Мизи гирди Китобхонаи миллӣ бахшида ба Рӯзи забон
Бахшида ба Рӯзи забони тоҷикӣ Маркази забони тоҷикӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷии Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд бо номи “Забон-муҳимтарин унсури ҳастӣ ва бақои миллат аст” доир намуд.
Салима Раҷабзода-муовини директори Китобхонаи миллӣ мизи гирдро ифтитоҳ бахшида, иброз дошт, ки чанд сол аст мо мардуми шарафманди Тоҷикистон дар фазои орому осудаи Ватани азизу маҳбуби хеш 5-уми октябрро чун Рўзи забони давлатӣ таҷлил менамоем.
Салима Раҷабзода мухтасар дар бораи таърихи мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ ва нақши созандаи Пешвои муаззами миллат дар рушди забони модарии мо дар даврони Истиқлол, барномаҳои давлатии тавсеаи забон ва ғайра изҳори назар намуд.
Сайфиддин Назарзода, доктори илмҳои филологӣ, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзӯи истиқлол ва забони давлатӣ суханронӣ намуд. Ӯ таҳаввулу тағйиротеро, ки дар даврони Истиқлол забони модарии мо ба он дучор шудааст, хеле бунёдӣ ва сарнавиштсоз медонад, ки аз давраи охири мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ сарчашма мегирад. Имрӯз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки 5-уми октябри соли 2009 қабул гардид, мавриди амал қарор гирифтааст. Мувофиқи ин қонун мавқеи ҳуқуқии забони тоҷикӣ муайян карда шудааст, гуфт профессор Назарзода.
Ӯ дар идома кӯшишу талоши зиёиён ва фарҳангиёни тоҷикро барои аз бунбасти сиёсиву иҷтимоӣ берун баровардани забони тоҷикӣ бо шуруи давраи бозсозӣ ва фароҳам шудани имконоти ошкорбаёнӣ ва ба таври аланӣ рушд ёфтани бедории миллӣ таъкид намуд. Сайфиддин Назарзода гуфт, ки дар Тоҷикистон низ дар баробари дигар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ҳаракати истиқлолхоҳӣ бештар аз ҳама хусусияти фарҳангӣ дошта, дар навбати аввал бозгашт ба анъанаҳои миллӣ ва дигар унсурҳои пешқадами миллиро тарғиб мекард.
Узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Сайфиддин Назарзода аз пуштибониҳои Пешвои миллат сухан ба миён оварда, соли 2000-умро гардиши куллӣ дар сиёсати забонии Ҷумҳурии Тоҷикистон номид.
Нурхон Гадоев, профессори кафедраи назария ва амалияи забоншиносии Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дар мавзуи бузургиву покии забон суҳбат намуд. Забон бо тафаккур алоқаи бевосита дорад. Ҳар фикре, ки дар зеҳни мо пайдо мешавад, ба воситаи забон шакл мегирад, ба ин маънӣ фикрҳои лучу урён, фикрҳое, ки аз забон фориғ бошанд, вуҷуд надоранд. Ба гуфтаи ӯ забон ягона восита ва шакли асосии ифодаи фикр аст.
Мавзуи суҳбати Моҳира Мирзоева, доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон нақши васоити ахбор дар рушди забони миллӣ буд. Профессор Моҳира Мирзоева кормандони васоити ахбори оммаро дар қатори соҳибони забон донист ва изҳор дошт, ки онҳо бояд дар рушду такомули забони миллӣ нақш бозанд. Дар ҳамин ҳол ӯ аз вазъи хароби васоити ахбори омма изҳори нигаронӣ намуд. Ӯ аз вожаву ифодаҳои васоити ахбори омма мисол овард: аз рӯи ду латта, ҷӯш омадан, аралаш кунед, сари фарзанд рафт, писарашро ба ҳофиза наход дод. Дар ҳоле, ки ин вожаҳову ифодаҳо муродифи тоҷикӣ доранд, нигорандагон бепарвоӣ нисбати забони асили тоҷикӣ намуда, ба саҳлангорӣ роҳ додаанд, изҳор дошт профессори кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Мушаррафа Ҷўраева, доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ аз камбудиҳои забони тоҷикӣ дар ҷомеа сухан ронда, муроҷиатҳои хешутабориро ба мисли апа, хола, мома, ки ба одамони ношинос дар хиёбон садо мекунем ва аз рӯи одоб нест, сухан гуфт.
Дар фарҷоми мизи гирд миёни ширкаткунандагон дар атрофи покии забон табодулиафкор сурат гирифт.
Раҳима Аъзам