Китобхонаи миллӣ фаъолияти яксолаи худро ҷамъбаст кард

Ҷумахон ФайзализодаДар соли 2023-юм 71355 нусха адабиёт ба маблағи умумии 948780 сомониву 97 дирам ба Китобхонаи миллӣ ворид ва мавриди коркард қарор гирифтааст. Дар ин бора директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи Президенти Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода иттилоъ дод.

Директори Китобхонаи миллӣ, ки дар ҷаласаи ҳисоботии солонаи Китобхона сухан мегуфт, иброз дошт, ки соли гузашта дар маҷмуъ 71355 нусха адабиёт ба маблағи умумии 948 ҳазору 780 сомониву 97 дирам ба Китобхонаи миллӣ ворид карда шуд.  Кормандони шуъбаи мукаммалгардонии фонд 5355 нусха китобҳои ҳатмӣ, 42268 нусха адабиёти туҳфашуда аз шахсони алоҳида, 1117 нусха китоб аз сарчашмаҳои гуногун, 334 нусха маҷаллаи обунавӣ ва ҳамчунин 232 нусха китоб аз сафоратхона ва ташкилоти хориҷиро  сабт кардаанд.

Ҷаласаи ҷамъбасти фаъолиятҳои соли гузаштаи Китобхонаи миллӣ нимаи аввали рӯзи гузашта бо ҳузури сарварон ва кормандони он доир гардид.

Профессор Файзализода дар идомаи суханронии худ аз узвияти 11 ҳазори 643 нафар ба Китобхонаи миллӣ дар соли 2023 хабар дод. Вай иброз дошт, ки донишҷуёни макотиби олӣ, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, кормандони корхонаҳои давлатӣ, маъюбон, шаҳрвандони хориҷӣ ва хонандагони муқаррарӣ аксариятро ташкил медиҳанд.

Директори Китобхонаи миллӣ бо таваҷҷуҳ ба афзоиши сафаи хонандагон ва китобҳои дархостшуда, иброз дошт, ки соли гузашта   146 ҳазору 993 нафар хонандагон вориди толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ шуда, 179 ҳазору 489 китоб ва 29 ҳазору 823 маводи электронӣ дархост кардаанд.

Директори Китобхонаи миллӣ фаъолияти яксолаи муассисаро пурраву ҳамаҷониба таҳлил намуд, ҳамчунин аз мушкилоту камбудиҳо низ гуфт ва таваҷҷуҳи масъулинро рафъи камбудиҳои ҷойдошта дар соли 2024 ҷалб намуд.

Раиси Иттифоқи касабаи кормандони Китобхонаи миллӣ Ёқуб Бобохонов зимни сухаронии худ иброз дошт, ки  Кумитаи иттифоқи касабаи кормандон дар доираи имконият кормандони Китобхонаро дастгирӣ кардааст. Аз ҷумла, ба 9 нафаре, ки ба синни нафақа расиданд, туҳфаи хотиравӣ тақдим гардида, дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз барои кормандон дастархони идона оростааст. Ҳамчунин дар идҳои саиди Фитр ва Қурбон низ ба кормандон маводи ғизоӣ харидорӣ ва кӯмак расонидааст.

Дар ҷаласа ҳамчунин муовинони Директори китобхонаи миллӣ Сайфиддин Камолзода, Ҷалолуддин Нурзода ва Зафар Сайидзода суханронӣ ва аз фаъолияти яксолаи ниҳодҳои Китобхонаи миллӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.

Матни комили суханронии Директори Китобхонаи миллӣ, профессор Ҷумахон Файзализода дар ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти муассиса дар соли 2023 ин ҷост:

СУХАНРОНИИ ДИРЕКТОРИ КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ ПРОФЕССОР ҶУМАХОН ФАЙЗАЛИЗОДА

Наргис НАЗАРЗОДА

  • Маърўзаи директор_09
    Маърўзаи директор_09
  • Маърўзаи директор_08
    Маърўзаи директор_08
  • Маърўзаи директор_07
    Маърўзаи директор_07
  • Маърўзаи директор_06
    Маърўзаи директор_06
  • Маърўзаи директор_05
    Маърўзаи директор_05
  • Маърўзаи директор_04
    Маърўзаи директор_04
  • Маърўзаи директор_03
    Маърўзаи директор_03
  • Маърўзаи директор_02
    Маърўзаи директор_02
  • Маърўзаи директор_01
    Маърўзаи директор_01