Нишони “Аълочии кинематографияи тоҷик” ба Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Асланшоҳ Раҳматуллоев дар ҷашни 70-солагиаш

IMG_6208Бахшида ба 70-солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Асланшоҳ Раҳматуллоев бо ташаббуси шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Ахтари тобони ҳунари ҳаҷв» ҳамоиш доир шуд.

Дар ифтитоҳи маҳфили ҷашнӣ муовини директори Китобхонаи миллӣ Сайфиддин Камолзода суханронӣ намуда, Асланшоҳ Раҳматуллоевро аз шумори ҳунармандоне донист, ки ўро бинандагон аз аввалин нақшҳояш шинохтаанду дўст доштанд.

Камолзода дар идомаи суханрониаш аз саҳми арзандаи ин ҳунарпешаи мумтозу маҳбуби кишвар андешаҳояшро иброз намуд. Вай гуфт Асланшоҳ Раҳматуллоев дар намоишномаҳои театрии «Ҳамлет», «Корвони бахт», «Ҳодисаҳои ғайриоддӣ», «Гилеми кабуд», «Шоҳ Лир», «Роҳзанон», «Мардон намегирянд», «Вақте шаҳр хобидааст», «Ғуруби Аҷам» хуб ҳунарнамоӣ кардааст, вале истеъдоди ў дар кино бештар намоён аст.

IMG_6188Дар маҳфил намояндагон аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ, Театри драмавии русии ба номи Вл. Маяковский, Театри миниатюраи “Оина”, Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва кормандони Китобхонаи миллӣ иштирок намуданд.

IMG_6172Сармутахассиси Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияти ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, номзади илмҳои филологӣ Шамсиддин Нуриддинов  ва муовини якуми директори Муассисаи  давлатии “Тоҷикфилм” Толиб Ғайбуллозода аз хидматҳои шоёни ин марди ҳунар ҳарф зада, хотироташонро баён намуда, ба Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Асланшоҳ Раҳматуллоев барори эҷодӣ ва хушиҳои рӯзгорро орзу намуданд.

Дӯстону шогирдон ва камкорони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Асланшоҳ Раҳматуллоев дар ҷашни 70-солагии ҳунарманд ширкат доштанд.  

Дар толори ошёнаи 9-уми Китобхонаи миллӣ филми коргардони тоҷик Ҳалим Сангин дар бораи Асланшоҳ Раҳматуллоев намоиш дода шуд.

Дар ин ҳамоиш муовини директори “Тоҷикфилм” Толиб Раҳматуллоев аз номи ин Муассиса ба Асланшоҳ Раҳматуллоев нишони “Аълочии фарҳанги Тоҷикистон” тақдим намуд.

IMG_6229 Нақшҳои иҷрокардаи ин ҳунарманд дар филмҳои бадеии «Тӯфон дар водӣ», «Ҳафт домоди дуздидашуда», «Вохӯрӣ дар дараи марг», «Робита» (2 қисм), «Саргузашти Мукаи хурдакак», «Дар ағба напарронед», «Дӯстонро намефурӯшанд», «Ҷӯра-шикорчӣ аз Минархар» (6 қисм, телевизионӣ), «Афсонаҳои нави Шаҳрзод» (2 қисм), «Кумир», «Марди мутааллиқи ду зан», «Қасосгири хурд», «Қош ба қош», «Вақте болои шаҳр борон меборид», «Гумшуда ёфт шуд», «Қӯшатир», «Модар бо мост», «Имтиҳон», «Кӯҳистонӣ», «Бехонаҳо дар касалхона», инчунин филмҳои истеҳсоли дигар давлатҳо «Ҳалима» («Туркманфилм»), «Қуюди шабгардӣ” «Таъмиргар» (киностудияи ВГИК), «Бозгашт», «Тарафи чоруми секунҷа» («Мосфилм»), «Афсарон», «Тақвими интизорӣ», «Захираи тилло» (телеканали НТВ) ва ғайра хотирмонанд.

Маҳфили ҷашинро ҳунарнамоии ҳунармандони Театри минётураи “Оина” ва сарояндагону ҳунармандон ҳусну таровати дигар бахшид.

Раҳима Аъзам