Луғати даниёӣ ба русӣ
Ин луғат бори аввал соли 1950 ба теъдоди 3 ҳазор нусха дар шаҳри Москав нашр шудааст ва чанд нусха аз онро метавон дар Китобхонаи миллӣ ҳам пайдо ва варақ зад. Луғати мазкур дар ин ҳаҷм барои хониши адабиёти бадеӣ бо забони даниёӣ,маҷаллаву рузномаҳо ва дигар анвои иттилоотӣ пешбинӣ гардидааст.
Луғактнома дар худ фарогири калимаҳои умумиҷамъиятӣ, дар баробари ин теъдоди ками калимаҳои техникӣ ва тиббиро ҳам фаро гирифтааст.
Чуноне ишора рафт, ин луғатнома соли 1950 ба теъдоди 3000 шумора аз ҷониби Н.И.Крымова ва А.Я.Эмзина нашр гардида буд ва 32433 ҳазор калимаву ибораро аз забони даниёӣ ба русӣ шарҳ медод. Луғат дар ҳаҷми 762 саҳифа аз ҷониби нашриёти “Гасударственное издательство Национальных словарей” дар Маскав нашр гардидааст.
Ин ягона луғати даниёб ба русӣ мебошад, ки дар Китобхонаи миллӣ нигоҳдорӣ мешавад.
Солҳои тулониест,ки ин китоб мавриди истифода қарор дорад ва имруз низ онро хонандагон дархост менамоянд.Ин ба он маъност,ки то ҳануз луғатнома мақому манзалаташро миёни истифодабарандагон гум накардааст. Як адад аз ин китоб дар толори хониши адабиёти хориҷии Китобхонаи миллӣ мавҷуд аст ва хоҳишмандон метавонанд ҳар вақт зарур шуд, аз он истифода кунанд.
Манижабону Ибрагимова,
мутахассиси пешбари шуъбаи тарғиб ва
барномаҳои фарҳангӣ.