Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 31 – уми май

Людвиг ТикСоли 1773 дар Берлин шоир, нависанда, тарҷумон ва намоишноманависи олмонӣ Людвиг Тик ба олам омад.

Аввалин асари барҷастаи ӯ романи «Вилям Ловел» (1795-1796) ба шумор меравад. Баъдтар песа-афсонаҳои: «Гўрбаи мӯзапўш» (1797), «Шоҳзода Тсербино» (1799), «Ҷаҳон аз дохил» (1799), «Ришкабуд» ва афсона-новеллаҳои «Шилдбургерҳо» (1796), «Абрахам  Тонелли» -ро(1798) эҷод мекунад. Людвиг Иоган Тиек инчунин чанд достони таърихӣ навиштааст, драмаҳои Шекспир ва Дон Кихоти Сервантесро тарҷума карда, дар бораи драма ва театр асарҳо навиштааст. Охирин асари маъруфи Тик романи «Виттория Аккоромбона» (1840) аз даврони Эҳёи Итолиё мебошад.

Людвиг Иоганн Тик 28 апрели соли 1853 дар Берлин вафот кард.

Соли 1819 дар Уест Хиллс шоир ва очеркнависи амрикоӣ Уолт Уитмен, навовари шеъри озод ба дунё омад.

Падараш дуредгар Уолтер Уитман, модараш  Луиза Ван Велсор буданд. Соли 1823 волидон дар ҷустуҷӯи кор ба Бруклин кӯчиданд. Бо сабаби камбизоатӣ дар синни ёздаҳсолагӣ таҳсили ибтидоиро базӯр тамом карда, ба кор шурӯъ кард. Дар айёми ҷавонӣ маҷбур шуд, ки касбҳои бисёреро иваз кунад: ҳуруфчин, котиб, фурўшанда, муаллими мактаб ва ғайра.

Кӯшиш мекард, ки рӯзномаи шахсии худро нашр кунад; тобистони соли 1839 ба Ямайка сафар кард. Соли 1840 ӯ ба Ню-Йорк баргашт ва дар матбуоти маҳаллӣ ба ҳайси муҳаррир фаъолият мекард ва мақола менавишт.

Уолт истеъдоди адабии худро барвақт нишон дод. Аввалин романи ӯ «Франклин Эванс» соли 1842 нашр шудааст. Соли 1855 аз ҳисоби пасандозҳои худ асари асосии ҳаёташ – маҷмӯаи ашъори «Баргҳои алаф»-ро нашр кард. Ин асари фалсафӣ аз ҷиҳати хислати эпикиаш ба Библия наздик буд. Он бо шеъри озод (байти озод) навишта шудааст, ки аз давраҳои алоҳида иборат буда, андешаҳои муаллифро дар бораи вақт, фазо, робитаи ногусастанӣ бо табиат ва ғайра инъикос мекунад.

Дар нашри сеюми «Баргҳои алаф» (1860) Уитмен достони «Каламус»-ро дохил кард, ки таассуроти шахсии ӯро инъикос мекунад.

Дарҳол пас аз интишори он, адабиётшинос Руфус Вилмот Грисволд Уитменро ба «гуноҳи даҳшатноке айбдор кард, ки дар байни масеҳиён қобили зикр нест».

Дар аввали соли 1873, Уитмен ба сактаи мағзи сар гирифтор шуд, ки ӯро қисман фалаҷ кард. То рӯзҳои охирини худ, Уитман ба пурра ва такмили маҷмуаи  «Баргҳои алаф» идома дод. Тавре ки худи ў мегуфт, «ин кор охир надорад».

Уитман 26 марти соли 1892 аз илтиҳоби шуш вафот кард. Ҳазорон нафар барои видоъ бо шоир омада, тобути ӯ бо гулу гулчанбарҳо ба хок супурда шуд. Дар давоми умри худ, Уитмен эътирофи умумимиллиро ҳамчун аввалин шоири демократии Амрико соҳиб шуд. Дар зеҳни бисёре аз мардуми одӣ симои Уитмен бо риши ғафси сафед бо симои Масеҳ алоқаманд буд. Зани англис Мэри Смит Витал Костелло дар бораи ў чунин гуфтааст: «Амрикоро бе Уолт Уитмен ва «Баргҳои алаф» дарк кардан номумкин аст…».

Николай УспенскийСоли 1837 дар деҳаи Ступинои ноҳияи Ефремовскийи вилояти Тула нависандаи рус Николай Успенский таваллуд шудааст.

Николай дар оилаи рўҳонӣ ба воя расидааст. Нависандаи оянда аввал дар семинарияи фиқҳӣ ва баъдан дар Академияи тиббию ҷарроҳии донишгоҳи Санкт-Петербург таҳсил мекунад, ки онро хатм накардааст.

Фаъолияти адабии Успенский соли 1857, вақте ки повести «Пиразан» дар маҷаллаи «Писари Ватан» чоп шуд, оғоз меёбад. Баъдтар Николай Успенский бо Некрасов ва Чернишевский шиносоӣ пайдо карда, корманди «Современник» мегардад. Дар соли 1861 Успенский бо маслиҳат ва дастгирии Некрасов ба Порис ва Италия сафар мекунад ва бо ҳаёти Аврупои Ғарбӣ шинос мешавад. Успенский дар он сол ба мустамликадорӣ ки «халқро фиреб дода буд», муқобил мебарояд.

Пас аз низоъ бо Некрасов, Успенский аз «Современник» меравад. Баъдтар вай кўшиш мекунад, ки омўзгор шавад (соли 1862 дар мактаби Ясная Поляна ба номи Л. Н. Толстой дарс медод, аммо бо ў ҳам гапашон мегурезад) баъд дар Оренбург ва Москва эҷодиёташро давом дода, дар «Отечественные записки» ва «Вестник Европы» навиштаҳояш чоп мешаванд. Соли 1864 нависанда дар барзани  Тургенев зиндагӣ мекард ва бо ӯ низ бо мурури замон ҷанҷол мекунад.

Соли 1878 Николай Василевич духтари 16-солаи коҳинеро ба занӣ мегирад, аммо соли 1881 завҷааш вафот мекунад. Пас аз чанде пайи ин нохушӣ  соли 1884 нависанда бо духтарчааш аксар вақт гуруснаву сарсон мегашт. Бо вуҷуди ин, Успенский навиштанро идома дода, гоҳ-гоҳ дар «Русский вестник» ва «Развлечение» аз эҷодиёташ нашр мекард. Илова бар ин, вай дар кӯча асбобҳои мусиқӣ менавохт, шеъру дитиҳо (частушки) месароид ва бо лўхтакҳои худсохт саҳначаҳо иҷро мекард. Успенский дар танҳоӣ машрубот зиёд истеъмол мекард ва оқибат ба майзадагӣ гирфтор шуд. Бинобар ин ў моҳи октябри соли 1889 дар хиёбоне, даст ба худкушӣ мезанад. Таъзиянома танҳо дар моҳи декабри ҳамон сол дар «Варақаи таърихӣ» чоп шудааст. Нашрияҳои дигари асосӣ таъзияро чоп накардаанд. Ӯ дар қабристони Ваганковский ба хок супурда шуд.

Дар «Современник» повести «Пиразан» (1858) ва «Очеркҳои ҳаёти халқ» (1858-1859) нашр шудаанд. Дар солҳои минбаъда «Ҳикояҳои Николай Васильевич Успенский» (1861-1864), «Афсона, ҳикоя ва очерк», дар 3 ҷилд (1876), «Асарҳо, ҳикояҳо, повестҳо ва очеркҳо» дар 4 ҷилд (1883) чоп шуданд. Ҳикояҳои кӯтоҳи ў дар бисёр нашрияҳо чандин бор интишор ёфтанд.

И.А.Бунин баъди се соли вафоти Н.В.Успенский дар мақолаи «Инсони фаромӯшшуда» (Русский жизнь. 1892. 8 декабр) ўро чун «яке аз аввалин нависандагони рус, ки истеъдоди худро ба тасвири ҳаёти деҳот ва умуман «одамони бенаво» ва «назарногир», самимонаву беғаразона бахшидааст», баҳо додааст.

Соли 1845 нависандаи Литва Юлия Жемайте таваллуд шудааст.

Сен-Жон ПерсСоли 1887 дар Пуэнте-а-Питр шоири фаронсавӣ СенЖон Персе, барандаи Ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли 1960 ба олам омад.

Сен-Жон Перс дар оилаи ҳуқуқшинос Эдуард-Пер-Амеде Сен-Леже ва Мари-Полина-Франсуа-Рене Дормуа ба воя расидааст, ки аз соли 1815 дар ҷазираҳо зиндагӣ мекарданд. Соли 1875 онҳо ба Фаронса баргаштанд. Ӯ дар Бордо ва Порис  таҳсил кардааст.

Маҷмӯаи шеърҳои «Эклогҳо» (Éloges, 1911), достонҳои «Анабасис» (Anabase, 1924), «Дӯстии шоҳзода» (Amitié du prince, 1924), «Бадарға» (Exile, 1942), «Бодҳо» (Vents, 1946), «Имтинод» (Amers, 1957), «Ахбор» (Chronique, 1960), «Парандаҳо» (Oiseaux, 1962) мансуби ўянд.

Соли 1892 дар Маскав нависандаи шӯравии рус Константин Паустовский таваллуд шуд.

Константин Георгиевич дар солҳои аввали ҳаёт бо волидонаш ҷойи зисташро бисёр иваз кард. Таҳсилро дар гимназияи классикии Киев гирифтааст. Паустовский ҳангоми таҳсил дар гимназия аввалин хикояи худ «Дар рўи об»-ро навишт ва онро дар маҷаллаи Киев «Огни» чоп кард. Сипас, соли 1912 ба Донишгоҳи Киев дохил шуд, вале дере нагузашта таҳсилро дар Донишгоҳи Маскав идома дод. Дар он ҷо Паустовский дар факултаи ҳуқуқшиносӣ таҳсил мекунад. Аммо бо сабаби ҷанг натавонист таҳсилро хатм кунад ва донишгоҳро тарк кард.

Агар тарҷумаи ҳоли мухтасари Паустовскийро ба назар гирем, бояд қайд кард, ки аввалин кори ӯ  бо романи «Хаёлпарастон» дар соли 1916 оғоз ёфт. Эҷоди ин роман 7 сол давом кард ва соли 1923 ба охир расида, танҳо соли 1935 нашр шуд.

Вақте ки ҷанги шаҳрвандӣ ба охир расид, Паустовский дар Киев маскан гирифт, вале дар он ҷо дер намонд. Дар Русия бисёр сафар кард. Ҳангоми сафарҳо кўшиш мекард, ки таассуроти худро ба қайд гирад. Аммо осори ӯ танҳо дар солҳои 1920-ум нашр шуд. Аввалин маҷмуаи ҳикояҳо «Киштиҳои рў ба рў» соли 1928 аз чоп баромад.

Повести «Кара-Бугаз», ки соли 1932 нашриёти «Молодая гвардия» аз чоп баровард ба нависанда шуҳрат овард. Онро мунаққидон нағз қабул карданд ва Паустовскийро дарҳол дар миёни нависандагони дигари шўравӣ махсус қайд карданд.

Константин Георгиевич Паустовский дар эҷодиёти худ зебоии табиатро тараннум карда, барои бачагон афсонаю достонҳои тарбиявӣ менавишт. Дар эҷодиёти нависанда ҳикояву афсонаҳо барои бачагон дар бораи табиат ва ҳайвонот мақоми махсусро ишғол мекунанд, аз он ҷумла: «Нони гарм», «Ангуштарини  пӯлодӣ», «Панҷаҳои харгӯш», «Бинни қашқалдоқ», «Гурбаи дузд» ва ғайра мебошанд.

Бо оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ Паустовский ба кори мухбири ҳарбӣ шуруъ намуд. Соли 1956, инчунин дар соли 1961 маҷмӯаҳои дорои мазмуни демократӣ («Литературная Москва», «Саҳифаҳои Тарусский») нашр шуданд, ки дар онҳо асарҳои Паустовский низ нашр шудаанд. Нависанда дар миёнаҳои солҳои 50-ум эътирофи ҷаҳонӣ  пайдо кард. Дар ин вақт ӯ ба Аврупо бисёр сафар мекунад. Соли 1965 ӯро ба Ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт пешбарӣ карданд, аммо онро дарёфт накард.

Константин Георгиевич Паустовский муддати дароз аз бемории зиққи нафас ранҷ мекашид ва чанд маротиба аз сактаи дил наҷот ёфт. Нависанда 4 июли соли 1968 дар Маскав даргузашт ва дар қабристони Таруса ба хок супурда шуд.

Соли 1899 нависанда ва намоишноманависи шўравии рус Леонид Максимович Леонов чашм ба олами ҳастӣ кушод.

Дар соли 1915 навиштаҳои аввалини Леонид дар рӯзномаи Архангелск «Субҳи шимол», ки падараш муҳаррир буд, пайдо шуд: шеърҳо, баррасиҳои театрӣ, эссеҳо. Соли 1918 гимназияи 3-уми Москваро хатм карда, баъдан  дар Донишгоҳи 1-уми Маскав дохил шуд, вале онро хатм накард. Аз соли 1920 дар сафи Артиши Сурх хизмат карда, дар соли 1921 аз сафи артиш озод шуд ва асосан дар рўзномаҳои фронтӣ фаъолият мекард. Баъди ба Маскав баргаштан ба эҷодиёт машғул шуд.

Дар соли 1922 афсонаи насрии «Бурига», соли 1923 баъд аз он китоби аввалини ҳикояву романҳои «Шикасти Петушиха», «Охири одами хурд»-ро нашр мекунад. Дар соли 1924 бошад аввалин романи  Леонов «Қашқалдоқҳо» аз чоп баромад. Ба ҳақиқатнигориву маҳорати муаллифи «Қашқалдоқҳо» М. Горкий ва А. В. Луначарский баҳои баланд доданд. Солҳои 1928-29 Леонид Максимович ба эҷоди  романи «Сот» шуруъ кард. Дар охири солҳои 30-ум  аввали солҳои 40-ум Леонов асосан ба навиштани песаҳои «Боғҳои Половчанский», «Гург», «Туфон», «Одами оддӣ» машғул буд. Аввалин ҳамдардии нависанда ба Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-45 песаи «Ҳуҷум» ба шумор меравад. Баъд аз он песаи «Лёнушка» ва повести «Забти Великошумск» пайи ҳам рўйи чоп омаданд. Мақолаҳои  ватандўстонаи Леонов дар солҳои ҷанг васеъ паҳн мешуданд. Нависанда баъди ба охир расидани ҷанг ба офаридани романи «Ҷангали  рус»­ – асари калонтаринаш, ки ба муборизаи халқи шўравӣ ба муқобили фашизм ва мушкилоти мураккаби ахлоқии замони муосир бахшида шудааст, шуруъ намуд.

Дар нимаи дуюми солҳои 50-ум ва ибтидои солҳои 60-ум Леонов боз  ба эҷоди намоишноманависӣ қалам ба даст гирифт ва  песаи «Фойтуни заррин»-ро офарид. Леонид Максимович повести «Евгения Ивановна»-ро, ки дар бораи муҳоҷирати рус соли 1938 оғоз карда буд, дар ин давра ба охир расонд.  Соли 1994 романи охирини нависанда «Пирамида» ба табъ расид, ки эҷоди онро ибтидои солҳои 40-ум оғоз карда буд,  ба охир нарасонд ва онро нотамом нашр кард. Ин роман ҳам эҷодиёти худи Леонов ва ҳам тамоми адабиёти ҳақиқатнигории асри ХХ-ро ҷамъбаст мекунад.

Леонид Максимович Леонов 8 августи соли 1994 дар синни 95-солагӣ дар Маскав даргузашт.

Светлана Александровна АлексиевичСоли 1948 дар Станислав нависандаи белорус Светлана Александровна Алексиевич, барандаи Ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт дар соли 2015 ба олам омад.

Светлана дар соли 1972 хатмкардаи Донишгоҳи давлатии ба номи В.И.Ленини Беларус шуд. Фаъолияти меҳнатиашро дар мактаб-интернати омӯзгорӣ ба ҳайси омӯзгор оғоз намуда, дар як қатор рӯзномаҳо, аз қабили «Припятская прауда»-и Наровл, «Маяк коммунизма»-и шаҳри Наровля фаъолият намудааст.

Асарҳои ӯ дар 19 кишвари ҷаҳон: ИМА, Британияи Кабир, Олмон, Булғористон, Фаронса, Ҳиндустон, Ҷопон ва ғайра нашр мешаванд.

Светлана Алексиевич барандаи ҷоизаҳои адабии Н. Островский, К. Федин, Комсомоли ленинӣ ба шумор меравад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ӯро бо Ҷоизаи Курт Тучолский барои “ҷасорат ва шаъну шараф дар адабиёт ва Ҷоизаи ба номи Андрей Синявский “барои наҷобат дар адабиёт” қадрдонӣ мекунад. Дар Русия ба ҷоизаи “Триумф”, дар Лейптсиг Барои ҳусни тафоҳуми аврупоӣ -98″, дар Олмон “Барои беҳтарин китоби сиёсӣ“, дар Австрия  бо ҷоиза ба номи Хардер сарфароз гардонида шудааст. Инчунин барандаи Мукофоти давлатии ИҶШС дар соли 1985 мебошад. Нависанда дар Фестивали филмҳои ҳуҷҷатии Лейпстиг бо ыоизаи «Кабутари нуқрагин» мукофотонида шуд.

Асарҳои Светлана Алексиевич асоси филмҳо ва намоишномаҳои театрӣ гардиданд.

Аз ибтидои соли 2000 бо сабаби мавқеъи манфиаш нисбат ба президенти Беларус А.Лукашенко ба Италия ва Фаронса муҳоҷират кардааст.

Асарҳои намоёни ў «Ҷанг симои занона надорад», «Писарони рухин» ва «Ибодати чернобилӣ» ба шумор мераванд.

Соли 1976 дар Глазгои Британияи Кабир нависандаи амрикоии шотландӣ Дуглас Стюарт, барандаи ҷоизаи «Man Booker» дар соли 2020 ба олам омад.

Дуглас Стюарт дараҷаи бакалаврро аз Коллеҷи нассоҷии Шотландия ва магистрро дар Коллеҷи шоҳии санъати Лондон аз худ кардааст. Пас аз хатми Коллеҷи шоҳии санъат дар синни 24-солагӣ, Стюарт ба Ню-Йорк кӯчид ва дар он ҷо ҳамчун тарроҳии мӯд, аз ҷумла бо ширкатҳои машҳуре чун Calvin Klein, Ralph Lauren ва Gap кор кардааст. Вай  шаҳрвандии ду мамлакат  Бритониё ва Амрикоро дорад. Дуглас тақрибан даҳ сол пеш дар вақти холӣ ба фаъолияти адабӣ машғул шуда буд. Аввалин асарҳои ӯ («Seeking the Willing» ва «The Englishman») дар The New Yorker чоп шудаанд. Стюарт инчунин мақолаҳои худро дар манбаи адабии LitHub нашр кардааст. Ба гуфтаи нависанда, ӯ барои нашри романи аввалинаш «Шагги Бейн» ба 30 нашриёт муроҷиат кардааст. Нависанда ин романашро ба модараш бахшидааст, ки аз майзадагӣ даргузашта буд. Худи китоб хеле тарҷумаиҳолӣ шуд, он ба хотираҳои кӯдакии Стюарт асос ёфтааст. Ин достони писарбачаест, ки солҳои 1980 дар оилаи камбизоат дар Глазго ба воя мерасид. Бекорӣ, камбизоатӣ, муборизаи нобарори модар бо майзадагӣ ва танҳоии тоқатфарсои қаҳрамони асосӣ Шагги. Бародарону хоҳарон ба чунин зиндагӣ тоқат наоварда фирор карданд, аммо ӯ монд. Ин романи Дуглас Стюарт дар соли 2020 барандаи ҷоизаи Букер шуд. Дуглас дуввумин нависандаи шотландӣ шуд, ки ҷоизаи Букерро ба даст овард. Стюарт ҳангоми гирифтани ҷоиза иқрор шуд, ки «Ман ҳамеша орзу мекардам нависанда шавам, аз ин рӯ, ин  самараи орзуи ман аст. Он тамоми ҳаёти маро дигаргун кард». Дар моҳи ноябри соли 2020, Стюарт хабар дод, ки ӯ романи дуюмашро бо номи «Лоч Аве»,  ки ҳодисаҳои он ҳам дар Глазго рух додаанд, ба итмом расонид.

анатолий степанович ивановСоли 1999 нависанда ва филмноманависи шўравии рус  Анатолий Степанович Иванов  даргузашт.

Анатолий Степанович 5 майи соли 1928 дар оилаи деҳқон ба олам омадааст. Пас  аз марги падар солҳои кӯдакӣ ва наврасӣ се кӯдаки хурдсол дар оғӯши модар монданд. Махсусан дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба оила хеле душвор буд. Иванов ҳангоми дар мактаб хонданаш дар саҳроҳои колхоз кор мекард. Соли 1945 мактабро бомуваффақият хатм кард. Пас аз хатми Донишкадаи Қазоқистон дар соли 1950 рӯзноманигори пуртаҷриба як сол корманди адабии рӯзномаи вилоятии Семипалатинск «Прииртышская правда» шуда, аз онҷо соли 1951 ўро ба хизмати ҳарбӣ даъват карданд.

Аввалин повести Иванов «Борон» дар маҷаллаи «Крестьянка» (1954, No 10) чоп шудааст. Иванов ҳикояи «Сурудҳои Алкин»-ро, ки соли 1956 чоп шуда буд, ибтидои эҷодиёти адабии худ мешуморад. Дере нагузашта ҳикояи «Суруди Алкин» ба воситаи радио пахш гардид, ки он муваффақияти калон пайдо кард. Иванов дар асоси ин ҳикоя соли 1964 бо ҳамин ном песа ва баъд либреттои опера навишт. Дар навбати худ намоишномаи опера асоси филми телевизиониро ташкил дод, ки соли 1973 студияи телевизионии Новосибирск ба навор гирифтааст. Иванов аввалин асари калони худ – романи «Повител»-ро дар «Сибирские огни» (1958, № 2-4) нашр кардааст. Романи «Повител» миёни хонандагон шўҳрати калон пайдо кард. Романи дуюми ў «Сояҳо дар нисфирузӣ нопадид мешаванд», ки соли 1963 нашр шуда буд, ба фоҷиае, ки дар аввали солҳои 60-ум руй дода буд, бахшида шудааст.

Романи саввум «Садои ҷовидон» пурарзиштарин асари нависанда аст, ки дар тӯли 13 сол эҷод шудааст. Роман қариб 6 даҳсолаи ҳаёти Сибирро дар асри ХХ дар бар мегирад. Дар солҳои 70-80-ум ба жанри повест рў овардани нависанда ҷиҳатҳои нави истеъдоди ўро равшан кард. Иванов бо повести таърихии «Ермак», ки соли 1985 навишта шудааст (нашр: «Гвардияи ҷавон». 1993. № 9) шавқу ҳаваси деринаи худро ба таърихи миллат тасдиқ намуд.  Инчунин нависанда драмаи қаҳрамононаи «Манзумаи машъали фурўзон»-ро соли 1968 нашр кард.

Анатолий Степанович Иванов яке аз нависандагони шўравист, ки дар мавзўи деҳот романҳои зиёд  эҷод кардааст.

Таҳияи Сафаргул ҲУСАЙНОВА