Оронимҳо, яъне чӣ?

ОронимҳоБарои посух ба ин суол ба китоби тозанашри  Шаҳло Шарипова “Оронимҳои забони адабии муосири тоҷик”, ки бар пояи маводи осори бадеӣ, ҷуғрофӣ ва таърихӣ” таҳия шудааст, муроҷиат кунед. Ин китоб ҳамин чанд рӯз пештарак чоп шуда ва нусхаҳое аз он ба Китобхонаи миллӣ ҳам расидааст. Муаллиф гуфтааст, ки асараш  дар асоси маводи осори бадеӣ, ҷуғрофӣ ва таърихӣ омода гардида, ба 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Рӯзи байналмилалии забони модарӣ бахшидааст.

Дар муқаддимаи китоб муаллиф ҳадафи худро аз таълифи ин китоб мухтасар баён дошта ва дар бораи оронимҳо низ як маълумоти кутоҳ ироа кардааст. Аз ҷумла гуфтааст, ки аввалин масъалае, ки дар монография мавриди баррасӣ қарор гирифтааст, муайян намудани вижагиҳои луғавии оронимҳо мебошад. Оронимҳо бо дигар гурӯҳи махсуси воҳидҳои вожагониро ташкил намуда, дар таркиби луғавии забони тоҷикӣ  мавқеи махсус доранд. Онҳо бо дигар гурӯҳҳои маъноии калимаҳо умумият дошта бошанд ҳам, бо як қатор хусусиятҳои худ аз онҳо фарқ карда, гурӯҳи алоҳидаи воҳидҳои вожагониро ташкил менамоянд. Ин тафовути онҳо бо мисолҳои зиёд тасбит гардидаанд.

Оронимҳо, инчунин, бо идомаи маънои махсуси ишоратии худ аз дигар гурӯҳи калимаҳои таркиби луғавии забон, ки маънои мафҳумӣ дошта, ба предмет ва ашёву ҳодиса аз рӯйи аломату хусусият ва моҳияташон далолат менамоянд, фарқ мекунанд. Онҳо аз ҷиҳати маъно асосан ба маконҳои мушаххас далолат карда, аксаран дар забони зинда гуфтугӯйии халқ ба вуҷуд меоянд. Онҳо баръакси калимаҳои адабии китобӣ аз обуранг ва эҳсосоти бадеӣ маҳрум буда, маъноро ба таври хеле одӣ ифода менамоянд.

Хусусияти дигари оронимҳо дар он зоҳир мегардад, ки онҳо аксаран дар забони зинда ва гуфтугӯйи мардум шакл гирифта, дар ҳудуди муайян дар байни соҳибзабонон истифода мешаванд. Бо назардошти хусусияташон маконҳои оронимӣ аз ҷониби соҳибзабонон ва сокинони ҳамон маҳал номгузори мешаванд.  Онҳо имконияти ба гурӯҳи калимаҳои умумиистеъмол ва сермаъно ворид шуданро надоранд. Дар истеъмол низ онҳо дар бештари маврид ба хусусиятҳои забони гуфтугӯйӣ соҳиб буда, доираи истеъмоли онҳо дар забон ҳамеша махдуд аст.

Оронимҳо унсури вожагонии таърихӣ буда, раванди номгузории мавзеъҳои оронимӣ хусусияти табиӣ дорад. Онҳо аз рӯйи аломату хусусият, тасаввурот ва ҷаҳонфаҳмии одамон ба маконҳои номгузоришуда ё ифодакардаи худ аксаран робитаи зич доранд. Бо назардошти хусусияташон маконҳои оронимӣ аз ҷониби соҳибзабонон ва сокинони ҳамон маҳал номгузорӣ мешаванд. Оронимҳо аз рӯйи хусусиятҳои худ ба шароити табиӣ  номи парандагону ҳайвонот, одамон ва ғайра алоқаманд  мебошанд. Ҳамин вижагии онҳо низ ба овардани мисолҳои мушаххас аз осори бадеии муосири тоҷик асоснок мегардад.

Дар монография муаллиф бо такя ба маводи фаровони осори бадеи ва фарҳангҳою донишномаҳо муҳимтарин хусусиятҳои вожагонию маъноӣ ва сохторию сарфии оронимҳоро дар забони тоҷикӣ таҳқиқ намудааст. Пажуҳиши номвожаҳо дар забони тоҷикӣ дар заминаи осори адибон имкон медиҳад, ки анъана, суннатҳо тарз, усул, сарчашма ва вижагиҳои номвожаҳо ошкор карда шаван. Бо таҳқиқи ҷанбаҳои луғавии оронимҳо, хосатан номи мавзеъҳои таърихӣ, баъзе вижагиҳои луғавӣ ва услубии забони адабии тоҷикӣ дақиқ карда мешаванд ва дар такмили харитаи миллии маъмурӣ, ки оронимҳо дар он нақши хос доранд,мусоидат мекунад.

Монография барои доираи васеъи хонандагон (забоншиносон, таърихнигорон, фарҳангшиносон, мавзеъшиносон ва ғайра) тавсия шудааст.

Хонандагон метавонанд ин китобро дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.

Фарзона Шарифова,
мутаххассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.