Иосиф Калонтаров – ихтироъкори маъруфе, ки кам мешиносем
Калонтаров Иосиф Ёкубович 27 декабри соли 1933 дар Тошканд ба дунё омадааст. Муҳандис, кимиёдон, технолог ва публитсист. Доктори илмҳои техникӣ (1972). Узви вобастаи Академияи байналмиллалии муҳандисӣ (1992). Ихтироъкори хидматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1983). Ходими хизматнишондодаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994). Хатмкардаи факултаи кимиёю технологияи Донишкадаи нассоҷии Ленинград ба номи С. М. Киров (1956).
Солҳои 1958-69 аспирант, котиби илмӣ, ходими калони илмии Институти кимиёи АИ ҶШС Тоҷикистон, аз соли 1969 мудири лабораторияи полимерҳои нахҳосилкунандаи ҳамин институт ва профессори кафедраи кимиёи органикии УДТ ба номи В. И. Ленин (ҳоло ДМТ) буд. Муаллиф ва ҳаммуаллифи 6 монография, 300 мақолаи илмӣ, 100 шаҳодатнома, ҳамчунин патентҳо барои ихтиоорот. Асарҳои асосии Калонтаров ба модификатсияи кимиёии нахҳои аслӣ ва синтезӣ, ба таъсири равшанӣ ва гармӣ тобовар намудани масолеҳи нахӣ ва ранги он бахшида шуданд. Усули нави ранг кардани масолеҳи нахро, ки дар натиҷа байни нах ва моддаи рангкунанда банди мустаҳками ковалентӣ ҳосил мешавад, кашф ва онро дар саноати бофандагӣ татбиқ кард.
Таҳти роҳбарии Калонтаров, усули дар асоси полимерҳо ва ҳамполимерҳое, ки гурўҳи нитрил доранд, ҳосил кардани нахҳои дар сохтор рангшуда таҳия шуд.
Оид ба ҳаёт, корнома, таъриху фарҳанги яҳудиёни бухороӣ таълифоти бисёр дорад. Муовини раиси Бюрои патентию иҷозатдиҳии Прездиуми АИ ҶШС Тоҷикистон, раиси Шўрои патентию техникии назди Шўрои ҷумҳуриявии ихтироъкорон ва навоварон буд.
Дорандаи медал, Грамотаи Фахрии Президиуми Шўрои Олии ҶШС Тоҷикистон. Аз соли 1995 дар ИМА кор ва зиндагӣ мекунад.
Бозчоп аз Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2020. – Ҷ. 9. – С. 306.
Муаллиф: А. Раҳмонқулов
Таҳияи: Марзия Зардодхонова
Корманди шуъбаи библиографияи миллӣ