Муовини директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Камолзода СайфиддинКамолзода Сайфиддин – номзади илмҳои педагогӣ, и.в. дотсент 03 феврали соли 1970 дар деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод таваллуд шудааст.

Солҳои 1977-1987 – дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11, деҳаи Элок, ноҳияи Файзобод таҳсил кардааст.

Соли 1987 ба факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносии Институти давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода (ҳоло Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода) дохил шуда, онро соли 1992 хатм кардааст.

Солҳои 1988-1989 – дар шаҳри Комсомолски назди Амур (Шарқи дур) дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шуравӣ адои хидмати ҳарбӣ кардааст.

Солҳои 1992 1993 – мудири китобхона ва муаллими забон ва адабиёти тоҷики Муассисаи таҳсилоти асосии №39-и деҳаи Қалъаи Нав, ноҳияи Файзобод.

Солҳои 1993 1994 – мудири филиали №15- и Китобхонаҳои марказонидашудаи шуъбаи фарҳанги ноҳияи Файзобод.

Солҳои 1994 2011 – омўзгори калони кафедраи китобхонашиносии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода.

Солҳои 1999 2004 – ҷонишини сардори Раёсати фарҳанги Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2007 2010 – унвонҷўи Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон.

Солҳои 2010 2015 – мудири шуъбаи китобшиносӣ, китобхонашиносӣ ва библиографияшиносии Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот”.

Солҳои 2011 – 2012 – мудири шуъбаи масъалаҳои тарбияи наврасон, ҷавонон ва робита бо оилаю ҷомеаи Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон.

Солҳои 2012 2014 – сармутахассиси шуъбаи илм ва татбиқи мавзуъҳои фармоишӣ (ҳамзамон котиби масъули маҷаллаи илмӣ, маърифатӣ ва таълимию методии “Паёми Академияи таҳсилоти Тоҷикистон”).

Солҳои 2015 – 2016 – мудири Осорхонаи маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон.

Соли 2016 – 2021 – мудири шуъбаи илм ва инноватсияи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон.

Соли 2021 – 2022 – мудири шуъбаи таҳсилот ва технологияи педагогӣ ҳамзамон масъули Сомонаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон.

Соли 2022 – 2023 – мудири шуъбаи инноватсия ва технологияи таълими Академияи таҳсилоти Тоҷикистон.

Соли 2023 то имрўз – мудири шуъбаи методикаи таълим, психология ва омодасозии кадрҳои илмии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон.

*** Соли 2010 рисолаи номазадиро дар мавзуи “Китобхонаҳои бачагона ва мактабӣ дар низоми таҳсилоти Тоҷикистон: таърих, вазъият ва мушкилоти рушди он дар Шурои диссертатсионии назди ПРМ АТТ КОА Федератсияи Россия дифоъ кардааст.

Муаллифи беш аз 80 нигориш: бештар аз 70 мақолаҳои илмӣ – методӣ, 2 кори илмӣ-методӣ, 3 барномаи таълимӣ, инчунин муҳаррири беш аз 10 китобу рисолаҳои илмӣ-таълимӣ ва маҷмуаи мақолаҳо мебошад.

Аз соли 2021 то имрўз узви Шурои экспертии Комиссияи Олии Аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Таҳти роҳбарии Сайфиддин Камолзода 2 нафар унвонҷў рисолаҳои номзадӣ дифоъ кардаанд.

Барои хидматҳои бенуқсон дар рушди маориф ва фарҳанг миллӣ, тарбияи мутахассисони касбӣ Камолзода Сайфиддин бо нишонҳои ифтихории «Аълочии маорифи Тоҷикистон” (№576, 14.12.2000) ва “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» (№37-УК, 19.03.2004), инчунин «Ифтихорнома»-ҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (№22-У, 13.09.2011), Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (№2698, 10.12.2012, №2748 22.08.2016 ва №10425 30.09.2019), Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (№407, 13.04.2015) Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (№74, 14.04.2021), Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (аз 12.04.2013; 26.12.2018, 30.12.2019), Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (фармоиши №226, аз 20.09.2022) ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур (№334 аз 03.10.2023), Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур (№299 аз 15.10.2020) сарфароз гардонида шудааст.

Забонҳои русӣ ва форсиро медонад.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд мебошад.

2юми ноябри соли 2023 бо фармони роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (№155) ба вазифаи муовини Директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, захираҳои иттилоотӣ ва хизматрасонӣ ба истифодабарандагон таъин гардидааст.

Адабиёт

  1. Файзобод Энсиклопедия /бахшида ба 80-солагии таъсисёбии ноҳия. – Душанбе: ЭР-граф, 2011. – С.111-112.
  2. Донишномаи Пажўҳишгоҳи рушди маориф /бахшида ба 80 – солагии таъсисёбии ПРМ АТТ.-Душанбе: Бебок, 2013 – С. 118.
  3. Махзани маърифат (дастури таълимӣ барои донишҷўён). – Душанбе: Ирфон, 2014. – С.51-53.
  4. Олимони педагоги тоҷик: маълумотнома (чопи дувум) /Мураттибон: Афғонов М.М., Туронов С., Хоҷазод С. – Душанбе: «Ахмедов Рўзӣ», 2015. – С. 116.
  5. Академияи таҳсилоти Тоҷикистон / Маълумотномаи энсиклопедӣ ба ифтихори 10-солагии таъсисёбии АТТ . – Душанбе: Ирфон, 2015. – С. 126-128.