Оила саодати зиндагист
Тарбияи одамӣ аз ҳоли рўзу соат ва дақиқае ибтидо мегирад, ки вай аз батни модар ба дунё меояд. Ҳанўз нахуст Пайёмбари ориёинажодиён Зардушт дар китоби муқаддаси худ «Авасто» роҷеъ ба масъалаи таълиму тарбия андешаҳои худро иброз намуда, қайд кардааст, ки барои ҷомеа тарбияи насли навраси зираку оқилу доно ва тавоно зарур аст. Маълум мешавад, ки аз замонҳои қадим ориёнажодҳо ба тарбияи фарзандон эътибори ҷиддӣ медодаанд.
Оила арзиши муқаддасу қадимиест, ки ба эҳёи тамаддунҳо замина гузошта, дар зиндагии инсоният, таълиму тарбияи фарзанд ва пешрафти мадании ҷомеа нақши муҳимро мебозад. Дар тарбияи кўдакону наврасон нақши падару модар ва оила бағоят муҳим мебошад. Ҳамдигарфаҳмӣ, дўст доштани зану мард низ ба тарбияи аъзои оила таъсири мусбат расонида, боиси хушбахтии онҳо мегардад. Дар бораи ахлоқи оиладорӣ ниёгонамон дар осорашон бисёр суханҳои пандомўз ва ибратнок иброз кардаанд. Вале пеш аз ин равшан кардан зарур аст, ки мо зери калимаи «Бахт» чиро мефаҳмем.
Бахт – ин дар натиҷаи ҳаракати инсонӣ ба даст овардани талаботҳои маънавӣ, иҷтимоӣ ва ноил гаштан ба мақсади шахсӣ ва ҷаъмиятӣ мебошад.
Бахт-зиндагӣ кардан ва мубориза бурдан.
Бахт-ин барои дунё ҷавоб додан.
Бахт-ин боварӣ ба ояндаи неки одамон.
Бахт – ин сазовор гардидан ба мақсадҳои неки худ.
Бахт – ин бунёди оила ва тарбияи фарзандон.
Бахт – оромиву осоиштагӣ оила ва ғайр шуда метавонад.
Дар зиндагӣ бо боварӣ умр ба сар бурдани зану шавҳар омили асосиест, зеро боварӣ ва эътимод решаи вафо буда, нахли бовафоӣ аз ҳамин реша об мегирад, сабзу пурбор мешавад, ба камол мерасад. Нобоварӣ, беэътимодӣ меҳри дил ва сафои манзилро аз байн мебарад. Оила ва оиладорӣ пеш аз ҳама дар асоси ишқи пок ва садоқату вафодорӣ устувор аст. Дар зиндагии оилавӣ сабру таҳаммул ва муросову мадоро мавқеи муҳим дорад. Чунон ки ба ҳамагон маълум аст, ба вуҷуд омадани техникаву технологияи ҳозиразамон боиси васеъ гардидини сатҳи ҷаҳонбинии мардум шудаааст. Аммо пеш аз ҳама бояд, фикр кунем, ки чаро имрўз, сарфи назар аз он ки ҷомеаи мо ин қадар бо суръати баланд рушд ёфта истодаасту сатҳи маърифатнокии мардум боло гирифтааст, аммо бо вуҷуди ин ҳама дар бархе аз оилаҳои мо хушбахтӣ дида намешавад, ё ин ки ҷудошавии оилаҳо, хушунат дар оила дучанд шудааст. Ҳоло он, ки дар китоби муққадаси мусулмонон « Қуръон» низ таърифи оила бад ин зайл зикр гардидааст: «Ва аз нишонаҳои Худо он аст, ки барои шумо аз ҷинси худатон занон офарид, то бо онҳо ором гиред ва дар миёни шумо дўстию меҳрубонӣ пайдо кард. Ба дурустӣ дар ин кор барои гурўҳе, ки андеша мекунанд, нишонаҳое ҳаст» (сураи «Рум», ояти 21). Зану шавҳар бо муҳаббати ҳамдигар, бо таомулу якдигарфаҳмӣ ба оромиш мерасанд ва Худованд низ ба онҳо назари раҳмат намуда, фарзандоне ато мекунад, ки идомадиҳандагони насли башарӣ ва созандагони ҷомеаи рушднамуда гарданд.
Ақди никоҳ дар Шариати ислом паймони дуҷониба аст. Қуръони карим се нуқтаро: «Оромиш», «Муҳаббат», «Дилсўзи»-ро дар зиндагонии зану шаҳвар яке аз муҳимтарин ҳадафҳои барпоии оилаҳои солим ҳисобидааст. Дар ояти 23 сураи «Раъд» омадааст: «Ба Биҳишти ҷовидон, падарон ҳамсарони оилабунёдкарда ва фарзандони солеҳи солим дар навбати аввал медароянд…» Зеро фарзанд дар ин дунё нур ва дар охират сурур аст. Аз ин лиҳоз ҳадафи асосии издивоҷ ҳифзи нигаҳдории иффатии марду зан ва покдомонии волидайни мусулмон асту, таваллуди фарзанди бо никоҳи динию давлатӣ, солим таваллудшударо дар ҷои аввал мегузорад. Пас сабаби вайроншавӣ, зуроварӣ дар оила ва норасиҳо чист? Дар ин ҷо фикру андешаҳо гуногунанд, бархе бар он назаранд, ки сабаби ҷудо шудани оила ин пеш аз ҳама нофаҳмӣ байни зану шавҳар, байни падару модар, келину хушдоман, шабакаҳои иҷтимоӣ, ба монанди Viber, Facebook, Imo аст, ки боиси пайдо шудани рашк ва ғайра мегардад. Бале, ҳамаи ин сабабҳо боиси ҷудошавии оилаҳо шуда метавонад. Сабаби дигар ин нофаҳмӣ байни келину хушдоман ва боз рашк байни онҳо низ буда метавонад. Агар насли калонтар ба оилаҳои ҷавон назари нек дошта бошад, албатта, он оила низ пойдор мемонад. Дахолаати аз ҳад зиёди хусуру хушдоман ва дигар афроди оила ба ҳаёти навхонадорон низ сабаб шуда метавонад.
Аслан пойдор мондани оила ин якдигарфаҳмӣ байни зану шавҳар аст. Чӣ хеле ки қайд кардаанд, «Дар ҳаёти оила касоне хушбахт шуда метавонанд, ки «ман»-и худро ба «мо» табдил диҳанд». Яъне зану шавҳар бояд маслиҳатгар ва дўстӣ наздики ҳамдигар бошанд ва камбудии якдигарро хайрхоҳона ба ҳамдигар фаҳмонда ба ислоҳи он бикушанд. Агар дар оила муҳаббат, ҳамфикрӣ, эҳтироми тарафайн ҳукмфармо бошад, худи мухаббати падару модар, самимият ва ҳамкории дар ҳаёт омили тарбияи фарзандон мешавад.
Дар оилаҳое, ки «оромиш», «муҳаббат» ва раҳмати Худованд реша давондааст, ҷое барои хушунат, зуроварӣ, нафрат, якдигарбадбинӣ намемонад, ва роҳи «Талоқ» баста мегардад. Хулоса, оилае, ки пояаш ба муҳаббат асос ёфтааст, оилаи хушбахт аст. Дар мазраи диле, ки муҳаббат парварида мешавад, гули вафо, устуворӣ, матонат ва фазилатҳои неки инсони бояд шукуфон бошад. Дар чунин оилаҳо фарзандони неку хушрафтор, меҳнатдўсту меҳрубон ба воя мерасанд. Меҳру муҳаббате, ки ҳамсарон ба фарзандонашон мебахшанд, дар оянда, дар наслҳои минбаъдаи онҳо низ боқӣ мемонад.
Валиев Ҷамил – китобхонаи миллии Тоҷикистон