Ифтихор аз ҳамкорони соҳибунвон
Дар ҳошияи “Рӯзи дарҳои боз” зумрае аз ҳамкорони азиз, ки солҳои дароз дар Китобхона заҳмат мекашанду ба ҳазорон нафар барои дарёфти китобҳои зарурӣ кумак кардаанд, дар рушди Китобхонаи миллӣ саҳм гузоштаанд, бо унвонҳои Аълочии маориф ва Аълочии фарҳанг мушарраф гардиданд.
Китобдорӣ як пешаи заҳматталаб аст ва танҳо оне ба мартабаи иззату икром мерасад, ки садоқат ба касб дорад. Дар миёни касоне, ки имрӯз шоистаи ин унвонҳо шуданд, ҳамагӣ афроди заҳматкашидаву коркуштаанд.
Шогирдони Фирӯза Раҳимова, ин бонуи пурталош ду соли охир дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” сазовори ҷойҳои намоён шуданд. Бону Фирӯза ҳамзамон бо кори идорӣ, берун аз доираи фаъолияташ дар Китобхона ба омода кардани шогирдон саргарм аст ва инро ҳам барои худ як шуғли асосӣ медонад.
Зафари Гулмурод аз ҷумлаи ҷавонони кӯшои Китобхонаи миллист, ки имрӯз бори гарони сарварии Котиботро ба уҳда дорад. Ӯ ҳамчунин аз зумраи ҷавонони болаёқату донишманд аст, ки муддате Шуъбаи илмии Китобхонаро ҳам сарварӣ кардаву дар таҳияи як силсила китобҳои нашршуда саҳм гузошт.
Саноат Набиева солҳост дар ин боргоҳи маърифат кор мекунад ва чун муовини Шӯрои бонувон дар ташкилу баргузории чорабиниҳои зиёд саҳм мегузорад.
Амриддин Исломовро ҳамагон эҳтиром мекунанд. Ӯ касест, ки бахши кадрии Китобхораро сарварӣ мекунад ва ҷобаҷогузории кадрҳо вобаста ба лаёқату кордонӣ ва малакаи кориашон натиҷаи талошҳои ӯст. Ва ҳамин гуна суханонро метавон дар бораи сармутахассиси шуъбаи маълумотдиҳӣ-библиографӣ Фазолат Набобова низ гуфт.
Инҳо аз зумраи арзандатаринҳоянд, ки имрӯз заҳамоташон қадрдонӣ шуд. Аммо Китобхона ин гуна шахсон басо зиёд дорад.