Маҳфили “Суҳбат бо адиб” бахшида ба рӯзи Парчами миллӣ
Бо ташаббуси шуъбаи адабиёти кўдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ маҳфили навбатии «Суҳбат бо адиб» бо иштироки — шоир, нависанда,рӯзноманигор ва ношири тоҷик, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Латофат Кенҷаева баргузор гардид. Дар маҳфил хонандагони Фаъоли шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон, ки аксаран иштирокчиёни фаъоли озмунҳои ҷумҳуриявӣ мебошанд, ширкат намуда, бо адиб суҳбат намуданд.
Бояд зикр намуд, ки Латофат Кенҷаева ҳанӯз аз давраҳои мактабӣ машқи шеър мекарду шеърҳои бачагона менавишт. Намунаҳои шеъру ҳикояҳои Латофат Кенҷаева зиёд дар матбуоти давр, дар китоби “Тазкираи адабиёти бачагон” ва чандин маҷмӯаи дастҷамъӣ ба табъ расидаанд. Китоби Латофат Кенҷаева “Сандуқчаи марворид” ороста аз тезгӯяку чистон ва бозищою кистонҳо дар шакли шеър, барои бачагон эҷод шуда, соли 1997 ба табъ расид. Ин китоб бо тавсияи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1998 чун дастури омӯзишӣ барои мактаби миёна тасдиқ шудааст. Мактаббачагони тоҷик аз ин китоб зиёд истифода мекунанд, ки гувоҳи он се бор ба такрор чоп шуданаш мебошад.
Дар оғози маҳфил Латофат Кенҷаева аз ҳаёти кӯдакии худ ва аввалин шеърҳояш ҳикоят кард.
Дар идома иштирокдорон, аз ашъори шоири дӯстдоштааашон, ки аз кӯдакӣ шеърҳояшонро мехонанд, порчаҳо қироат намуданд,ки ин ба маҳфил ҳусни дигаре зам кард. Дар қисмати дигари маҳфил хурдсолон дар робита ба таҷлил аз Рӯзи парчам шеърҳо ва порчаҳои насрӣ қироат карда, ҳамчунин бо шоир Латофат Кенҷаева дар боби парчам ва дигар муқададсоти миллӣ суолу ҷавоб карданд.
Бояд қайд намуд, ки Латофат Кенҷаева дар тарҷумаи осори адибони ҷаҳонӣ низ саҳми босазое дорад. Тарҷумаи асарҳои Шоири халқии Эстония Эно Рауд “ Сипсик” , “Кинокамерае, ки ҳама чизро донистан мехост”, афсонаҳои адиби молдовӣ Аурел Чокану “Афсонаи кӯзаи кӯҳна”, “Кишвари одамони яхин” шеърҳои Наталия Юркова “ Моҳ ва фил” ба қалами ӯ тааллуқ дорад.
Маҳфил дар ҳамкорӣ бо Телевизиони кӯдакону наврасон “Баҳористон” баргузор шуда, дар назар аст, рӯзҳои наздик пешкаши бинандагон гардад.
Наргис НАЗАРЗОДА