29-уми апрел Рўзи ҷаҳонии рақс. Рақс чист?
Рақс, як навъ санъатест, ки дар он образи бадеӣ тавассути ҳолату ҳаракати бадан, дасту по, имою ишора офарида мешавад. Рақс бо ҷунбиши инсон ҳангоми меҳнат ва таассуроти ҳиссии вай вобаста мебошад. Рақс яке аз зуҳуроти қадимаи эҷодиёти халқ аст. Рақси халқӣ вобаста ба шароити таърихию иҷтимоӣ ва ҷуғрофии ҳаёти халқ инкишоф меёбад, вай дар худ завқи бадеӣ, тарзи зисту зиндагонӣ, олами эҳсосот, урфу одат, характери рўҳияи халқро таҷассум мекунад. Рақсҳои халқӣ маҳсули меҳнати эҷодии омма буда, дар тўли асрҳо аз авлод ба авлод гузашта, сайқал ёфта ба дараҷаи баланди бадеъ расидаанд. Рақс ва василаҳои тасвири он гуногунанд: чунончӣ, дар рақсҳои халқҳои Европаи Ғарбӣ ҳаракати пой мавқеи махсус дошта, ҳаракати даст ва бадан воситаи ёрирасон мебошанд ва баръакс дар рақси аксар мамлакатҳои Шарқ ҳаракати дасту бадан василаи асосии бадеӣ аст. Рақс дар ҳамовозии созҳои халқӣ, қарсак ё хониши ҳофизон (яккаса, дукаса ё гурўҳи одамон) иҷро мешавад. Санъати рақс шаклҳои зиёде дорад. Ба ғайр аз навъҳои гуногуни рақси халқӣ (маросимӣ, меҳнатӣ, лирикӣ, мазҳакавӣ ва ғ.) боз рақси классикӣ, эстрадӣ, варзишӣ низ вуҷуд доранд.
Санъати рақсро хореография ва устоди ин санъатро хореограф ё ин ки балетмейстер мегўянд. Дараҷаи олии хореография балет мебошад.
Санъати рақс таърихи тўлонӣ дорад. Бино ба осори хаттӣ, намунаҳои санъати тасвирӣ ва ҳайкалтарошӣ рақс дар давраи то милод дар идҳои динии Ошур, Миср, Ҳиндустон ва дигар мамлакатҳо мақоми хос дошт. Дар Юнони Қадим рақс на танҳо як ҷиҳати маросимҳои динӣ, балки воситаи тарбия низ буд. Рақс инчунин як ҷузъи муҳими намоишҳои фоҷиавӣ ва мазҳакавии театри Юнони Қадим буд.
Дар асрҳои миёна рақс бо вуҷуди таъқиби рўҳониён инкишоф меёфт. Шаклҳои ибтидоии саҳнавии рақсро жонглёрҳо ва масхарабозон ба вуҷуд овардаанд. Минбаъд рақс бо театр пайваст. Мактабҳои махсуси рақс кушода шуда, доир ба санъати рақс дастуруламал ва рисолаҳо нашр гардиданд. Дар асри XVI дар Италия балет ба вуҷуд омад ва дертар ҳамчун намуди мустақили санъати театрӣ ташаккул ёфт. Балет дар дигар мамлакатҳои Ғарб низ тараққӣ карда, санъати рақс мураккабтар шуд. Дар нимаи дуюми асри XVI дар Фаронса аввалин спектаклҳое, ки аз рўи як сюжети муайян мураттаб гардиданд, ба саҳна гузошта шуданд.
Санъати рақси тоҷик низ таърихи дурударозе дорад. Вай аз ҷараёни меҳнат, бозӣ, идҳои оммавӣ ва маросимҳои халқӣ ибтидо ёфтааст. Рақси тоҷикӣ бо вуҷуди гуногун будани услуб, тарзи бадеӣ ва оҳангҳояш ҷиҳатҳои муштарак ҳам дорад. Мазмун яке аз махсусиятҳои рақс аст. Раққос бо ҳаракат, имову ишора муносибаташро ба ҷиҳатҳои гуногуни ҳаёт, олами атроф ва табиат ифода мекунад.
Ба эҷодиёти балетмейстерҳои Тоҷикистон Марям Файзибоева, А. Исломова, А. Просенко, К. Голейзовский, Ғаффор Валаматзода, Азиза Азимова, Рамзия Баккал, Зебо Аминзода ва дигарон саъйи пайваст намудани фольклори рақсӣ бо тахайюли эҷодӣ, ифодаи мазмуни баланд, нафосат, бой намудани василаҳои тасвир ва нигоҳ доштани таровати такрорнашавандаи санъати халқ хос аст. Дар бобати офаридан ва ташвиқу тарғиб намудани беҳтарин намунаҳои санъати рақси тоҷик театрҳои касбию халқӣ саҳми сазовор гузоштаанд.
Соли 1965 Ансамбли давлатии рақси «Лола» (роҳбари бадеиаш Ғаффор Валаматзода) ва соли 1978 ансамбли «Зебо» (назди Кумитаии давлатии радио ва телевизиони тоҷик, роҳбари бадеиаш Зебо Аминзода) таъсис ёфт, ки онҳо барномаи худро аз рақсҳои тоҷикӣ ва ҷумҳуриҳои бародар, инчунин мамлакатҳои Шарқ тартиб доданд. Ғаффор Валаматзода ва Зебо Аминзода устодони рақси муосири тоҷик шинохта шудаанд. Барака Ҳомидов, Сангалӣ Хўҷаев, Офтоб Исомова, Усмон Рабимов, Абиғай Исҳоқова, М. Қобилов, Ашўра Носирова, Лутфӣ Зоҳидова, Гавҳар Мирҷумъаева, Зўҳро Каримова, Малика Қаландарова, Ҳалима Эркаева, Элзара Асанова, Саида Файзалиева, Хосият Боева, Хайринисо Ватанова, Шарофат Рашидова ва дигарон дар пешравии санъати рақси тоҷик ҳиссаи арзанда гузоштаанд.
Рақси тоҷик дорои шеърият буда, ин хусусиятро чун назми бои мардумӣ ва классикии тоҷик дар иҷрои зиндаву рангоранги инсон ифода менамояд. Рақс имкон намедиҳад, ки инсон аз нокомӣ ва душвориҳои ҳаёт ба ноумедӣ афтад, он рўҳро ба илҳом меорад, дар ў эҳсоси равшану нек бедор мекунад ва дар баробари ин содагӣ, возеҳӣ ва зебоию наҷобати худро маҳфуз медорад. Рақси тоҷик чун яке аз ҷузъхои муҳими фарҳанги халқ инкишоф ёфта истодааст. Вай дар баробари тағйироти ҳаёт, нашъунамои санъати халқи тоҷик пайваста дигар шуда, ба бисёр комёбиҳо ноил гаштааст.
Муяссар Қаюмова,
мутахассиси шуъбаи адабиёт
доир ба фарҳанг ва ҳунар.