Тантанаи Наврўзи дар Бадахшон
Чун Наврӯзи оламаафрӯз дар фасли зеботарини сол баҳори таҷлил карда мешавад, дар бисёр маврид васфи он бо баҳор сурат гирифтааст. Бояд гуфт, ки васфи Наврӯз аввалан дар осори фолклори мардумӣ мақом пайдо кард ва баъдҳо ба дабиёти китобӣ ворид гардидааст.
Наврўз («Хидирайём») аз зумраи ҷашнҳои қадима маҳсуб гардида, ба қавле, пайдоиши он ба замони Ҳазрати Одам ва Каюмарс, ба пиндори дигар, ба даврони Ҷамшед, ба фикри саввумӣ ба замони Ҳазрати Сулаймон ва ба қавли чаҳорумӣ ба асри зардуштиён рост меояд ва боз андешаҳое ҳам роиҷанд, ки таърихи зуҳури ин ҷашнро ба навъи дигартаре бозгў сохтаанд. Наврўз рукнҳои махсуси худро дорад. Хонаҳоро пок кардан ва хўрокҳои болаззат пухтан имрўз дар ҷашни Наврўз то ба имрўз ҷорӣ аст. Дар афкори мардум ин андешаи марбут ба ид ҳамеша чархон аст, ки дар Наврўз ҳамаи мардум, ҳар ҷо ки бошанд, ба хонаи хеш бозмегарданд.
Ҷунончӣ Ҳаким Умари Хайём менависад: «Ҳар ки рўзи Наврўз ҷашн кунад ва ба хуррамӣ пайвандад, то Наврўзи дигар умр дар шодмонӣ ва хуррамӣ гузорад».
Барои ҳамин одамон мекўшанд, ки дар иди Наврўз ба ҳамдигар фақат сухани хубу гуворо гўянд, ғазаболуд нашаванд, ғамгин нагарданд, кинаву адоват, бадбиниро аз қалбҳои худ берун созанд, орзуҳои нек кунанд, ба ҳамдигар хушиҳоро таманно намоянд. Хуллас, аз кору сифату амалҳои бад куллан парҳез менамоянд, то ин сифатҳо ҳамроҳи эшон ба соли нав интиқол наёбанд.
Суннат ва амалҳои Наврўз хеле зиёданд ва аксарияти онҳо дорои рамзҳои хоса мебошанд. Баъзе рукнҳои наврўзӣ ҳатто вақту соати муайяни иҷро доранд ва бидуни он вақту соати муайяншуда пиёда кардани ин амалҳоро пешомади бад ва фоли нохуб арзёбӣ мекунанд. Масалан, дар Наврўзи Бадахшон ин суннатҳо «соати иҷро» – и худро доранд: идона баровардан, ҷорўббандӣ, боҷ – алимов пӯхтан (шуғн.- як навъ хўрданиест, ки аз ғаллаи кўфташуда ва гўшт тайёр карда мешавад), хонатаконӣ, рўзи салом-салом ва ғайра.
Яке аз рукнҳои Наврўзи Бадахшон «Чидирдед» (шуғн. –«чидир» -чангу ғубор, «дед» – такондан, хонатаконӣ) мебошад. Аммо ин хонатозакунии муқаррарӣ набуда, қоидаҳои махсуси худро дорад. Чидири хонаро асосан занҳо ба ўҳда мегиранд ва тамоми бурҷу шифту фарши хонаро бо ҷорўбҳои махсус, ки саҳарии барвақт аз тарафи ҳамсояҳо баста шуда буданд (дуто савора – ба чуб басташуда ва дуто пиёда- бе чуб), тоза мекунанд. Он ҷорўбҳоро баъди тоза кардани хона ба воситаи равзан ба боми хона мепартофтанд. Ба воситаи дари хона бароварда намепартоянд, чаро ки ғуборе, ки бо онҳо тоза карда шуд, чун «балои соли кўҳна» фаҳмида мешавад. Баъд бо орд дар рўи тирчўбҳо, сутунҳо гулҳо месозанд, то онҳо аз «чидир» (ғубор) – и соли кўҳна озод шуда шодӣ кунанд.
Баъди он ки такондани хона ва гулкорӣ (бо орд) анҷом мепазирад, аҳли хонавода бо химчаҳои тару тоза, ки рамзи рўзгори бофароғат ва эҳёи табиат ҳастанд, ба хона ворид шуда «Шогун баҳор муборак» мегўянд ва дар посухашон соҳибхоназан, ки хонаро такондааст, «Бо рўйи Шумо муборак» мегўяд.
Як рукни иди Наврўзи Бадахшон дар рўзи дуввум боҷ (ғаллаи кўфташуда бо гўшт) пӯхтан аст. Одамон дар вақти ҷўшидани боҷи наврўзӣ фол мекушоданд ва ба ҷўшиши об дар дег маъно мебахшиданду дар он маъно рамзҳо ворид шудаанд.
Аввалан, то ҷўшидани боҷ дар дег ба хона даромадан, аз хона баромадан ва гап задани дар хонабудагон мамнўъ аст. Мегўянд, ки агар касе аз аҳли хона то ҷўшидани боҷ гап занад, он сол соли ҷанҷолӣ мешавад. Дуввум, дар вақти ба дег андохтани боҷ толеъи аҳли хонаводаро медиданд, яъне дар рўйи дег охлоқ (ғуллачўби андозааш ба даҳанаи дег баробар) мемонданд ва аз болои вай бо ду даст боҷ (ғаллаи кўфта) мерехтанд ва номи аҳли хонаро як-як ба забон мегирифтанд.
Дар ин амал чунин маъноҳо ва рамзҳо то кунун нуҳуфтаанд:
1.Ба қавли калонсолон дар чаҳор гушаи дег аз чаҳор навъи ғалладона меандохтанд, яъне: гандум,ҷав, боқило, арзан. Дег аз кадом тарафи ин намудҳои ғалладона меҷўшид, хулоса мекарданд, ки ҳамон навъи ғалладона дар соли нав серҳосил мешавад.
2.Зани калонсоли хонавода дар рӯйи дег охлоқ (ғуллачӯб) монда пас, номи ҳар як аҳли хонаро ба забон гирифта, ба рўйи охлоқ боҷ (ғаллаи кӯфта) меандохт. Агар дар рўйи ғалтак бисёртар боҷ истад, гўё ҳамон шахс дар соли нав ризқу рўзии бештареро соҳиб мегардад ва баръакс.
3.Ҳамчунин ба он ҳам эътибор медоданд, ки нахуст об аз кадом тарафи дег
меҷўшадАгар об дар миёнаи дег ба ҷўш ояд, ин маънои онро хоҳад дошт, ки дар
соли нав зиндагӣ орому тинҷ хоҳад шуд. Агар об аввал дар паҳлуҳои дег ҷўшад, ин нишонаи нооромӣ дар он макон мебошад. Яъне, одамон дегро ба макони худ мушобеҳ сохта,ҷўшидани боҷро ҷўшу хурўши зиндагӣ тасаввур мекарданд ва ба ҷўшидани боҷу макони ҷўшидани боҷ маънои мустаор зам мекарданд.
Бозиҳои наврӯзӣ дар Бадахшон
Дар Наврўзи Бадахшон бозиҳои зиёде ташкил мешаванд ва яке аз онҳо, ки танҳо хоси Наврўз мебошад, бозии килоғузғуз мебошад. Қоидаи бозӣ он аст, ки дар рустоҳо шомгоҳи рўзи аввали ҷашни Наврўз якчанд нафар назди равзани хона омада, рўймолчаеро ба ришта баста овезон мекунанд ва бо гуфтани байтҳо ҳадафашонро иброз медоранд, пас, чизи талабкардаро соҳибони хона даруни он рўймолча мегузорад ва онҳо рўймолчаро ҷониби худ мекашанд.
Ин бозӣ талабот ва ҷиддиятро низ дорост:
Якум, ин бозӣ фақат дар як шаби иди Наврўз гузаронида мешавад ва дигар мамнўъ аст. Дуввум, аз вақти шом то ториктари он давом мекунаду тамом. Саввум, чун ид аст, иштирокчиёни бозӣ ҳатман бояд абёти марбут ба иди Наврўзро қироат кунанд ё суруди идона хонанд ва аз даргоҳи Худои мутаъол барои аҳли хонавода хушҳолӣ таманно кунанд. Чаҳорум, дар ҳини бозӣ иштирокдорони он ҳатто барояшон чизҳои қиматро (арўс) низ талаб мекунанд. Панҷум, аз равзани хона (дар шаҳр ба воситаи дари хона) ба даруни хона дар рўймолча кулча гузошта, овезон мекунанд, ки аввалан, маънои ба аҳли хона фаровонӣ хостанро дорад ва сониян, ба маънои нияти софу пок омадани иштирокдорон мебошад. Шашум, ҳамаи суханҳои ширкаткунандагони бозӣ бояд дар чорчўби ахлоқ ва эҳтиром сурат гиранд. Ҳафтум, чун оғози шаб ва ё шаб аст, бо овози пасти шунаво ва бе ҳаёҳу сухан гўянд (шояд дар хона шахсе бемор ё тифле хоб бошад ва инчунин як рукни эҳтиром аст).
Дар баробари иштирокдорони бозӣ аҳли хонавода низ (асосан, шахсе, ки рўймолчаи ба хона дарозшударо дошта, чизеро дар он мегузорад ва ба талабашон посух медиҳад) вазифадор мебошанд, ки баъзе корҳоро анҷом диҳанд:
Якум, ба муроҷиати иштирокдорони бозии Килоғузғуз бо эҳтиром посух медиҳанд ва онҳоро низ табрик мегуянд.
Дуввум, рўймолчаи дарозшударо хуб қабул мекунанд.
Саввум, чизи дар даруни он буда (кулча) – ро мегиранд.
Чаҳорум, ба даруни рўймолча ҳатман чизеро (хўрданӣ, алъон бештар пул) меандозанд, холӣ мондани рўймолчаро фоли нек намеҳисобанд.
Панҷум, аз даруни хона бо овози пасти барои ширкаткунандагони бозӣ шунаво сухан мекунанд
Шашум, агар чизи талабкардашударо дар хона набошад, ба ҷои он чизи дигареро ҳадя мекунанд
Ҳафтум, агар ҳалли масъалае тўл кашад ё вақти зиёдтар хоҳад (масалан, арўс хостан, асп талабидан ва ғ.), иштирокдорони бозиро ба хона ё назди дари хона даъват мекарданд.
Ин нукта низ ниёз ба зикр дорад, ки дар иди Наврўзи Бадахшон орд мақоми хоса дорад: а) ба китфи рости аҳли хона ҳангоми ба хона ворид шудан мепошанд; б) хонаро бо орд тоза ва гулкорӣ мекунанд; в) пеш аз ид идонаро низ орд мебароранд.
Ба андешаи мо, дар ин чор рамзе пинҳон мебошад. Мусаллам аст, ки дар иди Наврўз тамоми тирчўбҳои хонаи бадахшониро то «чорхона» (болопўшест, ки дар миёнаи он равзани хона қарор дорад) бо орд гулкорӣ мекунанд.Чаро бо орд?
Аввал, хонаҳои кўҳнаи бобоӣ, тирчўбҳои хона то фасли баҳор, яъне то иди Наврўз аз дуди ҳезум, ки дар оташдон мекарданд, сип-сиёҳ мешуданд ва дар иди Наврўз бо орд онҳоро сафед мекарданд.
Дуввум, сафедӣ (аз ҷумла, сафедии орд) ва рўшноӣ аз нигоҳи маъно ба якдигар мушобеҳ мебошанд, яъне сиёҳии соли кўҳнаро бо орд сафед мекунанд, то ки зиндагии беҳтаре дар соли нав насибашон гардад.
Саввум, орд рамзи покӣ ва саодат низ мебошад. Вақте аҳли хонавода вориди хонаашон мешаванд, зан – соҳиби хона ба китфи росташон орд мепошад, ки маънои ҳаёти поку хуш хостанро дорад.
Бубинед, ки одамон дар ҷашни Наврўз холисона, хирадмандона ва бо нияти пок аз Худо чунин хостор мешуданд ва чӣ орзуи неке ҳаст:
Эй Худованди замину осмон,
То ба Наврўзи дигар моро расон.
Ин гуфтор низ бозгўкунандаи ин андеша аст, ки таманнои наврўзӣ дар рўзи ҷашн ҳамеша аз рўи садоқат, самимият ва муҳаббат сурат мегирад ва одамон ба якдигар рўзҳои хуши зиндагӣ, рўзгори бофароғатро таманно мекунанд:
Хеле хурсандиовар аст, ки соли 2012 Наврўз ба қатори ҷашнҳои байналмилалӣ қабул карда шуд ва яке аз сабабҳои ба қатори ҷашнҳои байналмилалӣ пазируфта шудани он аз ҷониби ташкилоти ЮНЕСКО маҳз ҳамин сифатҳои баланди ахлоқӣ доштани Наврўз мебошад. Ҳамин тариқ, ҷашни Наврўз то ба имрўз шукўҳ ва шаҳомати худро дар наслҳо ва ба тавассути наслҳо ҳифз карда, чун яке суннатҳои маъмули мардумӣ муаррифгари миллатҳо ва сарзаминҳост.
Таҳияи Масрураи Мирзоҳасан,
мутахассиси пешбари Медиатекаи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон