Китоби нав. Султонмуроди Одина: “Тоҷикистон қаъбаи ҷон”
Китоби Султонмуроди Одина бо номи «Тоҷикистон қаъбаи ҷон» бо муносибати 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иншо гардида, бо дасгирии инсони ватандӯсту саховатпеша Парвиз Ёрзода ба таъб расидааст. Дар китоб шеърҳои ватандӯстонаи адиб гирд оварда шуда, меҳри бепоёни шоир ба ватан, зебоиҳои кишвар ва идҳои нотакрори оламшумули мардумро васф кардааст.
Зиёвиддин Бӯриев дар сарсухан ба ин китоб навиштааст, ки шеърҳо бо лаҳни ширин, бо сабки сода иншо шуда, дар онҳо муҳаббати шоир бо ишқи хонанда дар пайвастагӣ баён шудааст. Пеш аз ҳама ва беш аз ҳама шоир аз кишвари зебою осудаи худ ифтихор мекунад ва соҳибватанонро барои ҳифзи дастовардҳои замони истиқлол даъват менамояд. Маркази ҳаёти ҳар бошандаи ин мулкро бо дастовардҳои ватан тавъаму як медонад. Як ҷиҳати дилчаспу пандомези шеърҳои дар маҷмӯа гирд омада дар он аст, ки дар онҳо Ватан, дастовардҳои он бо ҳаёти шаҳрвандони кишвар дар пайвастагӣ тараннум карда мешавад. Шеърҳо дар қолабҳои гуногун иншо шуда, шакли баёни онҳо бо мазмуну муҳтавояшшон алоқаи ногусастанӣ дорад.
Бисёриҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар шеъру сухан ситоиш кардаанд ва ҳар кас мувофиқи донишу маҳорат ӯро сутудаанд. Султонмуроди Одина ҳам дар ситоиши Пешвои миллат чанд шеър бахшидааст. Хусусияти фарқкунандагии ашъори ӯ дар он аст, ки ба мавзуъ бо диди нав назар кардааст ва хидматҳои сарвари давлатро мӯъҷаз аён карда, аз номи халқ дуо додааст.
Шоир ҳангоме, ки манзараҳои дилфиреби диёрро месарояд, бо лутфи шоирона баҳори нозанини диёрашро бо истифода аз санъати такрор сухаро ҷаззоб кардааст…
Хонандагон китоби мазкурро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.
Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.