Раҳмонов Э. Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ / Муҳар.: К. Абдураҳимов. – Душанбе: Шарқи озод, 2007. – 144 саҳ.
Тамаддуни ориёӣ бо арзишҳои фарҳангиву ахлоқии хеш дар ташаккули тамаддуни башарӣ ва робитаи байни тамаддунҳо нақши бисёр муҳим дорад.
Тадқиқоти муаллиф дар иртибот бо ин тамаддуни бузург воқеияти корбурди истилоҳи таърихии ориё дар осори куҳан, таҳриф ва суиистифодаи номи “арйа” аз ҷониби нажодгароён дар асри ХХ, чигунагии раванди ташаккули забонҳои ориёӣ-эронӣ ва дигар масоили муҳими шинохти ин мардумонро баён мекунад, ки дар илми ҷаҳонӣ мавзӯи баҳси домандор аст.
Истиқлолият дар таърихи давлатдории тоҷикон ва сарнавишти миллати тоҷик оғози марҳилаи сифатан нав гардида, барои шинохт ва дарёфти арзишҳои тамаддуну фарҳанги миллӣ заминаи устувору пойдор фароҳам овард. Марҳилаи навини зарурати омӯзиш ва таҳқиқи амиқу ҳамаҷонибаи арзишҳои таърихиву фарҳангии чандинҳазорсолаи миллатро дар пояи воқияти таърих ба миён овард.