Васфи Сарез аз забони Шодон Ҳаниф

Сарез! Сарбанди ин кўли азимро, ки он дар ангуштари кўҳҳои Помир ба мисли нигини фирўзавӣ медурахшад, табиат ҳамагӣ дар ду дақиқа ба вуҷуд оварда буд! Дар шаби нуздаҳуми феврали соли 1911 дар Помир такони сахти зилзила кўҳҳоро ба ларза овард, чанд лаҳза гўё моҳ ба ин минтақа соя афканд, садои пурдаҳшате ба атроф паҳн гардид, аз сари қуллаҳо харсангҳои бузурге парида фурў рехтанд, ғулғулаи резиши сангу тармаҳо баланд шуд, дар қишлоқҳои атрофи дарёи Панҷу Ғунд ва Кўҳдараю Бартанг хоб аз чашми мардум парид, хонаҳо вожгун шуданд, оби дарёҳо дамида ба соҳил баромад.

Дар водии дараи Мурғоб як пораи кўҳ ба болои деҳаи Усой фурў рехт. Аз ин деҳа ҳамагӣ як пирамард ва наберааш, ки он шаб ба деҳаи Сарез меҳмон шуда буданд, зинда монданд. Ривояте мекунанд, ки ин пирамард як шаби пеш аз офати табиӣ дар хобаш пири худро дида будааст ва ў амр кардааст, ки зудтар деҳаи Усойро тарк кунад. Бо вуҷуди ин ҳеҷ касе аз ин ноҳия ўро авлиё нахонд. Лахти кўҳи фитода пеши дарёи кўҳиро тамоман баст ва дар андак вақт деҳаи зебоманзари Сарез ҳам зери об монд. Мардум ба ёдбуди ин деҳа ба кўл номи Сарезро дод. Акнун солиёни зиёд аст, ки вай ба маҳзани оби софи нўшиданӣ ва сарчашмаи киштзорҳои водиҳои паҳновар гардидааст. Ба ҷое, ки об меояд, зиндагӣ рўҳу тавон мегирад ва ба  баҳористон мубадал мегардад. Он ҷо дарахти орзу шукуфта, самар мебахшад. Об неъмати бузурги табиат аст. Дар ҳар қатраи об зарраҳои хуршед ғунҷоиш ёфтааст. Об сарчашмаи зиндагӣ мебошад. Ба об туф кардан ва онро ганда кардан гуноҳест азим ва баръакс, онро пок ва тамиз доштан савобест бузург. Об офаридаи муқаддаси Худованд аст. Ба ин хотир мардум хоби худро ба об мегўянд. Бе об ҳаёт нест. Онро инсон гиромӣ дошта, ба сад лафзу таъбири ширин: оби зулол, оби хонӣ, оби ширин, оби аҳмар, оби гуҳар, оби зиндагӣ, оби иноб, оби марворид, оби наргис, оби оташнишон, оби рангин, оби тараб, оби Хизр, оби ҳаёт, оби ҳайвон, оби бақо ва ғайра васф кардааст.

Чархбол дар авҷи осмони абролуд парвоз мекард. Дар сари роҳи худ аз болои чанд теғҳои кўҳ «ҷаҳида» гузашта, ба дараи печдарпечи Бартанг дохил шуд. Ин дара дар Помири Ғарбӣ ба самти шимол бештар аз сад километр тўл кашидааст. Дар паҳлўи рости он силсилаи қуллаҳои найзавор тез ба осмон қад афрохтаанд, ки онҳо дандонҳои арраро ба хотир меоварданд. Ин дандонҳо муттасил баланд шуда, то ба шаш ҳазору панҷсад мерасанд! Дар камару теғаҳои онҳо барфу яхҳои ҷовидонӣ аз сар ба сар захира шуда мехобанд. Ин дара хилваттарин ва камаҳолитарин мавзеи кўҳҳои Помир аст.

Чархбол дар осмони дара мисли уқоб муаллақ зада, парвоз мекард. Вай дар ҳар печи дара ба як сў моил шуда давр мехўрд ва аз нав мувозинати худро барқарор намуда, торафт ба зинаҳои нав ба нави кўҳ мебаромад. Аз он ки дара тангтар ва ҳаво камтар мешуд, суръат ва баландии он зуд-зуд тағир меёфт.

Юра ва Наврўз аз иллюминатор атрофро тамошо карда мерафтанд. Сергей Петрович журналеро кушода мехонд. Алмос аз он ки дўстонаш вайро ба чархбол шинонда ба авҷи ҳаво бардоштанд, бетоқатона ҷингос мезард, чашмонаш пур аз тарс буданд. Ногоҳ Юра «дада кўл!» гуфта дод зад. Аз ин садо Алмос аз ҷояш як қад парида хест. Сергей Петрович аз иллюминатор атрофро аз назар гузаронида бепарвоёна: «Ҳа, расида омадем», гуфт. Вертолёт дар болои сарбанди кўл як давре хўрда, пас дар сатҳи кўл, ки оби он аз шимоли кўҳсор мавҷ мезад, парвоз мекард. Ин дам бортмеханик аз кабина баромада ба Сергей Петрович хабар дод:

-Фурсати мо танг аст, ҳаво вайрон мешавад. Мо нишаста моторро хамўш намекунем. Асбобу афзоли худро тайёр карда, зуд мефароед!

-Ҳамин тавр мекунем,-оромона ҷавоб дод Сергей Петрович.

Чархбол дар назди истгоҳи обу ҳавосанҷии Ирхт, ки он дар соҳили дарёчаи Лангар бунёд шуда буд, поён шуд. Оби ин дарёча ба яке аз халиҷҳои кўли  Сарез мерехт. Бинои марказ чаҳор дар хона дошт. Дар яке аз онҳо асбобҳои истгоҳ ҷой гирифта буд, дар ду хонааш кормандони он мезистанд ва як дар хонаи дигар вазифаи амборро ба ҷо меовард. Мисли ҳамаи истгоҳҳои обу ҳавосанҷӣ ба назар мерасанд. Канортар аз бинои истгоҳ кормандони он ба худ нонвойхона ва ҳаммом бунёд кардаанд. Дар як гӯшаи дигар, зери ягона дарахти тўс, ки дар ин ҷо сабзида буд, бошишгоҳи тобистона обод шудааст, ки одатан, баъд аз моҳи май то боридани барфи аввалин панҷ нафар корманди бебоки он зери он хўрок хўрда, истироҳат мекарданд. Ҳоло бошад дар атрофи истгоҳ як шаҳраки хурде бунёд шуда буд, ки дар он гидрогеологҳо, яхшиносҳо, геофизикҳо, ихтиологҳо, географҳо, топографҳо, филмбардорҳо ва ҳатто дар ду хайма туристон зиндагонӣ мекарданд. Ҳар кадом ба кўчаи худ номи Маскав, Ленинград, Душанбе,Тошканд, Новосибирск, Киев ва ғайраро гузошта буданд. Дар қатори онҳо кўчаи Бунафша, ки иборат аз як хайма буд, пайдо шуд. Агар ба сари яке аз қуллаҳои атрофии кўл баромада ба ин ҷо менигаристем, ин шаҳрак замбурўғзори баъд аз раъди ғуррон пайдо шударо ба хотир меовард.

Сергей Петрович ду рўз бачаҳоро дар атрофии кўл тамошо дод ва худ ҳам ба натиҷаи кори гидрогеологҳо, геодезистҳо ва яхшиносҳое, ки аксар мутахассисони ҷавони навкор буданд, шинос шуда, ба қарори қатъӣ омад, ки ба гурўҳе роҳбарӣ карда, аввал теппаю ёлаҳои самти рости сарбанди кўлро, ки хатари ламбидан дошт, нишон диҳад, сипас шогирдонро ба сарчашмаҳои об ва сари кўллаҳо бурда, ба кори таҳқиқотию илмиашон кўмак расонад.

-Ман ду-се рўз ба сари қуллаҳо банд мешавам, бачаҳо,-пеш аз сафар ба Юраю Наврўз рў оварда гуфт Сергей Петрович. –Шумо ин ҷо меҳмон мебошед, иззати худро нигоҳ доред. Сарез барои Шумо кўчабоғи деҳаи Бунафша нест. Гап ҳамин, аз атрофи халиҷ дур намеравед. Сойи Лангар аз моҳӣ пур, аз он гиред. Ман шуморо ба ихтиёри амаки Аёс монда меравам, аз хати кашидаашон набароед. Вай сарашро дар ин ҷо сафед кардааст.

– Дилат аз мо ҷамъ бошад, падар,-гуфт Юра.

– Мо гапи бобои Аёсро ду намекунем,-кувват дод Наврўз.

-Шумо бачаҳои боақлу тамиз. Коре кунед, ки мўйсафед аз шумоён  наранҷад. Фурсат ёфта ба корҳои истгоҳ ёрӣ расонед. Амаки Аёс арраро тез карда ба шумо медиҳад, ғулачўбҳои овардаи чархболро арра карда, сарчин кунед.

-Ҳо, ҳамин тавр мекунем, дада,-розӣ шуд Юра.

-Ин кори мушкил не,-илова намуд Наврўз.

-Модарат мухобира кунад, гўй ки падарам як гурўҳро ба кўҳ бурд,-даст  ба сари шонаи  писараш гузошта гуфт Сергей Петрович- Як гурўҳ мардҳои пурқувватро гирифта бурд, гўй.

– Дар он ҷо сангҳои зебо ёфт мешудагистанд. Дида монед гиред, дада, ба модарам мебарам. Дар хатам ба Наташа ҳам ваъда кардаам.

Сергей Петрович ин гапро шунида қоҳ-қоҳ зада хандид. Дар ҳоле, ки чеҳрааш масруру шукуфон буд, гуфт:

-Мо дар чи хаёлу фалак дар чӣ андеша! Хуб, ваъда ки дода бошӣ ҷамъ мекунам. Мард бояд ба қавлаш вафо кунад! – Баъд Сергей Петрович ба Наврўз рў оварда гуфт: – Ту ҳам, албатта, «Лаъли Бадахшон» меорам гуфта ба ягон духтари дўстрў ваъда додагистӣ? Ҳамту не?

-Не, амак. Агар дар кўҳ дандон ё нохуни палангро дида монед, гиред.

-Онро чӣ мекунӣ?

-Онро дар қатори мўҳраҳо дар гаҳвораи кўдакон мебанданд, ҷавоне ки онро дар бозубандаш баста мегардад, ба вай ҳеҷ чиз таъсир намерасонад.

– Ин тавр ки бошад,кўшиш мекунам, ки пайдо шавад.

– Шумо Алмосро ҳам ҳамроҳи худ баред, амак. Бобои Аёс мегўяд, ки дар кўҳҳои ин ҷо гургҳои гуруснаву юзу паланг бисёр аст, – фаҳмонд Наврўз.

– Ин мардҳои ҷавоне, ки бо ман мераванд, ҳар кадомашон як паланганд. Мо ҳатто ҳамроҳи худ силоҳ намегирем. Ба шумо мондани Алмос беҳтар аст.

Субҳидам вақте ки Сергей Петрович бо гурўҳи худ роҳи қуллаҳоро пеш гирифт, бачаҳо масти хоб буданд.

*****     *****     *****

Аз китоби Шодон Ҳаниф “Булбули гӯё”. Ин китоб соли 2005  дар шаҳри Душанбе чоп шудааст ва чанд нусха аз он дар Китобхонаи миллӣ вуҷуд дорад. Дар толори хониши кӯдакон ва наврасон ҳам як нусхаи он ҳаст, ки хонандагон ҳар вақт хоҳанд, метавонанд онро бихонанд. Китоб  аслан як романи саргузаштӣ барои бачаҳо мебошад.

Таҳияи Шабнами Мустафо,

 мутахассиси шуъбаи кўдакон ва наврасон.