“Бозёфтҳо аз “Шоҳнома”. Бахши охир
Китобест, ки аз ҷониби донишманди маъруф, марҳум Зафар Мирзоён таълиф шуда ва соли 2020 чоп шудааст. Ин китоб як пурсишу посухест, ки гирдоваранда суол мекунад ва бо истинод ба “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсӣ посух медиҳад. Яъне, муаллиф посухи ҳар суоли худро аз “Шоҳнома” ҷустааст.
Нахустин зане, ки шалвори мардона мепўшид
Гурдофарид –духтари Гуждаҳами паҳлавон аз лашкари Афросиёб аз кудакӣ аспсаворӣ ва камонкашӣ омўхта буд. Дўст медошт, ки шалвори аспсаворӣ ва либоси шикорчиён ба тан кунад.
Боре Суҳроб – писари Рустами Дастон ба қалъаи онҳо ҳамла овард ва паҳлавон Ҳаҷирро мағлуб кард. Гурдофарид аз нанг либоси ҷангӣ пўшида, гесўвонашро зери кулоҳҳуд пинҳон кард ва бо Суҳроб ҷангид. Ҳангоми набард кулоҳ аз сари Гурдофарид афтод ва гесўвонаш парешон шуданд. Ба ҳама маълум шуд, ки ин духтари далер зане дар либоси мардон будааст.
Рустами Дастон бо ёрии кӣ Исфандиёри
рўитанро мағлуб кард?
Шоҳ Гуштосп писараш Исфандиёрро фармон медиҳад, ки ба Зобулистон рафта, Рустами Дастонро дастгир кунад. Агар Рустам аз фармон сар бипечад, ўро бикушад.
Исфандиёр ба назди Рустам омада, мақсадро мегўяд. Рустам аз итоат кардан ба Исфандиёр сар мепечад. Миёни Рустаму Исфандиёр ҷанги дуру дароз давом мекунад.Дар натиҷа Рустами солхўрда аз шамшери Исфандиёр захмҳои вазнин мебардорад.
Аммо тиру шамшер ба Исфандиёр кора намекард, зеро модараш пайкари ўро рўин, яъне оҳанӣ карда буд. Ин ҳолати вазнини Рустамро падараш Зол мебинад. Ў ба Симурғ муроҷиат мекунад. Симурғ мефармояд, ки чашмони Исфандиёрро шикофта, ўро мекушад. Рустам бо ёрии падараш Зол ва Симурғ Исфандиёри рўинтанро мағлуб месозад.
Баҳром чӣ тарз подшоҳ шуд?
Дар замонҳои пеш подшоҳӣ меросӣ буд. Баъди падар ба тахти шоҳӣ писар менишаст. Шоҳаншоҳи Сосониён Яздигурд вафот кард. Ў шоҳи золим буд. Ҳатто писараш Баҳромро низ зиндонӣ карда буд. Агарчи Баҳром шахси меҳрубону адолатпарвар буд, одамон ба вай бовар намекарданд. Намехостанд, ки ў ҷойи падарашро бигирад. Барои ҳамин имтиҳон барпо карданд ва тоҷи шоҳиро пеши пойи шерони одамхор гузоштанд. Шарт ин буд, ки касе тоҷро гирифта ба сар гузорад, подшоҳ мешавад. Вале касе ҷуръат накард. Он гоҳ Баҳром ба назди шерон даромад ва шерон бо ғурриш сӯяш давиданд. Баҳром бо гурзи оҳанӣ ба сари шерон кӯфта,онҳоро аз пой афтонд ва тоҷро ба сар гузошт.
Баҳром подшоҳи мамалакат шуд.
Бозии чавгон дар куҷо пайдо шудааст?
Бозии чавгон (поло)-ро гузаштагони мо эҷод кардаанд.
Чавгонбозӣ мусобиқаи 12 нафар аспсавор мебошад. Бозигарон ба ду дастаи шашнафарӣ ҷудо мешаванд. Дастае ғолиб мешуд, ки бо чавгон гўйро ба дарвозаи дастаи ҳариф ворид кунад. Ҳанўз дар китобҳои қадими тоҷикон дар бораи чавгон ҳикояҳо мавҷуд аст. Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ дар бораи чавгонбозии Сиёвуш навишта шудааст. Дар тасвирҳои минётурии қадим расми мусобиқаи чавгонбозӣ тасвир гардидааст. Бостоншиноси тоҷик Юсуфшоҳ Яъқуб дар шаҳри куҳани Карон, дар ноҳияи Дарвоз майдони бозии чавгонро пайдо кардааст, ки таърихи 3 ҳазорсола дорад.
Одамон нахуст аспҳоро дар куҷо
ром ва саворӣ карданд?
Одамон нахуст аспро дар сарзамини Вароруд (ҳоло Осиёи Марказӣ), ки сарсабзу обшорон мебошад, ром ва саворӣ карданд.
Дар замонаҳои дур аспҳо ба монанди говҳо ва дигар ҳайвоноту парандагон ваҳшӣ буданд ва ба одамон итоат намекарданд. Аспро нахустин шуда дар сарзамини Вароруд- зистгоҳи тоҷикон бо муомилаи хубу парвариши ғамхорона ром ва хонагӣ карданд. Ин далели таърихӣ дар китобҳои қадимии тоҷикон «Авасто» ва «Шоҳнома» зикр шудааст.
Азбаски зиндагии ниёкони мо бо асп алоқаи зиёд дошт, одамонро бо аспҳо ҳамном мекарданд. Ба монанди Зарасб – яъне дорандаи аспи заррин, Гаршоспи Сомон – фарбеҳкунандаи аспи лоғар, Беварасб– дорандаи ҳазор асп, Луҳросб, Гуштосб-парварандаи асп, Сиёвуш – дорандаи аспи сиёҳ, Ҷомосб – дорандаи аспи асил, Бонугушасб – духтари Рустам, зани Гев ва модари Бежан, Пурушасб – номи падари Зардушт, яъне дорандаи аспи хокистарӣ, Патирагтарасб – номи бобои Зардушт ва ғайра.
Искандар дар кадом шаҳр худашро мағлуб ҳисобид?
Ба нақл аз китоби “Шоҳнома” шаҳре будаст бо номи Ҳарум, ки дар он танҳо занон зиндагӣ мекарданд.
Искандари Мақдунӣ – лашкаркаши юнонӣ қариб ҳама шаҳрҳои Эронро забт мекунад. Ӯ дороиҳои ин шаҳрҳоро ба ватанаш Рум мефиристод. Ба Искандар хабар доданд, ки шаҳрест бо номи Ҳарум, ки аҳолиаш танҳо занонанд. Ҳар лашкаре, ки ба Ҳарум ҳамла меоварад, мағлуб мешуд.
Искандар ба шаҳбонуи Ҳарум нома мефиристад, ки намехоҳад бо онҳо биҷангад. Танҳо Ҳарумро тамошо кардан мехоҳад. Шаҳбонуи Ҳарум пас аз хоҳиши зиёд ба ӯ иҷозат медиҳад, ки шаҳри занонро тамошо кунад.
Искандари ҷаҳонгир қудрати ватандӯстии занонро дида, худро дар ин шаҳр мағлуб меҳисобад.
Аз китоби Зафар МИРЗОЁН “Бозёфтҳо аз “Шоҳнома”, таҳияи Садоқат Шогунбекова, мутахассиси пешбари адабиёти кудакон ва наврасон.
Хонандагони азиз ин китобро метавонанд дар толори хониши кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.