Шуарои Эрон. Парвини Эътисомӣ
Парвини Эътисомӣ шоирест мутаалик ба давраи Ризошоҳӣ, яьне солҳои 1922 то1942. Вай барҷастатарин чеҳраи шеъри ахлоқӣ ва таълимии рўзгори мо ба шумор меояд. Парвин дар Табрез дар хонаи падаре фозил ва донишманд ба номи Юсуф Этисомулмулк таваллуд ва рушд ёфт.
Дар ағлаб сафарҳои дохил ва хориҷи падар ҳамроҳи ў буд. Ва низ аз 6-солагӣ дар маҳфили адабии падараш,ки дар манзилашон барпо мешуд, ҳузур меёфт. Хамин ҳузур ва ҳамроҳиҳо боис шуд, ки завқи адабии ў рушд ва нумуъ ёбад. Вай аз ҳамон кўдакӣ авқоти (вақтҳои) худро ба мутолиаи девони ашъори мутақадимон мегузаронд, афзун бар ин, падараш гоҳ қитъаоте аз адабиёти Аврупо тарчума мекард ва Парвинро ба сурудани манзуми онҳо ташвиқ менамуд.
Парвин дар дабиристони амрикоии духтарон таҳсил кард ва забони англисиро омўхт. Парвин дар соли 1935 бо писари амуи падари худ издивоҷ намуд ва ба Кирмоншоҳ рафт.Аммо руҳи ҳасоси Парвин гўёи зиндагӣ бо фарде низомиро барнатобид, лизо чанд моҳ баъд аз ҳамсари худ ҷудо шуд ва ба хонаи падар бозгашт. Аммо ин зарбаи руҳӣ ва отифиро бо бурдбориву шикебоӣ таҳаммул кард.
Ранҷи бемодарӣ низ баъд ба шакли авотифи (шафқати) модарона нисбат ба кўдакони фақиру ятим дар сурудаҳои ў инъикос ёфт. Вай муддате китобдори донишкадаи адабиёти Донишгоҳи Теҳрон буд ва саранҷом дар соли 1942 дар синни 35-солагӣ бар асари ибтило ба бемории ҳасба (сурхак, тиф) даргузашт ва дар шаҳри Қум дар ҷавори падараш ўро дафн кардаанд.
Девони Парвин нахустин бор бо муқаддимаи Маликушшуаро Баҳор ба чоп расид (1936). Девони Парвин шомили қасоид (қасидаҳо), қитъаот ва маснавиҳои ўст. Қасоиди вай талфиқе (фароҳамомада) аз сабки Носири Хусрав ва содагии баёни Саъдӣ аст, аммо шуҳрат ва шахсияти адабии вай бештар ба хотири қитъаоти таълимӣ ва баъзан интиқодии ўст,ки ғолибан муттаассир аз сабку шеваи Носири Хусрав, Анварӣ, Саноӣ, Саъдӣ ва Адибулмамолик аст.Ва барҳе низ нишонгари иқтибос ва таъсирпазирӣ аз ҳикоёти тамсилӣ ва таълимии Аврупо, ки қаҳрамонони онҳо ҳайвонот ҳастанд, мебошад: аз ҷумла, ҳикоёти Эзоп-бардаи юнонӣ, ки ҳудуди қарни шашум ва ҳафтуми пеш аз милодӣ мезиста ва ё Лафонтен ва Ҳурашиво Смит,шоири англисии қарни ҳаждаҳуму нуздаҳуми милодӣ.
Парвини Этисомӣ дар шуморе аз қитъаоти худ аз фанни “мунозира” ё гуфтугў, ки дар суннати адабии мо ривоҷ дошта, баҳра ҷустааст. Мунозирот байни ашхос, ҳайвонот, ашё ва ғайра, ки гоҳ низ интиқоде ба авзои иҷтимоии шоир доранд.Аз ин раҳгузар шигарди адабии ташхис (инсониндории шахсиятдиҳӣ) дар осори ў корбурди густурдае дорад. Дар маҷмўаи сабки шеъри Парвин талфиқе аз шеваи хуросонӣ ва ироқӣ ҳамроҳ бо рангу бўи романтизми аврўпоӣ аст. Ў ҷустуҷўгари адолат ва отифа аст, аммо садои ў дар даҳлезҳои танги замонаи ситамолуд гум мешавад ва дар як чашмандози куллӣ ў мазҳари зани огоҳу афиф ва покдоману муъмин аст. Ў уқдаи мутароким ва фарёдгари садҳо сол маҳрумияти зани шарқӣ-эронӣ аст ва ончи Парвин ба хотири умри кўтоҳаш натавонист бигўяд, баъдҳо аз ҳанҷараи (гулӯ) Фурўғи Фаррухзод баромад ва ин ду зани шоир номе моно дар шеъру адабиёет ва таърихи адаби порсӣ доранд ва шеърашон саршор аз руҳи эътироз ва озодихоҳӣ ва инсондўстист.
Ин абёт аз ӯст:
Муҳтасиб масте ба раҳ диду гиребон –ш гирифт,
Маст гуфт :эй дўст, ин пироҳан аст, афсор нест,
Гуфт: мастӣ, з-он сабаб уфтону хезон меравӣ,
Гуфт: ҷурмӣ роҳ рафтан нест, раҳ ҳамвор нест.
Гуфт: мебояд туро то хонаи қозӣ барам,
Гуфт: рав субҳ ой, қозӣ нимашаб бедор нест.
Гуфт: наздик аст волиро сарой, он ҷо шавем,
Гуфт: волӣ аз куҷо дар хонаи ҳаммор нест.
Гуф: то доруғаро гўем, дар масҷид бихоб,
Гуфт: масҷид хобгоҳи мардуми бадкор нест.
Гуфт: диноре бидеҳ пинҳону худро вораҳон,
Гуфт: коре шаръ кори дирҳаму динор нест.
Гуфт: аз баҳри ғаромат ҷомаат берун кунам,
Гуфт: пўсидааст, ҷуз нақше зи пуду тор нест.
Гуфт: огаҳ нестӣ, к-аз сар дарафтодат кулоҳ,
Гуфт: дар сар ақл бояд, бекулоҳӣ ор нест.
Гуфт: май бисёр хўрдӣ, з-он чунин бехуд шудӣ,
Гуфт: эй беҳудагў, ҳарф каму бисёр нест.
Гуфт: бояд ҳадд занад ҳушёр мардум мастро,
Гуфт: ҳушёр биёр, ин ҷо касе ҳушёр нест.
САНГИ МАЗОР
Ин ки хоки сияҳаш болин аст,
Ахтари чархи адаб Парвин аст .
Гарчи ҷуз талхӣ аз айём надид ,
Ҳарчи хоҳӣ, суханаш ширин аст.
Соҳиби он ҳама гуфтор имрӯз
Соили Фотеҳаву Ёсин аст.
Дўстон, беҳ, ки зи ў ёд кунанд
Дили бедўст-диле ғамгин аст.
Хок дар дида басе ҷонфарсост,
Санг бар сина басе сангин аст.
Бинад ин бистару ибрат гирад,
Ҳар киро чашми ҳақиқатбин аст.
Ҳарки бошию ба ҳар ҷо бирасӣ,
Охирин манзили ҳастӣ ин аст.
Одамӣ ҳарчи тавонгар бошад,
Чун бад-ин нукта расад, мискин аст.
Андар он ҷо, ки қазо ҳамла кунад,
Чора таслиму адаб тамкин аст.
Зодану куштану пинҳон кардан,
Даҳрро расму раҳи дерин аст.
Хуррам он кас, ки дар ин меҳнатгоҳ,
Хотиреро сабаби таскин аст.
Аз китоби Алиасғари Шеърдӯст “Шеъри муосири Эрон” таҳияи Нигораи Аҳмадхон, мутахассиси шӯъбаи
маълумотдиҳӣ – библиографӣ.