Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 12 январ
Соли 1049 Саъид Котиб Сафо машҳур ба Шайх Абусаъиди Абулхайр ориф ва шоири номдори форсу тоҷик ба дунё омад. Абусаъиди Абулхайр миёни шоирон ва орифон мақоми бисёр барҷаста ва вижае дорад ва номи ӯ бо ирфон ва шеър омехтагии амиқе ёфтааст. Ба ҳаддест, ки мақоми ӯ дар шеъри форсӣ дар канори Мавлавӣ ва Аттор қарор мегирад. Ин ҳам дар ҳолест, ки вай чандон шеъри зиёд нагуфтааст.
Дар таърихи андешаҳои ирфониаш дар болотарин сатҳи андешамандони ин густураи паҳновар дар канори Мансури Ҳаллоҷ, Боязиди Бастомӣ ва Абулҳасани Харақонӣ қарор мегирад.
Шайх Абусаъиди Абулхайр тибқи ривоёти таърихнигорон бо Абуалӣ ибни Сино вохӯрдаву се шабонарӯз бо ҳам дар хилват суҳбат кардаанд. Чун муридон аз Сино пурсиданд, ки шайхро чӣ гуна ёфтӣ, посух дод: Ҳарчи ман медонам, ӯ мебинад.
Ва чун муридон аз шайх ин суол карданд, ки Буалиро чӣ гуна ёфтӣ, посух дод: Ҳарчи мо мебинем, ӯ медонад.
Ин рубоӣ аз ӯст:
Ман бе Ту даме қарор натвонам кард,
Эҳсони Туро шумор натвонам кард.
Гар бар сари ман забон шавад ҳар мӯе,
Як шукри Ту аз ҳазор натвонам кард.
Соли 1628 дар Порис классики адабиёти бачагона, достоннавис, шоир, мунаққиди фаронсавӣ Шарл Перро таваллуд шуд.
Дар миёни ҳафт фарзанд ў аз ҳама хурдӣ буд. Оилаи Перро кӯшиш мекарданд, ки фарзандони худро таълиму тарбияи хуб диҳанд, аз ин рӯ Чарлз дар синни ҳаштсолагӣ ба коллеҷ дар шимоли Фаронса фиристода шуд. Бо вуҷуди ин, Перро таҳсилро хатм накарда, тасмим гирифт, касби ҳуқуқшиносиро аз худ кунад. Аммо аз ин ҳам зуд дилгир шуд. Дере нагузашта ӯ ёвари бародари меъмораш Клод Перро дар кори сохтмон шуд ва баъдтар ҳамчун муаллифи намои шарқии Лувр машҳур гардид.
Сарфи назар аз он, ки Перро нависандаи сермаҳсул шуд, ба истиснои афсонаҳояш аз ӯ асари хеле кам боқӣ мондааст. Аввалин навиштаи ӯ соли 1653 пайдо шуд. Ин достон бо услуби ҳаҷвӣ «Деворҳои Троя ё пайдоиши Бурлеск» буд, ки барояш шуҳрати чандоне наовард.
Шарлро бештар ҳамчун муаллифи афсонаҳои «Золушка», «Гурбаи мӯзапўш», «Кулоҳсурхак», «Нозанини хуфта», «Риши кабуд» ва ғайра мешиносанд.
Дар соли 1697 маҷмӯаи «Афсонаҳои модар қоз» чоп шуд, ки ба он 7 афсонаи такмилшудаи халқӣ ва як афсонаи худи Перро дохил карда шудааст. Ин афсонаи «Райк -хохолок» буд, ки нависандаро машҳур кардааст.
Маҳз Ч.Перро жанри афсонаҳои халқиро ба адабиёти «воло» ворид кардааст. Афсонаҳои ӯ на танҳо ба адабиёти ҷаҳон таъсир расониданд, балки ба анъанаи «афсона» асос гузоштанд. Пас аз Перро афсонаҳои бародарон Гримм ва Г.Х.Андерсен пайдо шуданд. Баъдан дар асоси сужаҳои афсонаҳои ӯ операву балетҳо офарида шудаанд.
Аз Перро ҳеч асаре ба тоҷикӣ баргардон нашудааст.
Достоннависи бузург 16 майи соли 1703 даргузашт.
Соли 1758 дар Пушкин шоир ва намоишноманависи рус Дмитрий Горчаков ба олам омад.
Аз соли 1807 – узви Академияи Русия ва аз соли 1811 – узви “Суҳбати дӯстдорони каломи русӣ” буд. Дар солҳои 80-ум ӯ як қатор операҳои ҳаҷвӣ навишт, ки дар равияи мазҳакаҳои А.П.Сумароков шиканҷа, ришвахорӣ ва беадолатиро маҳкум кардааст. Дар «Достони русӣ»-и Горчаков «Пламир ва Раида» (1796) тақлид ба асари В.Гёте «Андўҳи Вертери ҷавон» мушоҳида мешавад.
Соли 1823 дар Дрславитс нависандаи олмонӣ Герман Еллинек чашм ба олами ҳастӣ кушод.
Еллинек дар Прага, Лейптсиг, Берлин фалсафа ва илоҳиётро омӯхт ва бо афзоиши нооромиҳои ҷамъиятӣ дар охири солҳои 1840, ӯ ба таври ошкоро изҳори ақидаҳои радикалии худро оғоз кард ва аз муассисаҳои таълимии Лейптсиг ва Берлин хориҷ карда шуд.
Пас аз фурўнишонии Инқилоби Октябри соли 1848 ӯро ба ҳабс гирифтанд, ба таври қатъӣ аз ақида ва изҳороти рўзноманигориаш рў нагардонд, ки дар натиҷа ўро ба қатл маҳкум карда, парронданд.
Еллинек муаллифи китобҳои «Ҳаёт ва таълимоти Уриэл Акоста» (1847), мақолаҳои «Бӯҳрони ҳозираи фалсафаи Гегелӣ» (1847), «Мактубҳои интиқодӣ дар бораи мушкилоти асосии сиёсати Австрия» (1848) ва ғайра мебошад.
Соли 1876 дар Сан-Франсиско нависандаи амрикоӣ, муаллифи ҳикояҳо ва романҳои саргузаштӣ Ҷек Лондон ба дунё омад.
Пас аз чанд вақт, оилаи онҳо ба шаҳри Окленд кӯчид. Бори зиндагӣ хеле барвақт ба дўши Ҷеки хурдсол бор шуд. Дар замони мактабхонӣ рўзнома мефурўхт. Баъди хатми мактаби ибтидоӣ дар синни чордаҳсолагӣ дар комбинати консервбарорӣ ба кор даромад. Кор хеле вазнин ва пурмашаққат буд. Соли 1893, ӯ ҳамчун маллоҳ дар киштии моҳидорӣ ба кор даромад ва ба соҳилҳои Ҷопон ва баҳри Беринг шино мекард. Саёҳати аввал ба Лондон таассуроти зиёд бахшид, ки баъдан барои бисёре аз ҳикояҳо ва романҳои баҳрии ӯ асос гузошт.
Аввалин очерки Ҷек Лондон бо номи «Тӯфон дар соҳили Ҷопон» 12 ноябри соли 1893 нашр шуд, ки ба фаъолияти адабии ӯ оғоз бахшид ва барои он сазовори ҷоизаи аввалини рӯзномаи Сан-Франсиско гардид.
Ҷек Лондон ба Донишгоҳи Калифорния дохил шуд, аммо пас аз чанде сабаби набудани маблағи таҳсил маҷбур шуд, ки онро тарк кунад. Дар баҳори соли 1897 Ҷек Лондон фирефтаи «васвасаи тилло» гардида, ба Аляска рафт. Аз сармоҳои шимолӣ бо тамом сер шуда, соли 1898 ба Сан-Франсиско баргашт. Тақдир ба ҷои тилло ба Ҷек Лондон қаҳрамонони ояндаи асарҳояшро ҳадя кард.
Ӯ дар синни 23-солагӣ, пас аз бозгашт аз Аляска ба омӯзиши адабиёт ба таври ҷиддӣ машғул шуд: аввалин ҳикояҳои шимолии ӯ соли 1899 нашр шуданд ва аллакай дар соли 1900 китоби нахустинаш, маҷмӯаи ҳикояҳои “Писари гург” аз чоп баромад. Пас аз он маҷмӯаҳои ҳикояҳои зерин пайдо шуданд: «Худои падарони ў», «Фарзандони сармо», «Имон ба одам», «Чеҳраи моҳтобӣ», «Чеҳраи гумшуда», инчунин романҳои «Духтари барфҳо», «Гурги баҳрӣ», «Мартин Иден». Нависанда рўзе 15-17 соат меҳнат мекард. Дар натиҷа ӯ тавонист тақрибан 40 китоби арзишманд нависанд, ки аксари онҳо ба анҷинаи адабиёти олам ворид шуданд. Соли 1902 Ҷек Лондон ба Англия сафар кард, ки пас аз он асари «Одамони варта» эҷод шуд. Соли 1907 нависанда ба саёҳати ҷаҳон баромад, ки то он замон, бо шарофати ҳаққи қаламаш, Лондон аллакай як марди сарватманд буд.
Ҷек Лондон 22 ноябри соли 1916 дар шаҳри Глен Эллен даргузашт. Дар бораи марги ӯ низ гӯмагӯҳо зиёданд. Фарзияи аввал истеъмоли аз меъёр зиёди морфин аст, ки табибон чун таскиндиҳандаи дард барояш тавсия дода буданд, чун солҳои охири ҳаёташ аз бемории ҷигар азият мекашид. Вале фарзияи худкушӣ низ дар миён аст. Бисёриҳо мегӯянд вай анҷоми зиндагии Мартин Иден аз романи ҳамномашро барои худ ҳам хоста буд ва маргаш як марги табиӣ набуд.
Соли 1878 дар Будапешт нависанда ва намоишноманависи маҷорӣ Ферентс Молнар таваллуд шуд.
Ферентс дар Донишгоҳи Женева таҳсил кардааст. Пас аз гирифтани риштаи ҳуқуқшиносӣ соли 1896 ба эҷодиёт шуруъ кард. Соли 1940 бошад нависанда ба ИМА муҳоҷират кард.
Ба нашри песаи «Иблис» (1907) муваффақияти аввалин ба даст омад. Асари машҳураш песаи «Лилиом» (1909) мебошад, ки асоси филми ҳамномии Фритс Ланг (1933) ва мусиқии Бродвей «Чархофалак» (1945) гардид. Он соли 1960 бо тарҷумаи русӣ нашр шудааст.
Романҳои «Шаҳри гурусна», «Маҳкумшудагон», «Саргузашти киштии партофташуда», «Андор», «Ҳавво», «Афсонаи нек», «Мусиқӣ» ва «Алвидоъ, ишқи ман», песаҳои «Офитсери гвардия», «Қу», «Гург» (1912), «Бозӣ дар қаср» (1926), «Олимп» (1928), «Попӯшҳо булўрин» (1924), «Мўдҳои мардона», «Осиёби сурх», «Ишқи осмонӣ ва заминӣ» (1922), маҷмӯаҳои ҳикояҳои «Шаҳри гурусна» (1901), «Онҳо ангишт медузданд» (1918), романҳои «Асрори бешаи Арувим» (1917), «Андор» (1918) мансуби ўянд.
Соли 1899 дар Будапешт нависанда, тарҷумон, санъатшинос ва рӯзноманигори маҷорӣ-олмонӣ Адолф Зилберштейн дар синни 53-солагӣ даргузашт.
Дар Донишгоҳи Лейптсиг фалсафа ва тиб, дар Берлин забоншиносии муқоисавӣ, дар Ҳейделберг таърих ва иқтисоди сиёсиро омўхтааст. Фаъолияти худро ҳамчун рӯзноманигор дар Олмон оғоз кардааст. Соли 1877 вай ба Будапешт кӯчид ва дар он ҷо яке аз кормандони пешбари «Pester Lloyd» ва «Journal Neue Pester» шуд.
Аз мақолаҳои танқидии ӯ дар рӯзномаи «Пестер Ллойд» баъдан китобҳои зерин тартиб дода шуданд: «Philosophische Briefe an eine Frau» (1873); «Strategie der Liebe» (3 изд. 1884); «Die Bibel der Natur» (4 изд. 1880); «Dichtkunst des Aristoteles» (1876). Ғайр аз ин, Зилберштейн тарҷумаи ҳоли Рудолф Готшаллро (1868) навишта, эҷодиёти як қатор нависандагони маҷористон (Йокай, Миксат ва ғайра)-ро ба олмонӣ тарҷума кардааст.
Соли 1915 дар Петроград насрнавис, шоир ва тарҷумони шӯравии рус Вадим Шефнер, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Аэлита дар соли 2000 ба олам омад.
Пас аз марги падараш аз бемории сил Вадим Шефнер дар хонаи бачагони Старая Русса тарбия ёфт. Дертар ба Петроград баргашта, омўзишгоҳи касбӣ-техникиро хатм кард. Аввалин таҷрибаҳои адабӣ дар назму наср ва аввалин нашрияҳо дар матбуоти даврӣ ба солҳои 1930 рост меояд. Аввалин китоби пурмазмуни ашъори ӯ соли 1943 дар шаҳри Ленинград ба табъ расида буд.
Наср, назм ва адабиёти бадеӣ барои Вадим Шефнер як хел муҳим буданд, онҳо аз якдигар ҷудо намекард. Насрнавис дар солҳои шастум дар олами адаб хеле машҳур гардид. Дар тамоми ин солҳо эҷодиёти Вадим ба таври васеъ нашр мешуд.
Дар соли 1999 нависанда барандаи ҷоизаи «Паладини фантастика» шуд. Яке аз қуллаҳои мутлақи осори нависанда достони «Хоҳари ғам» мебошад, ки соли 1968 навишта шудааст.
Бисёр асарҳои Вадим Шефнер ба насли наврас нигаронида шудаанд. Эҷодиёти ў имрӯз ҳам талабгори зиёд дорд ва имкон дорад, ки оянда ҳам хонандаи худро меёбад.
Соли 1938 дар шаҳри Хуҷанд адиби тоҷик Додоҷон Раҷабӣ ба дунё омад. Аз соли 1963 бештар аз даҳ китоби қиссаву ҳикоя ва осори драмавӣ навиштааст. Нахустин китоби ҳикояҳои барои бачагон офаридаи ӯ «Дилсӯзӣ» (1963) таҳти таҳрири Нависандаи халқии Тоҷикистон Раҳим Ҷалил аз чоп баромадааст. Дар китобҳои дигари ӯ «Кулчаи зағора» (1974), «Шабе, ки барф меборид» (1978), «Модари нав» (1982), «Борон чағона мезад» (1985), «Сари Роҳи Каҳкашон» (1988), «Лӯъбат ва ҳофиз» (2003) ва ғ. масъалаҳои тарбияи ахлоқи ҳамида дар ниҳоди бачагону наврасон ва ҷавонони навхат, раванди ташаккули характери онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
Қиссаи «Модари нав» дар нашриёти «Детская литература» (Маскав, 1990) ба табъ расидааст. Маҷмӯаи ҳикояҳои «Дилсӯзӣ» дар нашриёти «Мектеп»-и Ҷумҳурии Қирғизистон ба забони қирғизӣ мунташир гардидааст. Драмаи бисёрпардаи «Дастҳоро кушоед!» дар Театри давлатии мазҳакавӣ-мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ саҳнагузорӣ шудааст.
Асарҳои алоҳидаи П. Мериме, Р. Такур, А.П. Чехов, А. Ахматова, М. Зощенко, И. Шамякин, А. Алексин, М. Левин, Е. Симонайтите, К. Абдусаломов ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст.
17 ноябри соли 2012 аз олам даргузашт.
Соли 1949 дар Киото нависанда ва тарҷумони ҷопонӣ Харуки Мураками, барандаи ҷоизаҳои сершумор чашм ба олами ҳастӣ кушод.
Харуки Мураками дар ҷавонӣ ба адабиёти хориҷӣ шавқ пайдо кард.
Соли 1968 ба донишгоҳи бонуфузи Ҷопон дохил шуда, дар факултаи санъати театрӣ таҳсил кардааст. Мураками бо вуҷуди шавқу ҳавас надоштанаш донишгоҳро хатм карда, соҳиби ихтисоси намоишноманавис мешавад. Дар соли 1971 дар ҳаёти ў дигаргуниҳои калон ба амал меоянд, вай бо духтари зебо Ёко вомехўрда, дере нагузашта бо ў издивоҷ мекунад.
Соли 1974 ӯ ба эҷоди романи «Таронаи бодро гўш кун» оғоз кард, ки пас аз 5 сол он рўи нашрро дид. Роман дар байни нависандагони оянда муваффақияти фавқулодда ба вуҷуд овард ва соҳиби ҷоиза гардид.
Дар ҳоли ҳозир Ҳаруки Мураками дар Ҷопон нависандаи маъруф маҳсуб мешавад. Вай барандаи ҷоизаи адабии «Йомиури» аст, ки ба муаллифон ба мисли Кобо Абэ, Кензабуро Ое ва Юкио Мишима онро сазовор шудаанд. 28 майи соли 2009 романи «1Q84» дар Ҷопон ба фурӯш гузошта шуда, давоми як рӯз фурӯхта шуд.
Асарҳои «Сарзамини аҷиб бе монеъа ва охирзамон1Q84», «Кафка дар соҳил», «Бешаи Норвегия», «Шикори гўсфандон» мансуби ўянд.
Соли 1960 дар шаҳри Мелбурн нависанда ва муҳандиси ҳавопаймоии англисӣ Невил Шют дар синни 60-солагӣ дар мошини ёрии таъҷилӣ, аз сактаи қалб даргузашт.
Романҳои Невил Шют аз ҷумлаи “Роҳи танҳоӣ” (1932), аввалин романи нависанда, ки аллакай муваффақ буд; «Чаробон» (1944) – дар бораи зиндагии халабони ҳарбӣ нақл мекунад; «Калламушгир» (1942) – дар бораи наҷоти кӯдакон дар давраи Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ дар Фаронса; “Шаҳре мисли Элис“ (1950) – ки ба бестселлер дар саросари ҷаҳон табдил ёфт ва то имрӯз батакрор нашр мешавад; «Дар мавсими боронӣ» (1953) – ки воқеаҳои он дар миёнаҳои солҳои 80-уми асри 20 сурат мегиранд; “Тағйири марҳила” (1951) ва ғайра. Дар маҷмӯъ, Шют 23 роман эҷод кард, ки дар маҷаллаи амрикоии «Time» дар таъзияи маргаш ӯро «муаллифи серхаридортарин китобҳо миёни нависандагони беҳтарини муосири бритониёӣ» номид.
Соли 1976 дар Уоллингфорд нависандаи инглис Агата Кристи, маликаи достонҳои детективӣ дар синни 85-солагӣ аз дунё гузашт. Пажӯҳишгари маъруфти тоҷик Обид Шакурзода дар мақолаеро дар бораи Агата Кристӣ бо номи “Малиҷаи ҷиноят” ё шаҳбонуи қаламрави адаби ҷаҳон” интишор дод ва гуфт: “беш аз чаҳор миллиёрд китоб аз ӯ нашр шудааст”.
Агата Кристи дар шаҳри Торкии Шаҳристони Девон дар оилаи сарватманд ба дунё омада, дар хона таҳсили хуб, бахусус мусиқӣ гирифт.
Дар давоми Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ Агата Миллер дар беморхонаи ҳарбӣ ҳамчун ҳамшираи шафқат кор карда, дорусозиро аз худ кард ва ба шарофати он заҳрҳоро омўхт, ки баъдтар дар эҷоди романҳои детективӣ истифода бурд.
Нависандаи ҷавон бовар дошт, ки хонандагон нисбат ба зан будани муаллифи қиссаҳои детективӣ таассуб хоҳанд дошт ва мехост тахаллуси Мартин Вест ё Мостин Грейро бигирад. Вале ношир бо исрор ба пешниҳод кард, ки ному насаби худро нигоҳ дорад ва ӯро бовар кунонд, ки Агата номи нодир ва хотирмон аст.
Соли 1920 Кристи аввалин ҳикояи детективии худро бо номи “Ҳодисаи пурасрор дар Стайлз» нашр кард. Дар ин ҷо Кристи бори аввал детективи ҳаваскор Эркюл Пуароро, ки аз ҷониби хонандагон маҳбуб гашт ва баъдтар қаҳрамони 25 романи детективиаш гардид, шиносонд. Дар миёни романҳое, ки Пуаро ҷиноятҳоро бо муваффақияти доимӣ мекушояд, достони «Куштори Роҷер Акройд» детективии классикӣ мебошад.
Кристи ҳамчун драматург низ муваффақияти калон ба даст овардааст – 16 песаи ӯ дар Лондон ба саҳна гузошта шуда, аз рўйи баъзеи онҳо филм ба новор гирифта шудааст. Махсусан, «Шоҳиди муддаӣ» ва «Доми муш», ки соли 1952 дар Лондон ба саҳна гузошта шуда, дар таърихи театр аз ҳама бештар намоиш дода шудаанд, муваффақ буданд.
Соли 1971 Агата Кристи барои дастовардҳояш дар соҳаи адабиёт бо ордени Империяи Бритониё дараҷаи 2 сарфароз гардонида шуд.
Муаллифи беш аз сад ҳикоя, 17 песа, беш аз 70 романи детективӣ, ба даҳҳо забон тарҷума шудааст.
Маъруфтарин романҳои ӯ: «Куштор дар хонаи викария», «Н ё М?», «Даҳ зангии хурдакак», «Асрори оташдонҳо», «Марг дар Нил», «Рӯзи ёдбуд», «Панҷ хукбача», «Марг дар абрҳо» ва ғайра мебошанд.
Аз Агата Кристи дар ТЕЛЕГРАМКАНАЛИ мо ин китобро метавонед бихонед: АГАТА КРИСТИ
Соли 1986 дар Сен-Совер-сюр-Экол нависанда, очеркнавис, адабиётшинос ва рӯзноманигори фаронсавӣ Марсел Арлан, барандаи Ҷоизаи Гонкур (1929), сармуҳаррири маҷаллаи Nouvelle Revue Francaise (New French Review, NRF) дар синни 86-солагӣ даргузашт.
Вай дар синни сесолагӣ падару модарашро аз даст дод, ки ин дар тамоми ҳаёти ояндаи ӯ ва ангезаҳои эҷодкориаш асар гузошт. Дар услуби адабии ӯ адибони ба гурӯҳи ахлоқшиносони фаронсавӣ, аз қабили Блез Паскал, Жан де Ла Бруер, Стендал ва дигарон таъсир гузоштаанд.
Ба Арлан барои романи таълимии L’Ordre, ки дар соли 1929 ҷоизаи Гонкур дода шуд, имкон дод, ки касби омӯзгории худро тарк кунад ва дар Франсезаи Nouvelle Revue, ки таҳти сарварии нависандаи фаронсавӣ Жан Полҳан аст, ба кори доимӣ оғоз кунад.
Соли 1952 сазовори «Ҷоизаи бузурги адабии Академияи Фаронса» ва соли 1960 «Ҷоизаи бузурги миллӣ барои тамоми эҷодиёт» гардид.
Пас аз марги нависанда дастнависҳо ва мукотибаи ӯ ба китобхонаи Жак Дусет интиқол дода шуданд.
Соли 1991 дар Рум нависанда, шоир, филмноманависи итолиёвӣ Васко Пратолини, барҷастатарин намояндаи неореализм дар адабиёти баъдиҷангии Италия дар синни 77-солагӣ вафот кард.
Васко Пратолини дар Флоренсия дар оилаи камбизоат таваллуд шудааст. Дар айёми ҷавонӣ ба корҳои гуногун машғул буд, мустақилона таҳсил мекард. Пратолини ба бемории сил гирифтор шуда, ду сол дар санаторияҳои шимолии Италия буд. Дар давоми чанд даҳсола ба адабиёт ва фарҳанг, бахусус радио ва синамо машғул буд; Бо эътирофи васеъ сазовори мукофотҳои сершумори Италия ва байналмилалӣ гардид. Пратолини дар асри ХХ намунаи нодири нависандаи худомӯз гардид ва аз худ микдори таъсирбахши асарҳои насрию назмӣ гузоштааст. Нахустин маҷмуаи ӯ «Қолини сабз», ки наср ва назмро дар бар мегирифт, соли 1941 нашр шуд. Пас аз он достони «Кўчаи де’ Магаддзини» (1943) нашр шуд, ки муваффақтарин асари адабии ӯ гардид. Пратолини бо романи худ «Маҳалла» (1944) ба адабиёти бузург ворид шуд, ки он ибтидои сафари дуру дарози эҷодӣ гардид. Пас аз он дар соли 1947 романи «Солномаи оилавӣ» пайдо шуд. «Достони ошиқони бечора», ки соли 1947 низ нашр шудааст, аз ҷониби бисёре аз мунаққидон намунаи аввалини неореализм дар адабиёти итолиёвӣ дониста мешавад. Соли 1949 романи «Қаҳрамони замони мо» нашр шуд, ки ба ақидаи мунаққидон, он муваффақ набуд. Дар достони «Духтарон аз Сан-Фредиано» низ повест ба хотираҳои ҷавонии муаллиф такя мекунад. Бо романи «Метелло», ки соли 1955 нашр шудааст, Пратолини сегонаи «Таърихи Италия»-ро оғоз мекунад. Он як ҳикояи калони бадеист, ки давраи аз охири асри XIX то солҳои шастуми асри бистумро дарбар мегирад. Ба он инчунин романҳои «Исрофкорӣ» (1960) ва «Ишора ва масхара» (1966) дохил мешаванд. Пратолини дар баробари кор дар сегона, романи “Муқовимати ақл”-ро (1963) эҷод мекунад . Ин яке аз беҳтарин асарҳои нависанда аст, аз ҷумла аз нигоҳи забон ва услуб ба шумор меравад.
Соли 2015 адиби тоҷик Одина Мирак аз дунё гузашт. Ашъораш дар маҷмӯаҳои «Боздид» (1981), «Гули орзу» (1984), «Забони дил» (1988), «Шукуфаи ҳавас» (2001), «Гули нав» (2003), «Мӯъминободнома» (2005), «Чашмаи Офтоб» (2008) ва ғайра ба табъ расидаанд.
Маҷмӯаҳои шеърии Н. Гончаров «Кайҳоннавард мешавам» ва Ф. Дзержинский «Шамолаки форам»-ро аз русӣ ба тоҷикӣ гардондааст. Дар тарҷумаи ашъори А.С.Пушкин, М.Ю.Лермонтов, Т.Г.Шевченко, Ғ.Ғулом, Й.Милев, Қ.Оразов, О.Чорӣ, У. Султонов ва дигарон иштирок доштааст.
Соли 2017 дар Бетезда, Мэриленд нависанда, филмноманавис ва коргардони амрикоӣ Уилям Питер Блатти дар синни 89-солагӣ аз бемории миелома даргузашт.
Уилям Питер Блатти 7 январи соли 1928 дар Ню Йорк дар оилаи муҳоҷири лубнонӣ таваллуд шудааст. Вақте ки нависандаи оянда шашсола буд, падараш онҳоро тарк кард. Вилям ва модараш зуд-зуд ба ҷои дигар мекӯчиданд. Блатти пеш аз дохил шудан ба Донишгоҳи Ҷорҷтаун ва баъдан дар Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон, ки дар он ҷо адабиёти англисиро меомӯхт, дар чанд мактаби динӣ таҳсил кардааст. Барвақт бори рўзгор ба дўши ў афтид: ронандаи боркаш, фурушандаи сайёр ва муҳаррири рўзномаи маҳаллӣ буд.
Асарҳои «Навраси азиз», «Кадом роҳ ба Макка меравад, Ҷек?» мансуби ӯянд. Баъдтар нависанда ба навиштани сенарияҳои филмҳои мазҳакавӣ шурӯъ кард, сипас бо коргардон Блейк Эдвардс ҳамкорӣ кард ва яке аз филмноманависони пешбари Ҳолливуд шуд. «Одам аз клуби зиёфат», «Тир дар торикӣ», «Лайлии дилкаш», «Ганн», «Дар ҷанг чӣ кор кардӣ, падар?» – филмҳоеанд, ки Блатти дар эҷодашон кор кардааст.
Уилям дар як рӯз аз чордаҳ то ҳаждаҳ соат кор мекард. Пас аз нӯҳ моҳ, романи «Изгоняющий дьявола»-ро омода кард. Моҳи майи соли 1971 он аз ҷониби Harper & Row нашр шуд. Фурӯш он қадар пеш намерафт, то он даме, ки нависанда дар шоуи Дик Каветт баромад кард: бо кадом сабабе Блатти меҳмони ягонаи намоиш буд ва тавонист дар тӯли чилу панҷ дақиқа дар бораи романи худ нақл кунад. Дар натиҷа, китоб ба бестселлер табдил ёфт ва дар саросари ҷаҳон тақрибан сад бор нашр шуд. Соли 1973 филм бо ҳамин унвон аз ҷониби коргардон Вилям Фридкин ба намоиш гузошта шуд.
Баъд аз он Уилям Блатти асосан асарҳояшро дар жанри даҳшат ва асрор эҷод кард. Нависанда бо занаш дар Калифорния зиндагӣ мекард, ӯ падари ҳафт фарзанд буд.
Таҳияи Сафаргул ҲУСАЙНОВА