Николай Некрасов. 203 – солагии таваллуд

Николай Некрасов203 сол пеш, 10-уми декабри соли 1821 дар Немирови вилояти Подолск шоир, нависанда ва мақоланависи рус Николай Некрасов ба олам омад.

Николай Алексеевич Некрасов дар оилаи мулкдори сарватманд ба воя расидааст. Нависанда солҳои бачагии худро дар мулки оилавӣ ­ – ноҳияи Ярославл, деҳаи Грешнево гузарондааст. Оилаи онҳо калон буд, шоири оянда 13 хоҳару бародар дошт.

Некрасов дар синни 11-солагӣ ба гимназия дохил шуда, то синфи 5-ум онҷо таҳсил кардааст. Таҳсили Некрасови ҷавон хуб набуд. Маҳз дар ҳамин давра шоири оянда ба навиштани аввалин шеърҳои ҳаҷвии худ шуруъ намуда, онҳоро ба дафтарчааш қайд мекард.

Падари шоир бераҳму ситамгар буд. Вақте ки Николай ба хидмати ҳарбӣ рафтан нахост, падар ўро аз ёрии моддӣ маҳрум кард. Соли 1838 Некрасов ба Санкт-Петербург рафт ва дар он ҷо ҳамчун донишҷӯи ихтиёрӣ ба факултаи филологияи донишгоҳ дохил мешавад. Барои аз гуруснагӣ намурдан ва маблағе ба даст овардан, ба корҳои гуногун машғул мешавад, дарс медиҳад ва шеърҳои фармоишӣ менависад.

Дар ин давра ў бо мунаққид Белинский вомехўрад, ки баъдтар ба нависанда таъсири муассири ғоявӣ мерасонад. Некрасов дар синни 26-солагӣ ҳамроҳи нависанда Панаев маҷаллаи «Современник»-ро мехаранд. Маҷалла зуд маъруфият пайдо кард ва дар ҷомеа таъсири назаррас дошт. Соли 1862 ҳукумат нашри онро манъ кард.

Некрасов маблағи кофӣ ҷамъ карда, аввалин маҷмӯаи ашъори худ «Орзуҳо ва садоҳо»-ро (1840) нашр кард, вале он бо нокомӣ анҷом ёфт. Василий Жуковский маслиҳат дод, ки аксари шеърҳои ин маҷмӯаро бидуни номи муаллиф нашр кунанд. Пас аз ин, Николай Некрасов тасмим гирифт, ки аз шеър дур шуда, ба наср машғул шавад ва роману ҳикояҳо нависад. Нависанда инчунин ба нашри баъзе маҷмуаҳо машғул мешавад, ки дар яке аз онҳо Фёдор Достоевский аввалин бор баромад кардааст.

Маҷмўаи муваффақтарин «Маҷмӯаи Петербург» (1846) буд.

Николай Некрасов аз соли 1847 то соли 1866 ношир ва муҳаррири маҷаллаи «Современник» буд, ки дар он беҳтарин адибони он замон кор мекарданд. Маҷалла макони демократияи инқилобӣ буд. Замони  кор дар «Современник» Некрасов якчанд маҷмуаи ашъори худро нашр кард. Асарҳои «Бачаҳои деҳқон» ва «Майдафурўш» ба ў шўҳрати бузург оварданд.

Дар саҳифахои маҷаллаи «Современник» асарҳои чунин истеъдодҳо, ба монанди Иван Тургенев, Иван Гончаров, Александр Гертсен, Дмитрий Григорович ва дигарон пайдо шуданд. Дар он Александр Островский, Михаил Салтиков-Шедрин, Глеб Успенский, ки аллакай машҳур буданд, эҷодиёти худро нашр мекарданд. Ба шарофати Николай Некрасов ва маҷаллаи ў, дар адабиёти рус номи Фёдор Достоевский ва Лев Толстойро шинохта шуд.

Дар солҳои 1840 Некрасов бо маҷаллаи «Отечественные записки» ҳамкорӣ дошт ва дар соли 1868 баъди баста шудани маҷаллаи «Современник» онро аз ношир Краевский ба иҷора гирифт. Даҳ соли охири ҳаёти нависанда бо ин маҷалла алоқаманд буд. Дар ин замон Некрасов достонҳои «Кӣ дар Русия  зиндагии хуб дорад?» (1866-1876), инчунин «Занони рус» (1871-1872), «Бобо» (1870) дар бораи декабристон ва занони онҳо шеърҳо эҷод кард ва чанд асари дигари ҳаҷвӣ навишт, ки куллаи онҳо достони «Муосирон» (1875) буд.

Некрасов дар бораи азобу уқубат ва ғамхории халқи рус, ҳаёти душвори деҳқонон зиёд навиштааст. Вай ба адабиёти рус низ бисёр чизҳои нав дохил кард, аз ҷумла, эҷодиёти ў бо забони одии гуфтугӯиуи русӣ навишта шудааст. Ин, бешубҳа, боигарии забони русиро, ки аз халқ пайдо шудааст, нишон медиҳад. Вай дар ашъори худ нахуст ба омезиши ҳаҷв, лирика ва мавзуҳои мағмум шурўъ кардааст. Хулоса, эҷодиёти шоир дар инкишофи назми классикӣ ва умуман адабиёти рус саҳми бебаҳо гузоштааст.

Соли 1875 шоир гирифтори саратони рӯда шуд. Дар солҳои пурдарди пеш аз маргаш силсилашеърҳои «Сурудҳои охирин»-ро навишт, ки онро ба завҷа ва ишқи охиринаш Зинаида Николаевна Некрасова бахшидааст. Нависанда 27 декабри соли 1877 (8 январи 1878) дар Петербург вафот кард.