Кадбонуи хонаро дӯст медорам  

ЗумратИмрӯзҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳо ва корхонаву идораҳо озмуни “Кадбонуи беҳтарин” гузаронида мешавад ва даври ҷамъбастии он дар “Боғи Ирам” баргузор гардид.

Озмуни мазкур баҳри ҷалби кадбонуҳо, занони соҳибзавқ, ҳунармандони моҳир, эҳёи таомҳои милливу маҳаллӣ, завқи дастурхонороӣ ва баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа баргузор мегардад. Бонувони Китобхонаи миллӣ низ бетараф нашуда, дар арафаи Рузи модарон озмуни “Кадбонуи беҳтарин”-ро гузарониданд. Озмун аз се шарт иборат буд:

– Ороиши дастурхон ва доштани малакаи истифода ва гузоштани ашёҳои болои миз

–  Маҳорати омода намудани ғизоҳои маҳаллӣ, миллӣ ва муосир

– Маҳорати омода намудани хуришҳо

Бонувони фаъоли Муассиса иштирокчии ин озмун буданд. Аъзоёни комиссияи озумун аз шартҳои озмун дидан намуданд.Дар ҳақиқат бонувони мо кадбону ҳастанд ва хӯрокҳои омода намудаи онҳо қариб ҳамааш беҳтарин ва  болаззату ороиши зебо доштанд. Ҳар як иштирокчӣ маҳорати худро нишон дод. Ҳамаи хӯрокҳо арзанда буданд, вале озмун моро водор месозад , ки мо беҳтаринҳояшро интихоб намоем.

Дар шарти якум Давлятова Зебуниссо мутахассиси шуъбаи Медиатекаи Президентӣ  сазовори ҷойи якум шуд.Бо тамоми қоидааш дастархонро ороста буд. Ногуфта намонад, ки Зебуниссо яке аз духтарони фаъоли Китобхонаи миллӣ мебошад, ки дар тамоми чорабинӣ иштирок намуда, одобу ахлоқи хуби духтари тоҷикро дорад.Бояд қайд намуд , ки соли гузашта дар озмуни “Кадбонуи беҳтарин” аз руйи наминатсияи муйбофӣ ҷойи намоёнро ишғол намуда буд. Инчунин корманди беҳтарин ва варзишгарзани чолок аст.

Ҷойи дуюм насиби Саидаҳмадова Мунира мутахассиси шуъбаи техникӣ ва илмҳои дақиқ гашт.

Аз руйи шарти дуюм интихоби хӯрокҳои миллӣ хеле душвор буд.Чунки ҳамаи хӯрокҳо хуб пухта омода карда буданд.

Ҷойи якум насиби корманди Раёсати хоҷагидорӣ   Абулова  Ҳуснубону  гашт. Табақи чубини калон ва далдаи боллаззату хушбуй  пухагӣ. Ширааш хеле хуб баромада буд.Албатта  апаи  Ҳуснубону шахсест, ки дар кори худ вафодор, сидқан кор мекунад .Соли гузашта пухтани суманаки наврӯзиро дар уҳда доштанд. Ин ҳам ҳунар аст, маҳорат аст.Дар баробари ин дар чорабиниҳои Муассиса саҳнаи  “Исёни арӯсон” нақши фармонбибиро хеле олӣ бозида буданд. Инчунин далда аз шуъбаи матбуоти даврӣ  ва Маркази “Тоҷикшиносӣ” бад набуд, талабгорашон хеле зиёд буданд. Афсӯс, ки тибқи шарти озмун бояд якеро интихоб кард.

Ҷойи дуюм  ду хӯрокро интихоб намудем. Якеаш оши бурида насиби кормандони Раёсати хоҷагидорӣ ва дигараш оши палов насиби шуъбаи феҳристнигорӣ  гардид. Инчунин ногуфта намонем, ки оши буридаи шуъбаи нигоҳдории китоб ва шуъбаи абонементи байни китобхонаҳо низ хеле қобили қабул буд .

ИдигулҶойи сеюм  ду нафарро интихоб намудем. Яке насиби  шакароби мудири шуъбаи депозитарӣ Идигул Нусратуллозода шуд. Табақи чубин хеле калон ва бо тамоми нозукиҳо ва ороише, ки иштиҳоовар буд.Мудири ҷавон ва хеле дар кори худ серталош. Соли гузашта шуъбаи депозитариро яке аз шуъбаҳои намунавии Муассиса қабул донистем. Дигаре бошад самбуса, орзуқ, ва чагалдак насиби мудири шуъбаи хизматрасонӣ ба истифодабарандагон Эмомова Зумратбӣ. Апаи Зумратбӣ кадбонуи беҳтарини Китобхонаи миллӣ мебошад. Бо оши буридаҳои болаззат ва далдаҳои ширадори худ дили тамоми кормандонро ба даст овардааст.Хеле дар кори худ сермасъулият ва солҳои қаблӣ раиси Шӯрои бонувони муассиса буда бо бонувон кору фаъолияти хуб кард.

Инчунин шакароб аз ҷониби шуъбаи коркарди адабиёт , аз шуъбаи илмӣ-методӣ ва таҳқиқотӣ аҷоибот буд.Беҳтарин қурутоб  ва ширкаду бо тамоми нозукиҳояш  аз кормандони Раёсати хоҷагидорӣ буд.

Дар бахши сеюм хуришҳо ҷойи якум сазовори кадбонуи хеле ҷавони мо  аз шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар  Маҳинабону гашт. Дар ҳақиқат хуриши фантастикӣ ва аҷоибот омода намудааст. Ороишаш низ хеле олӣ буд. Ҷойи дуюм бошад насиби шуъбаи маълумотдиҳӣ – библиографӣ гашт. Хуриш хеле хуштамъ ва зебо буд.

шакаробКулчаи майда аз шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар, адабиёти техникӣ ва илмҳои дақиқ, орзуқ аз шуъбаи мукаммалгардонии фонд, ширинӣ аз шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд ба  дастархони  озмуни “Кадбонуи беҳтарин” зеби дигар даровард.

Ман ҳамчун раиси Шӯрои бонувони Китобхонаи миллӣ ба ҳамаи бонувоне, ки моро дастгирӣ намуда дар ин озмун саҳми худро гузоштанд, миннатдорӣ изҳор менамоям. Мақсади ташкил намудани ин озмунҳо барои ҳавасманд кардани духтарон , барои омода намудани онҳо ба ҳаёти мустақилона ва аз нав зинда гардонидан ва омӯхтани хӯрокҳои миллӣ мебошад.

Дар охир ба шаш нафар ғолибони озмуни “Кадбонуи беҳтарин” тӯҳфаҳои хотиравӣ аз номи Иттифоқи касабаи Китобхонаи миллӣ  тақдим карда шуд. Бояд қайд кард, ки шахсоне, ки дар озмуни мазкур саҳми худро гузоштанд, дар оянда ҳавасманд карда мешавад.

Дар муроҷиат ба бонувони ширкаткунандаи озмуни “Кадбонуи беҳтарин” мегӯям: Албатта ҳамаи Шумоён ғолиби озмун гардидаед, чунки Шумоён аллакай маҳорату истеъдоди худро муаррифӣ намудаед.Шумоён ҳамаатон кадбонуҳои беҳтарини хонаводаи худ ҳастед ва дар зиндагӣ бо ҳунари дастони худ дили ҳамаи аҳли оиларо ба даст меоред ва зиндагиатон ширин мегардад.

Фароғат ТОЛИБОВА, муовини сардори шуъбаи феҳристнигорӣ,  Раиси Шӯрои бонувони Китобхонаи миллӣ.