«Практическая грамматика английского языка» чӣ китобеест?

Практическая-(2)Муаллифи дастурамали «Практическая грамматика английского языка» (“Грамматикаи амалии забони англисӣ”)  Лариса Романова буда, машқҳои бахшҳои зерини грамматикаи забони англисиро дар бар мегирад: артикл, исм, сифат, ҷонишин, зарф, адад, феъл (инфинитив, замон, овоз, феълҳои модалӣ ва “масдар”), мувофиқати замон, истифодаи пешояндҳо ва ғ.

Дастур аз 22 бахш (Воҳидҳо – Units) иборат буда, ҳар яки онҳо ба мавзӯи мушаххаси грамматикӣ (Исм, Феъл – The Noun, The Verb  ва ғ.) бахшида шудаанд. Намудҳои машқҳо хеле гуногунанд: ивазкунӣ, сохтани занҷирҳои мантиқӣ, суханони ба тарзи дигар ифодаёфта, интихоби чандкарата, тарҷума аз русӣ ба англисӣ ва аз англисӣ ба русӣ, супоришҳои матнӣ ва ғайра.  Системаи машқҳо дар бахшҳо аз рӯи принсипи «аз сода ба мураккаб» сохта шудаанд. Ин ба хонанда имкон медиҳад, ки маҷмӯаро дар марҳилаҳои ибтидоӣ, давомдори омӯзиши забони англисӣ истифода барад.

Дастур аз 10 тест иборат аст ва ҳамзамон  супоришҳоеро ҳам дар бар мегирад, ки барои санҷидани маводи омӯхташуда нигаронида шудаанд. Ҳашт санҷиши аввал пас аз бахшҳои бо як мавзӯи умумӣ муттаҳидшуда ҷойгир карда мешаванд (масалан, санҷиши аввал пас аз омӯхтани мавзӯъҳои “Исм”, “Сохтори исм” (The Noun, Noun Structures)    оварда шудааст. Ду санҷиши охирин (Тестҳои ниҳоӣ Final Tests) санҷишҳои умумӣ мебошанд, аз ин рӯ тавсия дода мешавад, ки онҳоро пас аз аз худ кардани тамоми маводи грамматикӣ супоранд.

Ҳама машқҳо ва тестҳо бо ҷавобҳо пешниҳод карда мешаванд. Ин имкон медихад, ки дурустии супоришхо тафтиш ва ба камбудихои грамматикӣ  диккат дода шавад.

Маҷмӯаи машқҳо барои омӯзгорони забони англисӣ дар мактабҳо ва донишгоҳҳо, хонандагони синфҳои болоӣ, довталабон ва доираи васеъи одамоне пешбинӣ шудааст, ки забони англисиро меомӯзанд ва шахсоне, ки мехоҳанд бахшҳои асосии грамматикаро такрор намоянд.

Ин китоб дар толори хониши адабиёти хориҷии Китобхонаи миллӣ қобили дарёфт ва мутолиа мебошад.

Таҳияи Азиза Ниёзова, мутахассиси  шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ