Баргузории ҳамоиш бахшида ба 95-солагии Чингиз Айтматов дар Китобхонаи миллӣ

Чингиз АйтматовИмрӯз дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар бахшида ба 95-солагии нависандаи маъруфи қирғиз, арбоби давлатӣ ва дипломат Чингиз Айтматов баргузор гардид. Ин чорабинӣ бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Қирғизистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он намояндагони ин мақомот, ходимони фарҳанг, илму санъат иштирок карданд.

Пеш аз оғози чорабинӣ дар долони китобхона аксҳо ва китобҳои нависандаи машҳур Чингиз Айтматов ба намоиш гузошта шуд. Ҳамчунин филми кӯтоҳи мустанад дар бораи ҳаёт ва фаъолияти ӯ пешкаши ҳозирин гардиди. Дар оғози мизи мудаввар Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эрлан Абдилдаев баромад карда, қайд намуд, ки Чингиз Айтматов натанҳо нависандаи маҳбуби кишвари худ, балки тамоми дунё буд. Асарҳои ӯ дар тамоми қитъаҳо машҳур буда, ба 186 забони ҷаҳон тарҷума шудаанд, ки мероси фарҳангӣ ва маънавии тамоми башарият мебошанд, илова намуд сафир.

Чингиз АйтматовДар идома Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим  иброз дошт, ки шахсияти нависандаи бузург Чингиз Айтматов ва эҷодиёти ӯ дар ҳаёти адабии Точикистон мавқеи махсусро ишғол мекунад. Саҳми Чингиз Айтматов дар инкишоф ва густариши робитаҳои дӯстии халқҳои тоҷику қирғиз хело зиёд буда, ҳамкории эҷодии ӯ бо як қатор намояндагони илм ва адабиёти тоҷик аз ҷумла устод Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Акбар Турсун ва дигарон исботи ин гуфтаҳост.

Дар чорабинӣ ҳамчунин намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги кишвар, нависандагон ва тарчумонҳои асарҳои Чингиз Айтматов ба забони точикӣ баромад карда, андешаҳои худро доир ба осор ва афкори оламгири ин нависандаи бузург изҳор доштанд.

Наргис НАЗАРЗОДА,
бахши робита бо ҷомеа