Таърихи ихтирои коғаз
Коғаз баъди ҳамчун нигор истифода шуданаш тамоми маводи пешини хатро ба оҳистагӣ аз истифода берун кард. Тайёр кардани коғаз аз ихтироъи муҳими инсон ба шумор меравад. Ин ихтироъ ба мардуми Чин марбут буда, ихтироъкораш хидматгори дарбор Сай Лун шинохта шудааст. Ҳамчуноне борҳо таъкид гардид, маводи гуногуни нигор ҳамеша вуҷуд.
Дар Чин масъалан, аз қадимулайём номаҳо ва соири аснодро аз чўби дарахти хизарон (бамбук) омода мекарданд. Баъзан дар ин кор ҳарир ҳам масраф мешуд. Коркарди чўбу ҳарир хеле душвор буд. Тибқи гузориши «Таърихи Хони Сонӣ» (Хау Хан Шу) ана ҳамин мушкилиҳои омодасозии мавод боис шуду дарбориён аз Сай Лун, ки ҳамчун ихтироъкор шўҳрат дошт, тайёр кардани маводи беҳтарин нигорро хоҳиш намуданд. Ва Сай Лун ба ихтироъи чунин мавод шурўъ намуд.
Вай решаи дарахтон ва канабро истифода кард. Онҳо асоси коғази ихтироъкардаи ў шуданд. Илова бар ин Сай Лун ба он омехта кўҳнапораҳои либосу тўрҳои моҳигириро низ андохт. Коғаз ихтироъ шуд. Ин ихтироъ дар соли нахусти Юай-Син (соли 105 милодӣ) ба вуқўъ пайваст ва минбаъд ҳамагон аз он истифода намуданд.
Ихтироъи чунин маводи сабуку арзон барои нигориш, ки минбаъд номи коғазро гирифт, имконоти афзоишу паҳншавии дастнависҳоро фароҳам овард.
Тавлиди коғаз дар Туркистони Шимолӣ бо тавлиди он дар Чин ҳамзамон буд. Ин ҷо воситаи тавлиди чиниро хуб истифода карданд. Тавлиди коғазро аввал дар Хутану Қашғар, сипас дар Тўрфону Кўч ба кор дароварданд. Ин ҷо барои он, ки коғаз ба истифода хуб омода бошад, онро ширеши крахмалӣ тар мекарданд, рўи онро бо хокаи гаҷ мепўшониданд. Оид ба омодасозии коғаз ва тавлиди он дар Суғд ду ақида ҳаст. Мувофиқи ақидаи якум дар Самарқанд коғаз ҳанўз дар замони Сомониён тавлид мешуд. Аз рўи ақидаи дуюм корхонаи коғаз дертар, дар давраи исломӣ, бо кўмаки асирони чинӣ ба кор шўруъ карда будааст. Ба ҳар ҳол Самарқанд дар асри 8 барои кишварҳои исломӣ ба маркази асосии тавлиди коғаз табдил меёбад.
Дар Бухоро ҳам корхонаи коғазбарорӣ амал мекард. Дертар баъди созмонёбии хонигариҳо дар деҳаҳои Коғазгар ва Чоркўҳи Қўқанд корхонаҳои дигар ба кор шўруъ намуданд. Дар Самарқанд омехтаи коғаз тавассути осиёбҳо тавлид мегардид. Ин восита ва шояд дигар навовариҳо ба беҳшавии сифати коғаз оварда расонд. Дар Самарқанд навъҳои гуногуни коғазро тавлид мекарданд. Аммо коғази аз ҳама хуб ва шўҳратдор коғази нимкатонӣ буд. Тибқи гузориши Т.И.Султонов асоси ин навъи коғазро риштаи шоҳдона (канаб) ташкил медод. Умуман раванду омодасозии коғаз душвор буд. Он масрафи зиёди вақту қувваи ҷисмониро тақозо мекард. Аввал маводи хомро бо ёрии осиёб кўфта, онро мешўстанду мефишурданд. Баъд ба он ба андозаи зарурӣ ҷавҳару оҳак илова менамуданд. Сипас ин омехтаро боз омезиш дода хушк мекарданд ва боз мекўфтанд. Яъне ин амал борҳо такрор мегардид. Баъди ба анҷом расидани ин раванди омодасозӣ аз он омехта варақҳои коғазӣ мерехтанд. Қолаби резиши коғазро шабакаю тур ташкил медод.
Барои дастнависҳо коғазҳои рангин тайёр менамуданд. Аммо ин коғази рангин ва барои рўнависи матн, балки барои ороиши бадеии худи дастнавис масраф мегардид. Дастнависҳои одӣ рўи коғази хокистарии дуруштаре навишта мешуданд. Ана ҳамин навъи коғазро нимкатонӣ мегуфтанд.
Ба ҳамин тариқ, қоғаз ба оҳистагӣ ба маводи бисёр хуби нигор табдил ёфт. Тавлиди он аз Чин ба Туркистони Шимолӣ, аз он ҷо ба Суғд ва дигар кишварҳои мусулмонӣ ва ниҳоят ба Урупо паҳн гардид. Яъне гузаштагони мо ба тавсиаёбии ин лавҳ нақши умдаеро бозидааст. Инак наздик ба ду ҳазор сол аст, ки коғаз барои нигориш лавҳи асосӣ асту най ин нақшро ба маводи дигар гузашт карданӣ нест. Албата, дар тамоми тўли инкишофи нигору номанигорӣ накши дигар маводи хат низ кам набуд. Яке аз онҳоро хома меноманд.
Аз китоби Раҳимҷони Шарифзода “Таърихи номаҳои Аҷам”, нашри дуюм, чопи соли 2010.
Таҳияи Ойҷонгул Давронова, сармутахассиси шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ.