИРЗОЕВА
шуъбаи илмӣ-таҳқиқотӣ