Сарсухани профессор Абдунабӣ Сатторзода ба китоби мунтахаби ашъори Муфаззали Аҷамрод
Ин китоб ба тозагӣ интишор ёфта ва чанд нусха аз он ба Китобхонаи миллӣ расидааст. Тавре аз муаррифи кутоҳи мураттибонаш бармеояд, дурдонаҳои муҳаббату ихлос, ки фарогири ашъори гуногунжанр чун боғистони муаттару пероста аз гулҳои ишқи умед дар шакли мунтахаби ашъор ороста шудааст, арӯси суханони Аҷамрод мебошанд, ки бо таннозию дилнишинӣ сайри бардавом доранд.
Шоир тавассути нигориши марғубу рӯҳафзо хонандаро барои дарёфти ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва маърифат далолат менамояд.
Мунтахаби мазкурро ба мухлисони ашъори диловези он равоншод пешкаш намуда, аз Худованди мутаол мағфирати ӯро истидъо дорем.
Доктори илмҳои филологӣ, профессор Абдунабӣ ин сарсуханро ба китоб навишта:
АҶАМРОДИ СУХАНГУСТАР
(Ба ҷои сарсухан)
«Наҷвои муҳаббат» шашумин ва охирин маҷмўаи шеърҳои зиндаёд Муфаззали Аҷамрод (10.05.1953 – 9.08.2020) аст, ки соли 2019 дар нашриёти «Адиб» ба табъ расидааст. Маҷмўаҳои пешинаи ў «Мусаллои Хуршед» (2008), «Ҷилваи роз» (2010), «Меҳроби таманно» (2012), «Орази хаёл» (2016) ва «Парниёни сабз» (2017) низ дар нашриёти муътабари кишвар чоп шудаанд ва гувоҳӣ аз он медиҳанд, ки муаллиф дар шеъру шоирӣ фарди тасодуфӣ набуд.
Вай бар хилофи бисёриҳое, ки дар рўзҳои мо ба назм аз рўйи ҳавову ҳавас рў овардаанд ва навиштаҷоти камарзиши худро бо номи шеър ҷилд-ҷилд нашр мекунанд, ба сухан, каломи бадеъ муносибати комилан ҷиддӣ дошт. Шеър гуфтан барои ў зарурати зиндагӣ ва талаби маънавиаш буд. Шеър ҳастии ўст, маънии будани ў ҳамчун инсон аст. Вай аз зумраи касоне буд, ки шеър нагуфта наметавонистанд ва ҳастияшонро бидуни шеър тасаввур намекунанд. Ў дар шеъри «Ҷаноби Сухан» эълом доштааст, ки:
Агар бо Сухан розам ифшо надорам,
Ту гўйӣ дар ин хок маъво надорам…
Агар зиндаам бе сухан, мурда бошам,
На дорулфано, балки уқбо надорам!
Ҷаноби Сухан бошадам ганҷи ҳастӣ,
Ғанитар зи Доро, ки ҳамто надорам!
Шеър барои Муфаззали Аҷамрод воситаи баёни эҳсосу андеша, дидаву шунида ва хондаҳояш дар бораи инсон, зиндагӣ ва ҷомеа воситаи шинохти худ, ҳамзамононаш ва дигарон мебошад. Ў ошиқи содиқи Ватанаш, гузаштаю имрўзааш, шеъру шоирони он – Рўдакиву Фирдавсӣ, Хайёму Аттор, Саъдиву Ҳофиз, Мавлоною Ҷомӣ, Камолу Хоқонӣ, Бедилу Соиб, Шоҳину Туғрал, Турсунзодаву Лоиқ, Мастону Сармад, табиати зебои он, Душанбею Варзоб, ҳосса баҳору Наврўзи он ва тараннумгари дастовардҳои даврони Истиқлол ва мўягари замони ҷанги таҳмилӣ кишвар аст. Чунончи:
Аҷамрод аз баҳорон нав ба нав гўяд,
Бале, мо ошиқони содиқи фасли баҳоронем!
*** *** ***
Як дастагуле баҳри Аҷамрод биёред,
К-ў шоири наврўзмақоме ба диёр аст!
*** *** ***
Ишқ ойини Аҷамрод асту бас,
Посдори ишқ мисли ў кам аст!
*** *** ***
Сарфарозам, ки муҳаббат буда оғози ҷаҳоннам,
Ишқандештарин бандаи озоди замонам.
*** *** ***
Байтулғазалу банданавозанда сарое,
Яъне, харами дилшудагон аст дили мо.
*** *** ***
Хуршедҳисолем, ки зулмат нашиносем,
Дар ҷодаи мо сояи мубҳам чӣ тавонад?
*** *** ***
Ай Аҷамрод, аз дағалбозони бадгў дур бош,
Офтобандешаро меҷў, ки гўяд з-Офтоб!
*** *** ***
Аҷамродам – ҳазорово суруроғўшу гул дар бар,
Ба ёди гулъузоре ҳомии гулзор мемирам.
*** *** ***
Муфаззали Аҷамрод рисолати шеърро дар он медонист, ки бо сухан ба ҷаҳонҳои ғамбемор шифо бахшад ва қаламро барои навиштани тўмори офият ва дуои неки хонандагону мухлисонаш истифода намояд:
Қаламро дар дуо рангин кунам, тўмор бинвисам,
Шифобахшандаи ҷонҳои ғамбемор бинвисам.
Ҳадафи аслӣ аз шоирӣ, ба ақидаи ў, нишон додани қудрати худ дар ҳусни баён дар сухансанҷӣ, яъне ҳунарнамоӣ дар истифодаи воситаҳои тасвир, донистани вазну қофия ва ғ. нест, балки худафрўзӣ барои беҳтар намудани инсонҳо, ҷомеа ва ватани хеш, равшанӣ бахшидан ба онҳо мебошад.
Шоирӣ ҳусни баёне зи сухансанҷӣ нест,
Худфурўзӣ зи раҳи фазл, ки нанг аст ин ҷо.
*** *** ***
Ай дил, устурлоб бояд дар диҳӣ,
Табъи анҷумтоб бояд дар диҳӣ!
То ба мардум рўшанӣ бахшем мо,
Рутбаи маҳтоб бояд дар диҳӣ.
*** *** ***
Мавзўи шеърҳои ў гуногун ва маъмулианд: васфи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва табиати зебои он, меҳри модари меҳрубону падари қаҳрамонаш, баёни ҳол, вазъи замона ва ҷомеа, мазмунҳои ошиқона ва орифона ва ғ. Ў ин мазмунҳоро дар қолабҳои суннатии шеъри мо, мисли ғазалу рубоию маснавӣ ва шеъри нимою шеъри нав гуфтааст. Шеъри ў дар беҳтарин намунаҳояш бозтоби ҳунарии ин мавзўъҳо мебошад. Хушбахтона, дар навиштаҳои ў маъниву мазмунҳои шоирона, ки баёнгари ҳунари шоирӣ мебошанд ва бо доштани онҳо ҳар шоири асил метавонад ифтихор намояд, кам нестанд. Чунончи, намунае чанд аз онҳо:
Дарзе, агар зи ҷомаи имони ман гусаст,
Он беқасаб бисўзаму сар дар кафан кунам.
*** *** ***
Дарё ба як пиёла нагардид ихтисор,
Кафро пиёла кардаму маст аз асар шудам.
*** *** ***
Набзу назми моҳпайкарҳо басе санҷидаам,
Лек дар дунё мисолат офтобоғўш нест.
Дар даҳр, Аҷмарод, агар дӯст наёбӣ,
Таъмири ҷадиде бикун андӯҳсароро!
*** *** ***
Мубтадои ояти ишқат ба дил мебофтам,
Моҳи тобон рӯ ба рӯям бехабар манзур шуд.
*** *** ***
Зиндаёд Муфаззали Аҷмарод дар маҷмӯаи охиринаш шеъре дорад ба номи , “Хаёли рангин” ва дар он байти зерин аст:
Кошки баъди марг зистаме,
То бидонистаме, ки кистаме!
Аз ин мақому манзилати худ Аҷамроди сухангустар ҳангоми зинда буданаш бохабар буд, аз ин рӯ дар яке аз ғазалҳояш гуфта буд, ки;
Аҷамродро, шукӯҳи тоҷи султонӣ ҳамин будааст,
Ба ҳар сурат, ки рафтам, ман зи олам муҳтарам рафтам.
Маҷмӯае ,ки ҳоло ба дасти хонандагон мерасад, мунтахаби ашъори Муфаззали Аҷамрод буда, ба муносибати зодрӯзи мубораки 70- солагияш нашр мешавад, ки ҳосили умри бобаракати ӯст
Номи азиз ва ёди гиромии Аҷамроди муҳтарами офтобандешаву осмониниҳод,оинасиголу равшанравон , покдилу зебопараст, баҳордӯсту гулпарвару наврӯзмаком, ишқандешу санохони сухан, родмарду ҳимматбаланд, садоқаткешу вафодор фаромӯш нахоҳад шуд.
Абдунабӣ Сатторзода,
д.и.ф.., проф., узви пайвастаи
фарҳангистони забон ва адаби форсӣ.
Шаҳри Душанбе, 12 апрели 2023.
Таҳияи Гулистон ЛУНДИШОЕВА,
сармутахассиси шуъбаи мукаммалгардони фонд.