Луғати чинӣ ба русӣ, ки 72 сол пеш чоп шудааст

китайско русский словарьЛуғати мазкур барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва ҳамчунин кормандони илмие, ки дар риштаи забони чинӣ фаъолият мекунанд, пешбинӣ шудааст.Чуноне ки аз сарсухани китоб бармеояд, дар луғати мазкур талаботи  нафароне, ки ба омӯзиши адабиёти бадеӣ, классикӣ ва муосири Чин машғуланд, ба назар гирифта шудааст.

Ин луғатнома соли 1952 аз ҷониби И.М.Ошанина нашр гардида буд ва 65 ҳазор калимаву ибораро аз чинӣ ба русӣ шарҳ медод. Луғати чинӣ-русӣ дар ҳаҷми 888 саҳифа соли 1952 аз ҷониби нашриёти “Гасударственное издательство Национальных словарей” дар Маскав нашр гардидааст.

Китоби мазкур яке аз нодиртарин луғатномаҳои чинӣ ба русӣ ба шумор меравад. Дар баробари ин қадимтарин луғатномаи чинӣ ба русие мебошад, ки дар Китобхонаи миллӣ нигаҳдорӣ мешавад.

Гарчи аз чопи он 72 сол гузаштаву баъди он шояд даҳҳо номгӯ луғатномаҳои чинӣ ба русӣ мунташир шудаанд, вале аз серталабтарин луғатномаҳо ба шумор меравад.

Нусхае аз ин луғатнома дар толори хониши адабиёти хориҷии Китобхонаи миллӣ мавҷуд аст ва шумо, хонандагони азиз, метавонед аз он мунтазам истифода намуда, малакаву маҳорати хешро дар риштаи забономӯзӣ сайқал диҳед.

Манижабону ИБРАГИМОВА,
мутахассиси пешбари шуъбаи
тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ