Бо бачаҳо. Афсонаҳои молиявӣ. Идома

Афсонаҳои молиявӣИн китоб бо номи “Афсонаҳои молиявӣ барои бачаҳо” соли 2021 чоп шудааст.  Муаллифон Е.Е.Фролова ва Е.В. Кармадонова буда, Раҳмоналӣ Мирализода аз русӣ ба тоҷикӣ тарҷума кардааст. Муҳаррир Беҳрӯзи Забеҳулло.

Тавре аз номаш пайдост, ҳадафи муаллифон бо равиши ҳикоя масъалаҳои молиявиро ба атфол омӯзонидан аст.

Ҳикоёти ин китобро, ки басо омӯзанда аст, якояк пешкаши хонандагони навраси худ мекунем.

ЧӢ ТАВР ХОРПУШТАК ТАНГААШРО ИВАЗ КАРД?

Як рўзи офтобии баҳор Хорпуштак қарор дод, ки ба дўстонаш тўҳфаҳо тақдим кунад. Дар фикр афтод, ки Санҷобак чиро аз ҳама бештар дўст медошта бошад, таваҷҷўҳи Харгўшакро бо чӣ ҷалб намояд ва Юрмонро  бо чӣ ҳайрон кунад? Фикр кард-фикр кард  Хорпуштак, ҳеҷ фикри хубе дар зеҳнаш наёмад. «Дар бозор туҳфаҳои гуногун бисёр аст, ҳамон ҷо интихоб мекунам», – хулоса кард ў. Хорпуштак  вориди бозор шуд. Бозор аз шириниҳову бозичаҳо пур буд, сюрприз дар ҳама ҷо ҳаст! Дар ҳар гўшаи бозор савдогарон харидонро ба тамошои муъҷизаҳо даъват мекунанд: «Пеши мо биёед, пеши мо. Ана муъҷизаву мана муъҷиза! Э, даҳонатон во-о-оз мемонад!». Хорпуштак бозорро  чарх задаву ба ин чизу он чиз диққат мекард, дар дилаш ба молҳо нарх мегузошт. Себҳои фурўшии Харгўшро бисёр писандид. Ба Харгўш танга дароз кард, вале Харгўш эътироз кард: «Бо ин тангаи фарсудаат ман ба ту себ намефурўшам. Ягон тангаи дигар бидеҳ!». Хорпуштак тааҷҷуб карда дид, ки тангааш да ҳақиқат фарсуда аст.Тангаро дубора ба ҷайбаш андохта, роҳашро идома дод. То дари дукони Қашқалдоқ расид Қашқалдоқ  себҳои сурхи расида, тутҳои лазизи ҷангалӣ ва шириниҳоро ҷудо мекард. Хорпуштак тангаро ба Қашқалдоқ дароз кард. Нагирифт: «Тангаат фарсуда аст»,- эътироз кард вай.Хорпуштаки бечора тангаро ба ҳар касе, ки медод, боз мегирифт.Аз ҳама мепурсид, ки тангаашро дар куҷо метавонад иваз кунад, ҳеҷ кас ҷавобашро намедонист.

Хорпуштак аз сабаби он, ки бо ин тангааш наметавонад ба дўстонаш туҳфа бихарад, бисёр зиқ шуд. Сараш хам роҳ мерафт, ҳатто ба ин сўву он сў нигоҳ ҳам намекард. Як вақт дар рў ба рўяш Хирсро дид. Хирс Ҳорпуштакро зиқ дида, ҳолпурсӣ кард: «Чӣ шуд, Хорпуштак, барои чӣ зиқӣ?». Хорпуштак қиссаро ба Хирс нақл кард: «Ман як танга дорам, лекин ҳеҷ касс онро намегирад, барои он ки фарсуда аст».

«Зиқ нашав», – тасалло дод Хорпуштаро Хирс,-о, ягон фоҷиа набудааст-ку! Ба бонк, ба назди Буми хирадманд бирав.Ў тангаи туро иваз мекунад.Танҳо мушкил ҳамин аст, ки роҳ то бонк дарозу печ дар печ ва ту бояд аз миёни бешазори анбўҳ гузарӣ. Аммо ин кор арзиши ин ҳама заҳматро дорад. Охир, ту он гоҳ метавонӣ барои дўстонат ширинӣ бихарӣ!»,-маслиҳат дод Хирс.

Хорпуштак аз мушкилии роҳи дароз наҳаросид. Аз ин хушхабар он қадар хушҳол шуд, ки қариб буд ба Хирс «ташаккур» гуфтанро фаромўш кунад. Давон-давон ба Хирс «ташаккур» гуфта, роҳи бонкро пеш гирифт. Ў бешаи анбўҳро убур карда, суруд мехонд:

Ман Хорпуштам, Хорпуштак,

Танга дорам дар муштак.

Ба сўи бонки калон

Меравам давон-давон.

Меравам,то беташвиш

Тангаро кунам алиш.

Баъдан рафта дар бозор

Мехарам чизи бисёр.

Савғотию туҳфаҳо,

Аз барои ҷураҳо!

Хорпуштак хост, ки як бори дигар тангаи фарсудаашро аз назар гузаронад: «Барои чӣ онро ҳеҷ кас дар бозор нагирифт?». Роҳравон чашмаш танҳо ба тангааш буд, ба пеши пояш нигоҳ намекард. Ногоҳ пояш ба як реша печида, аз баландӣ ғелон-ғелон поин афтод. Аз ҷо бархоста баданашро афшонд, вале дид, ки танга дар дасташ нест. Ҳамин қадар ки ҷустуҷў кард, тангаро наёфт. Рўи кундае нишасту шурўъ кард ба гиря кардан. Ин лаҳза аз наздаш Алошақшақа парвоз карда мегузашт. Вай гиряи Хорпуштакро дида ба наздаш омад.

«Хорпуштак, Хорпуштак, ту барои чӣ гиря мекунӣ?» – пурсид Алошақшақа.

«Барои чӣ гиря накунам? Охир ман тангаамро гум кардам, дигар наметавонам ба дўстонам туҳфа бихарам»,- ҷавоб дод Хорпуштак. «Ба ман ёрӣ деҳ, ки тангаамро ёбам, ака, ту чашмони тез дори-ку, ба ҳама ҷо мепарӣ, ҳама чиро мебинӣ», – илтимос кард Хорпуштак.

Алошақшақаи маккор гуфт: «Ман чӣ хел ба ту ҳамин тавр ёрӣ медодаам? Ба ивази хизматам ягон чиз бидеҳ».

«Ман ҳеҷ чиз надорам, – гуфт Хорпуштак, – як танга доштам, ки ҳамонро ҳам гум кардам».

«Ту хабарҳоеро ба ман бигў, ки ман онҳоро надонам»,- пешниҳод кард Алошақшақа.

Ҳар хабареро, ки Хорпуштак мегуфт, Алошақшақа ҷавоб медод, ки «ин дигар гапи нав нест, ман инро кайҳо медонистам». Хорпуштак зиқ шуд: «Эҳ, сабил монад, ман дигар ягон хабари нав намедонам». Аҷаб коре. Алошақшақа на кори Хорпуштакро буд мекунад, на парида меравад. Хорпуштаки бечора ҳайрон мондааст, ки Алошақшақа аз вай чӣ мехоста бошад?

Ҳисси кунҷковии Алошақшақа ғалаба кард: «Канӣ, ба ман бигў, Хорпуштак, ту бо ин танга ба куҷо мерафтӣ, онро барои кӣ мебурдӣ?»

Хорпуштак хушҳол шуд. Хушҳол шуд, ки дар бораи ба бонк рафтанаш ба Алошақшақа чизе  нагуфтааст.

«Ин гап бароят хабари нав мешавад! – дар ҷояш  қапид  Хорпуштак Алошақшақаи маккорро, –  Аз гапат намегардӣ?».

«Қабул, қабул!» – қиғғос зад Алошақшақа бесаброна.

Хорпуштак сурудашро бори дигар хонд:

Ман Хорпуштам, Хорпуштак,

                        Танга дорам дар муштак.

                        Ба сўи бонки калон

                        Меравам давон-давон.

                        Меравам,то беташвиш

                        Тангаро кунам алиш.

                        Баъдан рафта дар бозор

                        Мехарам чизи бисёр.

                        Савғотию туҳфаҳо,

                        Аз барои ҷўраҳо!

Маълум шуд, ки Алошақшақа тангаро кайҳо боз ёфта будааст, вале нахостааст, ки онро бе нағмаи зиёдатӣ ба Хорпуштак бидиҳад. Тангаро ба Хорпуштак  дода, барои расонидани хабари нав ба дигарон Алошақшақа парида рафт. Хорпуштак тангаро ба ҷайбаш андохта, аз миёни бешаи анбуҳ роҳашро ба с            ўи бонк давом дод.

Дар бонк Мағрури Хомўш Хорпуштакро  хурсандона  истиқбол кард. Хорпуштак ҳам ҳамаи ноомади корашро ба Бум нақл кард. Мағрури Хомўш баъд аз шунидани саргузашти Хорпуштак тангаи фарсудаашро бо ҳамон гуна тангаи наппа-нав  иваз кард . Хорпуштак бениҳоят хушҳол шуд. Охир ў акнун метавонад дўстонашро бо тақдими ширинӣ хурсанд кунад. Ба  Бум изҳори миннатдорӣ карда,  сўи бозор барои харидани  ширинӣ  шитофт.

Шомгоҳон  ҳамаи дўстон ба хонаи Хорпуштак ба меҳмонӣ омаданд.Туҳфаҳои ширини Хорпуштак дўстонро бисёр шод намуд.Ҳама якҷоя шодиву бозӣ карданд. Хорпуштак ба Санҷобаку, Харгўшаку Юрмонча  ҳодисаҳои  бар  сараш омадаро нақл кард. Чӣ тавр дар бозор тангаашро  нагирифтанд, чӣ тавр дар ҷангал тангаашро гум кард, чӣ тавр дар бонк  ба ў кўмак карда, тангаашро иваз намуданд, хулоса ҳама-ҳамаашро ба ҷўраҳояш нақл кард.

Дере  нагузашта хабари дар бонк иваз  кардани  тангаи фарсудаи хорпуштак бо тангаи нав дар тамоми ҷангал паҳн шуд. Аккаи дузд ин хабарро ба ҳама ҷонварони ҷангал расонд. Ҳама ба вай барои расонидани ин хабари нав «ташаккур» мегуфтанд.

Таҳияи  Садоқат Шогунбекова,
мутахассиси пешбари шуъбаи

адабиёти кўдакон ва наврасон.