Теъдоди аъзои Китобхонаи миллӣ дар шаш моҳи ахир 6 ҳазору 214 афзудааст

Китобхонаи миллӣЗарфи шаш моҳи охир шуъбаи хизматрасонӣ ба истифодабарандагон ба 38958 нафар хонанда хидмат расонд ва тибқи дархосташон ба онҳо  42854 нусха адабиёт пешниҳод  намуд. Дар ин бора сардори шуъбаи хизматрасонӣ ба истифодабарандагон Зумратбӣ Эмомова  хабар дод.

Вай ҳамчунин иброз дошт, ки шумори хонандагон ҳамасола рӯ ба афзоиш аст. Дар шаш моҳи аввали соли 2024 Китобхонаи миллӣ 6 ҳазору 214 хонандаи навро ба узвият пазируфт, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 1146 нафар зиёд мебошад.

Зумратбӣ Имомова ҳамчунин гуфт, ки дар ин шаш моҳ дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта кормандони шуъба ба хонандагони худ 580 адад бештар китоб додаанд.