Китоби нав аз Самарқанд. Шариф Халил: “Ҳамеша бо Ватан

Ҳамеша-бо-ВатанКитоби адиби тоҷики муқими Самарқанд “Ҳамеша бо Ватан” ба теъдоди 8 нусха ба Китобхонаи миллӣ расид. Ин китоби охири соли гузашта дар нашриёти “Маҳорат”-и шаҳри Самарқанд нашр шудааст. Маҷмуа беҳтарин қаламиҳои публитсистии адиб ва рӯзноманигори тоҷик Шариф Халилро фаро гирифтааст, ки дар жанр ва мавзӯъҳои гуногун нигошта шуда, аз рӯзгори арзишманди як идда шахсиятҳои маъруф, мушкилоти рӯзгори мардуми меҳнатқарин ҳикоят мекунад.

Тавре дар муаррифии китоб омадааст, “ин навиштаҳо дар матбуоти тоҷикии ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон нашр шуда, бори нахуст дар шакли китоби алоҳидае ба дасти хонандаи нозукбин мерасанд”.

Адиб ва рӯзноманигори тоҷик, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Шариф Халил 23 – юми январи соли 1973 дар деҳаи Бибиширини ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарё дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Соли 1990 мактаби рақами 33-и ба номи Садриддин Айниро хатм карда, ба факултети филологияи тоҷики донишгоҳи давлатии Самарқанд дохил мешавад. Соли 1991 таҳсили олии худро дар факултаи журналистика ва тарҷумонии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон идома медиҳад. Солҳои 1994-1995 ба ҳайси муҳаррири бахши иқтисодии радиои «Садои Душанбе» кор кардааст.

Шариф Халил пас аз хатми донишгоҳ дар нашрияҳои «Бойсун», «Садои Сурхон», «Бохтар» ва «Ховар» кор мекунад ва дар оғози солҳои 2000-ум муддате бо радиои «Озодӣ» ҳам ҳамкорӣ менамояд.

Ӯ дар канори шуғли рузноманигорӣ ба эҷоди асарҳои бадеӣ низ сару кор мегирад. Нахустин бор ҳикоя, новелла ва достонҳои хурди адиб дар китоби «Дар пошнаи кӯҳи баланд» гирд меоянд, ки соли 2016 аз тариқи нашриёти «Тамаддун»- шаҳри Тошканд ба табъ расидааст. Китоби дувуми худро иборат аз ҳикоя ва новеллаҳои нав бо номи «Ширмолаҳои маҳтобӣ» соли 2018 дар нашриёти «Адиб»-и Душанбе ба чоп мерасонад. Соли 2019 қаламиҳои тозаи ӯ дар маҷмӯаи дастаҷамъии «Се барги сабз» аз тариқи нашриёти «Ноширлик ёғдуси»-и шаҳри Тошканд ба табъ расидаанд.

Соли 2018 се новеллаи ӯ дар маҷмӯаи дастаҷамъии даҳ нависандаи тоҷики ӯзбекистонӣ, ки бо номи «Суғдиёна» аз тариқи нашриёти «Ақли сурх»- и шаҳри Стокголми  кишвари Шветсия нашр шуда буд, ҷой гирифтааст.

Шариф Халил 28-уми июни соли 2017 ба узвияти иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуд. Моҳи ноябри соли 2022 ба ҳайси хабарнигори рӯзномаи «Овози тоҷик» дар вилояти Қашқардарё ба кор оғоз кард. Алҳол дар шаҳри Тирмизи вилояти Сурхондарёи ҷумҳурии Ӯзбекистон маскун аст.

Фарзона Шарифова,
шуъбаи мукаммалгардонии фонд.