Маликашуаро Баҳор: Ман нагўям, ки маро аз қафас озод кунед
Муҳаммадтақӣ Баҳор дар шеъри муосири Эрон пойгоҳе бас баланд дорад. Ў дар соли 1886 дар Машҳад ба дунё омад. Падари ў Мирзо Муҳаммад Козими Сабурӣ мулаққаб ба Маликашуаро буд ва пас аз даргузашти ў дар соли 1904 ба дастури Музаффариддиншоҳи Қоҷор ин лақаб ба Баҳор вогузор шуд. Баҳор дар соли 1906 дар Хуросон ба наҳзати миллион пайваст.
Вай дар давраи истибдоди сағир махфиёна бо чанд тан аз дўстони худ рўномаи «Хуросон»-ро мунташир сохт ва нахустин шеъри ватании худро дар он мунташир кард. Ин шеър мустазоде ба унвони «Кори Эрон бо Худост» буд, 1909 бо матлаи зер шуруъ мешавад:
Бо шаҳи Эрон зи озодӣ сухан гуфтан хатост,
Кори Эрон бо Худост,
Мазҳаби шоҳаншаҳи Эрон зи мазҳабҳо ҷудост,
Кори Эрон бо Худост.
Дар соли 1910 ҳизби демократи Эрон ба раҳбарии Ҳайдархон Умуўғлӣ аз пештозони наҳзати миллигароии Эрон ташкил шуд ва Баҳор ба кумитаи иёлоотии он баргузида шуд ва дар ҳамин сол рўзномаи «Навбаҳор»-ро, ки органи маҳаллии ҳизби ҷадид буд, мунташир сохт. Ба таъбири ў, ин рўзнома ба сабаби ҷасорат ва сароҳати лаҳҷа ва маҳкумсозии сарсахтонаи ситезиҷўиҳои Русия аҳамияти дарҳур дошт. Ва саранҷом ин рўзнома бо эъмоли фишори сафорати Русия бар Вазорати умури хориҷа дар соли 1912 мутавақиф шуд ва Баҳор ба Теҳрон табъийд гардид, аммо баъд аз як сол Баҳор ба Машҳад баргашт ва ин рўзномаро дубора ба роҳ андохт, вале баъд аз интишори чанд шумора дубора тавқиф шуд.
Маликашуарои Баҳор дар соли 1913 низ ба намояндагии Маҷлиси севум интихоб ва роҳии Теҳрон шуд. Дар айёми иқомат дар Теҳрон мустазоде суруд ва дар он ба табақоти мумтозу ашроф ва рафтори ношоисти онҳо бо тўдаи мардум тохт:
Аз хавос аст ҳар он бад, ки равад бар ашхос,
Дод аз дасти хавос,
Кист он касе, ки зи бедоди хавос аст халос,
Дод аз даси хавос…
Вай дар соли 1916 як маҳфили адабӣ ташкил дод ба номи «Донишкада» ва бо кўмаки ҳамин маҳфил нашрияе бо ҳамин ном мунташир кард ва дар ҳамин замон низ бори дигар рўзномаи «Навбаҳор»-ро мунташир намуд, вале боз ҳам «Навбаҳор» тавқиф шуд. Баҳор дар соли 1921 баъд аз кудатои Ризохон ба зиндон рафт ва се моҳ дар зиндон монд. Ва дар соли 1922 ба баъд ба намояндагии Маҷлиси чаҳорум, панчум ва шашум расид ва пас аз он муввақатан аз корҳои иҷтимоию сиёсӣ канора гирифт ва ба корҳои адабӣ пардохт. Ва дар соли 1925, ки силсилаи Қоҷор сукут кард, Баҳор ба истиқболи ҳукумати ҷадиди Паҳлавӣ ин шеърро суруд:
Бадруд гуфт давлати Қоҷорӣ,
Марг андар омад аз паси беморӣ.
Фарҷоми зишти хеш падид овард,
Кундиву коҳиливу сабуксорӣ.
В – омад ба ҷои коҳиливу кундӣ
Ҷалдиву чирадастиву ҳушёрӣ.
Баҳор аз шуароест, ки чи дар заминаи сиёсию иҷтимоӣ ва чи дар заминаи адабию таҳқиқотӣ бисёр фаъол буд ва аз назари адабӣ ва корҳои таҳқиқотӣ осори арзандае аз худ ба ҷо гузошт. Девони шеъри ў нишонгари тасаллути ў бар ҷамеӣ қолабҳои суннатии шеъри форсӣ қасида, ғазал, маснавӣ, мусаммат, тарҷеъбанд, таркиббанд, мустазод, рубоӣ ва ҳатто таснифҳои миллию меҳанист. Аммо бештари иқтидори ўро дар майдони қасидасароӣ дар сабки хуросонӣ меёбем. Аслитарин буъди таҷаддудталабии Баҳор омехтани қолабҳои суннатӣ бо мафоҳимини тозаи сиёсӣ-иҷтимоӣ аст. Ҷонамояи шеъри Баҳоррро бояд «Ватан аз озодӣ» донист. Танину тапиши осори шоирони куҳан, хусусан Фирдавсӣ, Фаррухии Систонӣ, Масъуди Саъди Салмон, Носири Хусрав, Манучеҳрӣ ва аз мутаахирон Адибулмамолики Фароҳонӣ дар сурудаҳои Баҳор мавҷ мезанад.
Илова бар девони дуҷилдии ашъор осори таҳқиқотии Баҳор низ гўёи иҳота ва тасаллути ў бар меросу махофири адаби форсӣ ва араб аст. Осоре назири «Сабкшиносӣ ё таърихи татаввури насри форсӣ» (дар се ҷилд), «Баҳор ва адаби форсӣ» (Маҷмўи мақолот), тасҳеҳи мутуни «Таърихи Балъамӣ», «Таърихи Систон», «Муҷмал-ут –таворих в-ал-қисас», «Ҷавомеъ-ул-ҳикоёт»-и Авфӣ ва «Таърихи аҳзоби сиёсӣ» ва ғайра дар ин радиф қарор доранд.
Дар маҷмуъ Баҳор бо ҳамаи фарозу нишебҳои фикрӣ ва ҳунариаш шоир ва адибест муталлиқ ба се давраи адабӣ:
бозгашт, таҷаддуд ва навгароӣ ва аз ҷумлаи шуаро удабоест, ки ҳам дар тадқиқоти адабӣ ва ҳам дар шеър мақоме шоиста ва мондагор дорад. Ин адиб ва муҳақиқ ва шоири барҷаста саранҷом дар соли 1951 чашм аз ҷаҳон фурў баст.
Ҳама рафтанд
Аз мулки адаб ҳукмгузорон ҳама рафтанд,
Шав бори сафар банд, ки ёрон ҳама рафтанд.
Он гарди шитобанда, ки дар домани саҳрост,
Гўяд чӣ нишинӣ, ки саворон ҳама рафтанд.
Доғ аст дили лолаву нилист бари сарв,
К- аз боғи ҷаҳон лолагузорон ҳама рафтанд.
Афсўс, ки афсонасароён ҳама хуфтанд,
Андўҳ, ки андўҳгусорон ҳама рафтанд.
Фарёд, ки ганҷинатирозони маонӣ,
Ганҷина ниҳоданд ба морон, ҳама рафтанд.
Як мурғи гирифтор дар ин гулшани вайрон,
Танҳо ба қафас монду ҳазорон ҳама рафтанд.
Хунбор Баҳор аз мижа дар фурқати аҳбоб,
К- аз пеши ту чун абри баҳорон ҳама рафтанд.
Мурғи гирифтор
Ман нагўям, ки маро аз қафас озод кунед,
Қафасам бурда ба боғеву дилам шод кунед.
Фасли гул мегузарад, ҳамнафасон баҳри Худо
Бинишинед ба боғеву маро ёд кунед.
Ёд аз ин мурғи гирифтор кунед, эй мурғон,
Чун тамошои гулу лолаву шамшод кунед.
Ошёни мани бечора агар сўхт, чӣ бок!
Фикри вайрон шудани хонаи сайёд кунед.
Бесутун бар сари роҳ аст, мабод аз Ширин
Хабаре гуфтаву ғамгин дили Фарҳод кунед.
Ҷаври бедод кунад умри ҷавонон кўтоҳ,
Эй бузургони ватан, баҳри Худо, дод кунед.
Гар шуд аз ҷаври шумо хонаи мўрон вайрон,
Хонаи хеш муҳол аст, ки обод кунед.
Кунҷи вайронаи зиндон шуд агар саҳми Баҳор,
Шукри озодиву он ганҷи худодод кунед.
Хонандаҳои азиз! Шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ китобҳои Маликашуаро Баҳор: «Ашъори мунтахаб», «Сабкшиносӣ»-ро мутолеъа намоед.
Аз китоби Алиасғари Шеърдӯст “Шеъри муосири Эрон”
таҳияи Фирӯза РАҲИМОВА, муовини сардори
шуъбаи маълумотдиҳӣ-библиографӣ.