Савриниссо Саидова. Ҳунарманде, ки аз саҳна ба китобдорӣ омад
Савриниссо Саидова аз зумраи касонест, ки 30 соли умри пурбаракати худро сарфи китобдорӣ кардааст. 25 апрели соли 1953 дар ноҳияи Шаҳринав дар оилаи зиёи таваллуд шудааст. Соли 1971 шуъбаи актёрии факултаи санъати Институти давлатии педагогии ш. Душанберо (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ) хатм намуда, дар Театри давлатии акдемӣ – драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ба кор шурўъ мекунад. Аз соли 1986 фаъолияти кории худро дар шуъбаи библиографияи миллии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба ҳайси мудири бахш идома мебахшад ва қариб 30 сол дар пешбурди кори он саҳм гирифтааст.
Баробари хизматрасонӣ ба муштариён, созмон ва таҳрири дастгоҳи маълумотдиҳии шуъба (феҳристу картотекаҳо) кор бо хазинаи шуъба ба омоданамоии дастурҳои библиографӣ аз қабили «Нобиғаҳои ҳама давру замон», «Душанбе – пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Корупсия», шуғл варзидааст.
Дар “Тақвими ҷашн ва санаҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо очеркҳо бахшида ба ҳаёту фаъолияти як идда санъаткорони машҳури тоҷик, чун Ато Муҳаммадҷонов, Аҳмад Бобоқулов, Меҳрубон Назаров, Ҳоҷикул Раҳматуллоев ва дигарон саҳм гузоштааст.
Донишу таҷрибаи андўхтаашро ба кормандони ҷавон меомўзонад. Ҳеҷ гоҳ зимни иҷрои вазифа аз талабу дархости хонанда дилгир намегашт, баҳри баланд бардоштани ҷаҳонбинии муштариён талош меварзид.
Ҳамсари артисти халқии Тоҷикистон Ато Муҳаммадҷонов. Заҳмати шоёнаш бо унвони «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» қадр шудааст.
Сабоҳат Иброҳимов,
муовини сардори
шуъбаи коркарди адабиёт.