Рӯзи Ғалаба бар фашизм. Намоиши китоб дар шуъбаи тарғиб в абарномаҳои фарҳангӣ

Дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар аён мегарданд. Рӯзи Ғалаба бар фашизм, ки ҳамасола 9-уми май дар саросари қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ таҷлил мешавад, аз ҷумлаи ҳамин санаҳои хотирмони таърихист.

Ин сана барои тамоми инсониёт, аз ҷумла барои мо, тоҷикистониён низ азиз ва гиромӣ аст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотири иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро пос медорад ва онҳоеро, ки дар қайди ҳаёт ҳастанд мавриди дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хоса қарор медиҳад.

Ёди неки ин мардони шуҷоъ дар хотираҳои ҳар як хурду калони Тоҷикистон абадӣ аст. Ҷоннисориҳои ин далерон намуни ватандӯстӣ ва қудрати мардонагист. Ҳар саҳифаи хотирмони зиндагии онҳо пандест барои имрӯзиён ва намунаи барҷаставу қобили пайравии ватандӯстист.

Дар доираи чорабиниҳои таҷлили Рӯри Ғалаба бар фашизм шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангии Китобхонаи миллӣ намоиши китоб баргузор кардааст ва як силсила китобҳое, ки ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшида шудаанд, гирд овардааст.

Азиза НИЁЗОВА, мутахассиси
шуъбаи тарғиб ва
барномаҳои фарҳангӣ.