Нақш ва анвои  «Анҷома» (сolophon) дар нусхаҳои хаттӣ

сolophon«Анҷома», «Тарқима», «Хотима» ё «Хулосат-ул-китоб» истилоҳоте дар нусхашиносӣ ва феҳристнигорӣ мебошанд, ки дар нусхаҳои хаттӣ ва китобҳои чопи сангӣ якчанд сатрҳои охири китобро гўянд. «Сolophon» низ аз забони юнонӣ гирифта шуда маънои «анҷом додан» ё «ба охир расидан»-ро дорад.  Анҷомаҳо асосан ду навъ мешаванд, яке охирсухани муаллиф ва дуюм анҷомае аст, ки ба қалами котиб тааллуқ дорад. Котиби нусха поён ёфтан ё ба охир расонидани китобат, таърихи ба анҷом расидани китоб, ному нишони котиб, номи муаллиф ва макони китобат, дуо ва байте дар  анҷома зикр менамояд.

Куҳантарин нусхаҳои хаттии забони форсие, ки анҷома доранд «Луғати фурс»-и Асадии Тусӣ – шоир ва луғатнигор, «Шарҳи таарруф»-и Абўиброҳим Исмоили Бухорӣ, «Ҳидоят-ул-мутааллимин фи-т-тиб»-и Абубакр Рабеъ ибни Аҳмади Ахвинии Бухороӣ ва ғайра мебошанд. Анҷома бо шаклҳои гуногун тасвир ва навишта мешаванд. Маъмултарини онҳо ба сурати секунҷа дар поёни китоб бо тафовут аз сатрҳои нусха навишта мешуданд, дар бештари нусхаҳои хаттии оддӣ чунин анҷома дида мешавад.

Анҷома дар ташхису муайян намудани замону макони таълиф ва китобати нусха барои ёфтани иттилои бештар аз асар нақши муҳим дорад. Ороиши анҷома ҷузъи ороишҳои поёнии нусхаҳои хаттӣ низ ба шумор мерафт. Ба маънои дигар, агар қарор бошад, ки нусхаро ба шаклҳои гуногун наққошӣ ва зарҳалкорӣ кунанд, дар анҷоми нусха ё анҷома низ тазйину тазҳиб сурат мегирифт. Ороишоти нақшин ё зарҳал асосан дар саҳифаҳои аввал, дар фаслҳо ё бобҳои ҷудогонаи нусха ва дар охири китоб наққошӣ мешуданд. Дар чунин нусхаҳо анҷомаҳоро дар шаклҳои гуногун, яъне секунҷа, чоркунҷа, трапетсияи баръакс (чоркунҷае, ки андозаи кунҷҳои болоӣ аз поёнӣ васеътар мебошанд), доирашакл ва ғ. тасвир ва китобат намуда атрофи онро бо нақшу нигори зебо оро медоданд. Чунин нусхаҳои хаттиро котибон ва саҳҳофон маъмулан бо фармоиши шахсони амалдор, сарватмандон ва дўстдорони китоб бо музди бештаре анҷом медоданд.

сolophon-3Зикр намудан бамаврид аст, ки шакл ва тазйини анҷома дар мусҳафҳои куҳан баъзан дар шакли росткунҷа низ ба назар мерасад, вале андозаашон нисбат ба андозаи матни аслӣ хурдтар мебошад.

Дарҷи номи муаллиф ва котиб асосан бо ҷумла ва ибораҳои дуоӣ ба анҷом мерасад. Бештари котибони ҳавзаи Мовароуннаҳр анҷомаро бо як байти шеърӣ ба монанди:

«Ҳар ки хонад дуо тамаъ дорам, З-он, ки ман бандаи гунаҳкорам», ба анҷом мерасонданд.

Рамзӣ Ҷумъақулов,
сардори шуъбаи Дастхатҳои
Шарқ ва китобҳои нодир