Намоиши асарҳои Сабзаалӣ Муродзодаи Шариф бахшида ба 70-солагии Сайф Раҳимзоди Афардӣ
Дар толори намоишии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши асарҳои Рассоми халқии Тоҷикистон Сабзаалӣ Муродзодаи Шариф бахшида ба 70-солагии Сайф Раҳимзоди Афардӣ доир гардид.
Намоишро ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Ҷамшед Ғанизода ифтитоҳ намуда, ҳозиринро хайрамақдам гуфт. Ва аз навиштаҳои барандаи Ҷоизаи ба номи Абуабдуллоҳ Рўдакӣ Сайф Раҳимзоди Афардӣ иқтибос овард:
«Ҳич аз кор бознаистодам. Мехоҳам ин дунёро аз нав бисозам. Дунёро мехоҳам ба завқу салиқаи худ наздик бикунам. Таҷаллии он дунё чашмони маро мебарад ва ҳушамро мерабояд. Ман ин дунёро ба худам монанд мекунам».
«Мебинем вақтшиносам. На, дер намемонам».
Сардори Раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмоналӣ Мирализода зимни суханронии худ чанд пора аз аз эҷодиёт нависандаи мумтоз қироат намуд ва гуфт, ки дар ҳама навиштаҳо ва ҳикоёташ ҳамин гуна изҳори назарҳои ҷолиберо дар қолабҳои хеле кутоҳу зебо ҷо мекунад, ки барои хонандаи он мавриди омўзишу ҳикматангез аст. Ҳам зуд ва хеле осон мисли як шеър азёд мешавад.
Вай аз замони кораш дар телевизион солҳои 2000-2003 нақл кард, ки ду ду мустанад сохта буд. “Бисёр мехостам шодравон Сайф Раҳимзоди Афардиро аз забони худаш ва бо офаридаҳои худаш ба бинанда муаррифӣ кунам. Ин гуна пораҳои ҳикматомезу тасвирҳои зебову ҷолибро аз эҷоди эшон дар матни он филмнома ҷо кардам. Тавре мебинед бо гузашти беш аз 20 сол ин суханон дар зеҳни ман мондаанд. Ман инро азёд накардаам.
Эҷодиёти Сайф ба зоти худ устувор аст, ки бўи Сайф мекунад, ранги Сайф мекунад ва садои Сайфро дорад.
Масалан, устод Сабзаалӣ Шарифзода, ки имрўз асарҳои худро ба намоиш гузоштанд, ба муносибати устод Сайф Раҳимзоди Афардӣ худашон як шахси қолабшикан ҳастанд. Дар ҳамин овезае, ки мо ин ҷо мебинем, як қолаби чаҳоркунҷа аст, аммо он чӣ дохили он аст, аз қолаб берун аст. Ҳам дар тўл ҳам дар арз низ. Коғази даруни чоркунҷа дар тўл аз чорчўба беруну аст, дар арз бориктар аз чаҳорчўба.
Шоири халқии Тоҷикистон, Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим дар суханрониаш аз ҷумла гуфт: Пеш аз ҳама устод Сабзаалӣ Шарифӣ ҳамаи дўстдорони санъати тасвириро бо ин маъракаи хушоянди фарҳангӣ табрик ва ба ҳамаи онҳое, ки ин намоишро созмон додаанд, ташаккур мегўям. Ин намоиш ба хотирам 23-соли пешро овард. 23 сол пеш дар ҳамин бино он вақт Осорхонаи давлатии Тоҷикистон буд, бояд намоиши асарҳои устод Сабзаалӣ Шариф бо номи “Сиёҳу сафед” барпо мешуд. Саҳар ҳама мухлисон дар назди ин бино ҷамъ омадем. Ва хабари нохуше шунидем, ки ба ҷони раиси шаҳр сӯиқасд сурат гирифтааст. Ва намоиш намешавад. Бисёр озурда шудем.
Хушбахтона, иҷозат шуд ва он намоиш баргузор шуд. Он силсилаи «Сиёҳу сафед» тавре медонед аз офаридаҳои бузурги санъати тасвирии мо ҳастанд. Имрўз мавзуи дигар аст. Мавзуи дўсту бародар ва ҳамқалами азиз мо Сайф Раҳимзоди Афардӣ. Ман фикр кардам, ки устод Сабзаалӣ Шариф чанд расм кашида буданд, барои чӣ намоиши махсус карданд барои Сайф. Ба ин фикр расидам, ки аввалан дўстони қарин буданд, лекин беш аз ин пайванди маънавӣ доштанд.
Сайф ҳам бисёр назари хос дошт ҳам ба мусиқӣ ҳам ба санъати тасвирӣ ҳам ба театр ҳам ба кино. Умуман ба ҳама чиз ва ҳамаи онро дар навиштаҳояш мехонем. Дар китобҳое, ки офарид, ин ҳамаро бисёр барҷаста таҷассум кард. Ҳар асари ўро, ки хонед, мебинед, тасвири ҳамон манзара, ҳамон шахс, ҳамон характер дар пеши назари хонанда аён мегардад.
Дар ин маҳфил зикр гардид, ки барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рўдакӣ, нависанда, синамосози мумтоз, ходими давлатӣ Сайф Раҳимзоди Афардӣ бо сабки вижа, асарҳои пуртаъсир, забону баёни тоза, корбасти хосаи вожаву ибора ва ҷумлаи пур аз ҷушу хуруши ҳиссиёт, биниш ва интихоби ҷузъиёти фикр, ёфтану офаридани қаҳрамонон ғайриқолабӣ дар рушду адабиёти миллат дар назди давлату миллат хизматҳои шоёне намудааст.
Раҳима АЪЗАМ,
бахши матбуот ва робита
бо ҷомеаи Китобхонаи миллӣ.