Ёде аз Суҳроби Сипеҳрӣ дар 44-умин соли даргузашташ

Суҳроби-СипеҳрӣАз даргузашти Суҳроби Сипеҳрӣ – шоир, нависанда ва наққоши аҳли Эрон 44 сол сипарӣ шуд. Аслан Суҳроб умри дарозе надид. 52 сол дошт, ки аз олам рахт барбаст. Вале дар ҳамин умри кутоҳ ҳам коре анҷом дод, ки исмаш барои абад чун шоири навгӯву навҷӯ ва наққоши мониқалам сабт шуд.

Ин мақола аз Алиакбари Шеърдӯст аст, ки ба муносибати рӯзи даргузашти шоири маъруф пешкаш мекунем. Аслан ин нақдест бар шеъри Суҳроби Сипеҳрӣ.

Суҳроби Сипеҳрӣ дар соли 1928 дар шари Кошон ба дуньё омада ва таҳсилоти худро дар ҳамон шаҳр гузаронд ва сипас ба омўзгорӣ машғул шуд ва баъдҳо дар риштаи наққошӣ дар донишкадаи ҳунарҳои зебо идома таҳсил дод.

Сўҳроб аз соли 1953 фаъолона ба шеър ва наққошӣ ва сафарҳои ҳунарӣ дар кишварҳои аврўпоӣ ва осиёӣ пардохт. Дар оғоз ў низ монанди бисёре аз навпардозони ҳамасри худ ба формҳои чаҳорпора ва шабеҳи  нимоӣ, мутассир  аз Таваллулӣ ва Нимо вориди саҳнаи шеър шуд. Аммо ошноии амиқи ў бо ҳунарҳои ирфон ва адёну асотири Машриқзамин аз як сў ва шеъру ҳунари модерни Ғарб, аз дигар сў, вайро ба қаламравҳои тозатаре кашонд ва бавежа  баъд аз интишори  ду китоби худ, яъне “Садои пои об” ва “ Мусофир” ва баъдҳо китоби “Ҳаҷми сабз” биниши Сипеҳрӣ ва тавони шоирии ў ба авҷи худ расид ва ҷойгоҳи ў ба унвони яке аз қулланнишини шеъри муосир тасбит шуд.

Ин осори дарбардорандаи барҷастатарин шохисаҳои шеъри Сипеҳрӣ, яъне тозагӣ, шаффофият ва балоғати зеҳну забон, табиатгароии жарф ва авотифу андешаҳои латифи инсонӣ тавъам бо ғанои орифона бар бистари модернизме зинда ва пуртапишанд. Забони Сипеҳрӣ дар даврони авҷи шеърӣ забоне аст зулол, тасвире пур ҳиссу ҳодиса  ва саршор аз шигардҳои шоиронае  назири маҷоз,  ҳисомезӣ,  шахсиятбахшӣ ба ашё, ҳинҷоршиканӣ ва ғайра, ки бо баҳрагирӣ аз лаҳни гуфторӣ фасле тоза дар сохтори каломии шеъри имрўз кушодааст.

Шеър ў саршор аз тасовири тозаву зулол ва зоё аст. Ҳамзистии самимона бо ашё ва  падидаҳо ўро ба самти руъияте ошиқона аз табиати шуурманду орифона раҳнамун сохтааст, аз ин рў омезае аз табиатситоии романтикҳои Аврупо ва табиатгароии орифони шарқӣ дар бисёре аз осори ў пайдо аст. Ҳамон тавр ки баҳрагирӣ аз техникаҳои наққошии модерн дар таквини зеҳну забони модерни ў муссир будааст, дар ҳақиқат метавон гуфт, Сипеҳрӣ шоири оромиши обӣ халсаи ( ҳолате, ки дар он ҳушёрӣ ва посух ба таври нисбӣ ва на комил коҳиш меёбад) сабз аст ва дағдағаи дарунии ў расидан ба жарфои асрори ҷовидонаи ҳастист, аз ин рў ба роҳатӣ аз канори тўфонҳо ва туғёнҳои бераҳми айнӣ мегузарад. Биҳишти ормонӣ ва мадинаи фозилаии (сифати нек) ў ҷаҳонест холӣ аз зиштӣ ва саршор аз зебоӣ ва ў кўтоҳтарин роҳи мумкин барои расидан ба ин ормоншаҳр ва мадинаи фозиларо сулуки фардӣ ва инзивои орифона медонанд.

Ирфони ў бар пояи омўзаҳои Будо, Кришно  Муртӣ (орифи муосири ҳиндӣ), Лау Тсе (файласуфи чинӣ) аст, ҳамроҳ бо рагаҳое аз ирфони исломӣ ва эронӣ,  аз  ин рў дар шеъри Сипеҳрӣ ҷаҳонбинӣ, ҷои идеологияро мегирад ва тааҳҳуд ба зиндагӣ ва зебоиҳо, ба ҷои тааҳҳуди иҷтимоӣ менишинад. Сипеҳрӣ  монанди Фуруғи Фаррухзод дар масири  такомулии шакл ва сохтори шеърихи худ бо убур аз шеваи нимоӣ ба офоқи фаронимоӣ расид, яъне ба навъе вазни саёли ҳиссӣ гароид. Фурўғ дар мавриди шеъри Сипеҳрӣ мегуфт: “Ў аз шаҳру замон ва мардуми хосе сухан намегўяд, ў аз инсон ва зиндагӣ ҳарф мезанад ва ба ҳамин далел васеъ аст”.

Аз як манзури дигар метавон гуфт Сипеҳрӣ шоири дилтангиҳо ва танҳоист ва орифмашрабу табиатгаро, андешаҳои ирфонӣ ўро чунон ба падидаҳои офариниш фаро мехонад ва дар худ фурў мебарад, ки бо он пайваста ва ягонаву  дамсоз мешавад ва гўӣ дар зоти падидаҳо ва аносире ҳал мешавад ва бо онҳо ба ягонагӣ ва иттиҳоди ошиқу маъшуқ мерасад.

Тавонмандиҳои дарунмояии шеърӣ аз вежагиҳои сабки Сипеҳрӣ аст, ки ўро аз дигар шоирони навпардози имрўз мутамоиз мекунад ва аз ин рў бояд гуфт вай шоирест, ки пас аз фарозу фурудҳои забонӣ ва таъсирпазирӣ аз шоироне ҳамчун Мавлавӣ ва ё муосиронаш ҳамчун Фурўғ ва Таваллулӣ ва ғайра. Саранҷом ба забоне зулолу шафоф  ва ҷаззобу ҷолиби дастёфт ва шоире соҳибсабку таъсиргузор шуд ва яке аз қуллаҳои рафеи шеъри муосири Эрон гашт.вай соли 1980 даргузашт ва мақбарааш дар Кошон аст.

Аз ҷумлаи осори ў “ Марги ранг”, “ Дар канори чаман”, “ Оромгоҳи ишқ”, “Зиндагии хобҳо”, “Овори офтоб”, “Шарқи андўҳ”, “Ҳаҷми сабз”, “ Утоқи обӣ”, “Ҳашт китоб”.

 

ИН ШЕЪ АЗ ӮСТ:

 НИДОИ ОҒОЗ

 Кафшҳоям ку,

Чӣ касе буд садо зад: Суҳроб?

Ошно буд садо мисли ҳаво бо тани барг.

Модарам дар хоб аст.

Ва Манучеҳру Парвонаву шояд, ҳамаи мардуми шаҳр.

Шаби хурдод ба оромии як марсия аз рўи сари сонияҳо мегузарад

 

Ва насиме хунук аз ҳошияи сабз патуи хоби маро мерўбад.

Бўи ҳиҷрат меояд:

Болиши ман пури овози пари чилчилаҳост.

Субҳ хоҳад шуд.

Ва ба ин косаи об.

Осмон ҳиҷрат хоҳад кард.

 

Бояд имшаб биравам.

 

Ман ки аз бозтарин панҷара бо мардуми ин ноҳия суҳбат кардам,

 Ҳарфе аз ҷинси замон нашнидам.

Ҳеҷ чашме ошиқона ба замин хира набуд.

Касе аз дидани як боғча маҷзуб нашуд.

Ҳеҷ кас зоғчаеро сари як мазраа ҷиддӣ нагирифт.

Ман ба андозаи як абр дилам мегирад,

Вақте аз панҷара мебинам ҳуре –

Духтари  болиғи ҳамсоя

Пои камёбарин норвани рўи замин

Фиқҳ мехоҳад.

 

Чизҳое ҳам ҳаст, лаҳзаҳои пуравҷ

(Масалан шоираеро дидам

Ончунин маҳви тамошои фазо буд, ки дар чашмонаш

Осмон тухм гузошт.

Ва шабе аз шабҳо

Марде аз ман пурсид:

То тулуъи ангур чанд соат роҳ аст?)

 

Бояд имшаб биравам.

 

Бояд имшаб ҷомадонеро,

Ки ба андозаи пироҳани танҳоии ман ҷо дорад, бардорам

Ва ба самте биравам,

Ки дарахтони ҳамосӣ пайдост.

Рӯ ба он вусъати бевожа, ки ҳамвора маро мехонад,

Як нафар боз садо зад: Суҳроб!

Кафшҳоят ку?

 Аз китоби Алиасғари Шеърдӯст “Шеъри муосири Эрон”, Душанбе, соли 2012.

Нашри Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Сафорати ҶИЭ дар Тоҷикистон.

Таҳияи Саодат НАБИЕВА
сармутахассиси шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар