Соли маърифати ҳуқуқӣ. “Тавонбахшии беморон ва маъюбон”

ТавонбахшиИн китоб соли 2018 чоп шудааст ва нусхае аз онро хонандагон метавонанд дар толори хониши шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд мутолиа кунанд. Дар бораи чист он?

Дар китоб масоили илмӣ – тадқиқотии тавонбахшии беморон ва маъюбон, аз он ҷумла, барномаҳои тавонбахшии фардии маъюбон, тавонбахшии тиббӣ, тиббӣ – иҷтимоӣ, равонӣ – педагогӣ, касбии маъюбон, инчунин тавонбахшии пиронсолон, маъюбияти кўдакон, иштирокчиёни бартарафсозии садамаи стансияи атомии Чернобл, масоили ғизои одам ва ислоҳоти ҳифзи иҷтимоӣ, осебдидагон ва маюбони синдроми «пошнаи диабетӣ» матраҳ шудааст. Китоб барои табибон, ходимони соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, толибилмон ва аҳли илми тиббу соҳаи иҷтимоӣ ва шахсоне, ки ба масъалаи нафақа завқу мароқ доранд, пешбинӣ шудааст.

Маъюбӣ чист ва маъюб кист?

Посухи ин суолро метавон аз боби аввали китоби мазкур пайдо кард. Аз ҷумла, гуфта шудааст, ки маъюб – шахсест бо имкониятҳои маҳдуди фаъолияти рўзмара, ки аз сабаби халалдор гардидани саломатӣ, ё дигар омилҳои халалпазири саломатӣ наметавонанд ба таври пурра ва лозимӣ дар рўзгор, ҷамъият ва фаъолияти касбӣ мақсадҳои худро амалӣ намояд ва ниёзманди кўмаки иҷтимоӣ мебошад (сатҳи иҷтимоии инфиродӣ).

Ҳаракати байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи маъюбон аз ҳама бештар фаҳмишҳои воқеии зеринро дар бораи маъюбӣ пешниҳод намудааст: «Маъюбӣ – ин монеа ва ё маҳдудияти фаъолияти инсон мебошад, ки аз ҷиҳати ҷисмонӣ, ақлонӣ, тамоюли равонӣ халалдор ва вобаста ба он инсон бо фаъолияти босамар наметавонад дар ҷамъият саҳми пурра ва арзанда гузорад». Ҳамин тариқ, бо ибораи дигар, маъюбӣ ин як зуҳуроти нобаробарӣ дар ҷамъият мебошад. Ин ифода иҷтимоист, на фаҳмиши ҳамаҷонибаи тиббӣ аст.

Афроди маъюб ҳамчун шахсони солим ҳуқуқ дорад, ки дар ҳамаи ҷанбаҳои фаъолияти ҷамъиятӣ иштирок намоянд. Баробаркунии ҳуқуқӣ афродӣ маъюб ва шахсони солим бояд аз ҷониби системаи хадамоти иҷтимоӣ, ки вобаста ба имкониятҳои маҳдуди ҷимсонӣ, равонӣ, маданӣ, ҳуқуқӣ ва дигар самтҳо дар ин раванд фаъолият мекунанд, ба роҳ монда шавад. Монеаҳои мавҷуда имкон намедиҳанд, ки шахси маъюб дар ҷамъият монанди дигарон дар ҳамон асосҳо якҷоя кору фаъолият намояд. Маъюбият ин начандон масъалаи табиист, балки аввал аз ҳама масоили нобаробарии имконитҳо мебошад. Усули гузаронидани табобати маъюбӣ аз ҷониби табибон монанди масъалаи объекти барқарорсозӣ – тавонбахшӣ аст. Маъюбон бояд аз рўи имконияташон худро ба муҳити атроф мутобиқ намоянд. Дар сурати ногузирии ин амал онҳоро дар ягон муассисаи махсус, ё дар хонаи алоҳида нигоҳдорӣ ва танҳо масъалаи ҷойдоштаи онҳоро ҳал мебояд кард. Асос ба тобеият дода нашуда, муомила дар асоси қолабӣ ба роҳ монда шавад, зеро маъюбон ба дилсўзӣ ниёз ва хоҳишманди ба онҳо зоҳир намудани ғамхорӣ мебошад. Ба саволи «Чӣ одамонро маъюб мекунд?» илми тиб ин гуна посух медиҳад:

– «Одамони маъюб роҳ рафта наметавонанд».

– «Одами маъюб шунида наметавонанд».

– «Одами маъюб дида наметавонанд».

– «Одами маъюб гуфта наметавонанд».

 

Дар мавриди усули тиббии маъюбӣ мехонем:

Одамонро аз рўи фаҳмиши он ки инсон кадом корро карда наметавонанд, муаян менамояд, бисёр осон дидан мумкин аст, ки барои чӣ ҷамъият нисбати фаро гирифтани ин гурўҳи аҳолӣ муассисаҳои махсус ташкил ва қонунҳои муаянро дар ин самт қабул ва сиёсати худро тавре ба роҳ мондааст, ки мавқеи шахси маъюб дар муносибатҳои ҷамъиятӣ маҳдуд мегардад.

Ва аммо усули иҷтимоии маъюбӣ:

 Ин усул барои муаян кардани он садҳое, ки амалҳои ашхоси маъюбро маҳдуд ва онҳоро иҷозат намедиҳад, ки қисми баробарҳуқуқи ҷамъият бошанд, равона карда шудааст. Ҳаракати байналмилалии ҳуқуқӣ, маъюбон ва шахсоне, ки ба онҳо кўмак мекунанд, ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд, ки сарфи назар аз муаян намудани камбудиҳо, онҳо мудоватан аз ҷониби шахсони алоҳида тазйиқ мебинанд. Мо тарафдори он нуқтаи назар ҳастем, ки вазъи маъюбон ва зўроварии дар ин радиф ҷойдошта аз ҷониби ҷамъият ба таври сунъи роҳандозӣ шудааст. Монанди он, ки муносибат ба шахси маъюб туро низ маҷбур менамоянд, ки гуноҳи он ки ту монанди дигарон нестӣ, ба дўши худ бигирӣ. Фарқият танҳо қисман дар ҷисми инсон, ё худ дарк накардани масъала низ метвонад ба маҳдудияти имконоти ҷисм биёрад. Лекин ин амалҳо низ метавонанд каме ҳам бошад ба солимгардонии маъюбон кўмак кунанд. Аз ҷониби дигар қисми зиёди одамон дар рўҳияи он ки воқеан ҳам маъюбият ҳамин тавр аст, тарбият ёфтаанд. Тарс, ҷаҳолат, таасуб ва тазйиқ – мафҳумҳое мебошанд,  ки воқеан ҳам ба маҳдудияти имконоти маъюбон боис мегардад. Дарки ин раванд аз ҷониби дигар ба маъюбон имкон медиҳад, ки барои ҳуқуқҳои худ дар ҷамъият бориз шавад.

Ба пиндори Ҳаракати байналмилалии ҳимояи ҳуқуқҳои маъюбон масоили марбут ба «тавонбахшӣ (реабилитатсия)»-и маъюбон бо ҷамъият алоқамандии зич дорад. Дар тафовут аз усули тиббӣ, ки ба шахси алоҳида ва камбудии ҷисмонии ў такя мекунад, мақсади ин ҳаракат барои ҳимояи ҳуқуқҳои маъюбон татбиқшаванда ва имконоти расонидани манфиат ба бештари маъюбонро дорад. Равиши муносибати усули иҷтимоӣ бошад бар он асос аст, ки номусоидии умумӣ ва фардие, ки маъюбон мебинанд  нав набуда, дар асоси тазйиқ ва шаклу намудҳои он, монанди, алоқаҳои номатлуби ҷинсӣ, мардумбадбинонӣ ба вуҷуд омадааст.

Дар иртибот ба ин, кўшиши ёфтани роҳҳои тиббии табобат моро аз он омилҳои бавуҷудоварандаи маъюбӣ дур месозад. Бо дарки воқеӣ дарҷ кардан ба маврид аст, ки сабабгори бештари бавуҷудоии маъюбият аз истибдоди ҷамъият, ки барои ҳаёти муносиб шароити хуби зиндагиро фароҳам наовардааст, монанди; гуруснагӣ, нарасидани оби ошомиданӣ, меҳнати миёншикан, ҷанг, хатар, муносибатҳои дағалона бо кўдакон мебошад. Муборизаи мо ҳарчанд барои ба таҳсили ҳамагонӣ фаро гирифтани бачагон, сарфи назар аз он ки кўдак дорои шакли маъюбии вазнин бошад ҳам, то он замоне бемантиқ аст, ки мо фарқиятро миёни муносибатҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ дарк карда натавонем…

Ин китоб масъалаҳои маъюбиро аз ҳар зовия мавриди баррасӣ қарор додааст ва мутахассисон, онҳое, ки атрофи ин мавзуъҳо пажӯҳиш анҷом медиҳанд, метавонанд аз он истифода кунанд.

Таҳияи: Назира ТОЛИБОВА, сардори шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Китобхонаи миллӣ