Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 13-уми декабр
Соли 1720 дар Венетсия нависанда ва намоишноманависи аҳли Италия Карло Готси ба дунё омад. Готси соли 1747 ҳамроҳ бо гурӯҳе аз ҳамақидаҳояш академияи танзи «Гранеллески» («Пучсухан»)-ро, ки алайҳи таъсири аҷнабиён бар забону адабиёти итолиёӣ мубориза мебурд, таъсис дод. Ин академия алайҳи драмнависони номдор К. Голдони ва П. Кяри, ки сабку услубҳои театрҳои фаронсавиро пазируфта буданд, ба масхара мекашид.
Карло Готси мазҳакаҳои қадимии итолиёиро, ки бар фарҳанги мардумӣ асос ёфта буданд, «ифтихори Итолиё» меномид. Ӯ мекӯшид, ки онҳо аз нав эҳё бишаванд. Соли 1761 Карло Готси нахустин «фияба» (афсона барои театр) – «Муҳаббат ба се афлесун»-ро навишт. Намоишнома аз ҷониби тамошобинон хуб пазируфта шуд. Баъд фиябаҳои «Зоғ» (1761), «Шоҳ-гавазн», «Турандот», («Турондухт»), «Зан-мор» (ҳар се – 1762), «Зобеида» («Зубайда», 1763), «Гадоёни хушбахт» (1764), «Парандаяки сабз», «Ҷим, шоҳи ҷинҳо», номи дигараш «Канизаки вафодор» (ҳар ду – 1765)-ро таълиф намуд.
Охирин асари ӯ «Хотироти беманфиат» (1797) ба таърихи театри асри 18 бахшида шудааст. Дар осори Карло Готси оҳангу сужетҳои ривоятӣ, баъзе аз вижагиҳои мазҳакаҳои мардумӣ ба назар мерасанд.
Чандин асари ӯ («Турандот», «Шоҳ–гавазн», «Гадоҳои хушбахт» ва ғ.) бар пояи сужаҳои шарқӣ навишта шудаанд. Аз ҷумла, дар «Гадоҳои хушбахт», ки рӯйдодҳо дар Самарқанд мегузаранд, Карло Готси шоҳи адолатпешаеро тасвир намудааст.
Чанде аз намоишномаҳои ӯро дар Тоҷикистон низ ба саҳна гузоштаанд. Аз ҷумла, «Маликаи Турандот» ва «Шоҳ − гавазн»-ро, ки замоне бинандагони зиёд доштанд.
Соли 1784 мунаққид, шоир, эссенавис ва фарҳангнависи инглис Сэмюэл Ҷонсон аз олам рафт.Ҷонсон аз бузургтарин адибони қарни ҳаждаҳуми милодии Британия буд. Аз муҳимтарин асарҳои ӯ метавон ба “Фарҳанги забони англисӣ”, “Зиндагии шоирон” ишора кард. Вай 75 сол умр дид.
Соли 1797 дар Дюсселдорф шоир, публистист ва мунаққиди маъруфи олмонӣ Ҳенрих Ҳейне зода шуд. Ҳейне бештар ба хотири ашъори ғаноияш машҳур шудааст. Дар зимн вай шоири романтизм ҳам буд. Осори ӯ яке аз пуртарҷуматарин навишторҳо дар адабиёти олмонӣ ба шумор меравад.
Соли 1873 дар шаҳри Москав шоир, нависанда, намоишном анавис, тарҷумон ва адабиётшиноси Шӯравиву рус Валерий Брюсов дида ба олам кушод. Вай яке аз поягузорони равияи намодгароӣ (символизм) дар адабиёти рус буд.
Соли 1909 дар Санкт-Петербург дар синни 54-солагӣ шоир, намоишноманавис, тарҷумон ва мунаққид Иннокентий Анненский аз олам гузашт.
Соли 1934 шоир, дипломати перуӣ Хосе Сантос Чокано тарки олам кард.
Соли 1938 дар идораи газетаи “Правда” бе ягон иҷозатном аи расмии мақомот нависандаи Шӯравӣ Михаил Колсов боздошт шуд. Ӯро бо иттиҳомҳои сохтаву бофта зиндонӣ карданд, 70 нафарро чун шоҳид пурсиданд, ки баъдан аксари он шоҳидон низ бо ҳар гуна иттиҳомот боздошт ва кушта шуданд. Дуюми феврали соли 1940 ба қатл расид. 18-уми декабри соли 1954 баъди маргаш сафед шуд.
Соли 1973 дар шаҳри Прага дар синни 73-солагӣ нависанда, шоир ва мунаққиди адабиёт Йозеф Кнап вафот кард.
Соли 1999 дар шаҳри Ню-Йорк дар манзили худ нависандаи амрикоӣ Ҷозеф Ҳеллер аз олам гузашт. Вай 76 сол дошт.
Соли 2014 дар шаҳри Красноярск дар синни 64-солагӣ нависанда ва журналисти рус Михаил Успенский вафот кард.
Соли 1968 Шоири халқии Тоҷикистон ОЗАР (Салимов Миралӣ) дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон дида ба олам кушод. Соли 1986 мактаби миёнаи №9-ро хатм карда, солҳои 1987-1989 хизмати ҳарбиро ба ҷой овардааст. Хатмкардаи факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Кӯлоб мебошад. Дар мақомоти иҷроияи Ҳукумати вилояти Хатлон (солҳои 1994-1997) сармутахассис буда, солҳои 1997-2008 дар мақоми сухангӯйи Раёсати умури дохилаи вилоят адои хидмат доштааст.
Соли 2008 котиби масъули бахши Қӯрғонтеппаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон таъйин шудааст. Ҳамзамон, вазифаи сардабирии маҷаллаи «Мактаб»-и назди Раёсати маорифи вилояти Хатлонро бар уҳда дорад.
Аввалин шеърҳояш бо фотиҳаи шоир Саидҷон Ҳакимзода (1984) дар матбуоти даврӣ ба чоп расидаанд.
Нахустин маҷмӯаи ашъораш «Намози бедорӣ» соли 1997 ба табъ расидааст. Маҷмӯаҳои дигараш «Як саҷда гул» соли 2002, «Сарви дуо» соли 2004, «Ирфони ҳино» соли 2006, «Гуфтугӯйи нахлу моҳ» соли 2010 интишор ёфтаанд. (Сом. Ит. Нав.)
Таҳияи Б.Шафеъ