Ҷуғрофия. Оё шумо медонед Дашти Қипчоқ куҷост?

Дашти Қипчоқ. Дашти Хихчоқ, Дашти  Қиччоқ, Дашти Хифчоқ, минтақаи таърихӣ, ки марзаш аз Урал то Сибир, ҳавзаи баҳри Арал ва поёноби Сирдарё (ҳудуди Қазоқистон ва қисме аз сарзамини имрўзаи Руссия) тўл мекашид. Мувофиқи маълумоти маъхазҳои таърихии асрҳои 11-16 ҷуғрофиёи таърихии Дашти Қипчоқ минтақаи биёбониеро аз  поёноби Сирдарё ва кўли Балхаш то соҳилҳои дарёи Дон дар Аврупо дар бар мегирифт.

Номи минтақаи таърихӣ аз исми халқияти туркзабон – қипчоқҳои сокини Дашти Қипчоқ баромадааст. Бори аввал Носири Хусрав дар давраи ҳаракати  қабилаҳои қипчоқ аз соҳилҳои Иртиш ба самти Хоразм (1030) аз Дашти Қипчоқ ном бурда буд. Дашти Қипчоқ ба ду бахш: шарқӣ ва ғарбӣ ҷудо мешуд. Марзи бахши шарқии Дашти Қипчоқ аз поёни Сирдарё то кўҳҳои Улуғтоғ ва  Кўчактоғ, дар ғарб то сарзаминҳои  қабилаҳои  гугсард (тобеи Ботухон буданд), дар шимол то сарзамини узбакон (тобеи Шайбон буданд) ва дар ҷануб то биёбони Қароқум тўл мекашид.

Бахши ғарбии Дашти Қипчоқ ноҳияҳои баҳамоии дарёи Волга ва Донро фаро гирифта, сарҳаддаш дар шарқ то кўҳҳои Аралск ва баҳри Хазар, дар ғарб то дарёи  Дунай  ва дар ҷануб то  баҳри Сиёҳ тўл мекашид. Муғулҳо дар асри 13  бахши ғарбии  Дашти қипчоқро ишғол карда, бо аҳолии маҳаллӣ омезиш ёфтанд.

Баъди  тохтутози муғул  Дашти  қипчоқ бо номи Кукурда (Урдаи  Тилоӣ)  ба  ҳайати улуси  Ҷучӣ – писари бузурги Чингиз дохил гардид.

Аз солҳои 70 асри 14 дар  натиҷаи муборизаҳои Урусхон (1361-75) – и хони Урдаи Тилоӣ бо Туқтамишхон (бо пуштибонии Темурланг) ва баъдан Туқтамишхон бо Темурланг парокандагии сиёсӣ дар Дашти Қипчоқ густариш ёфта, минтақа ба мулкҳои хурд тақсим шуд. Дар нимаи аввали асри 14 қисми зиёди Дашти Қипчоқ ба ҳайати улуси нуғай (манғит) бо сарварии Едигей ва улуси Шайбон дохил мешуд. Тибқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ дар миёнаҳои асри 15 аксарияти бошандагони Дашти Қипчоқ аз қабилаҳои бодиянишини турку муғул иборат буда, барои ба даст овардани чарогоҳ бо ҳам мубориза мебурданд. Дар нимаи асри 15 қабилаҳои кўчии Дашти Қипчоқ ба 92 қабила, аз ҷумла  киёт, манғит дурман, уйғур, қарлуқ, қунғурот, таймас, хитой ва ғайра ҷудо мешуданд.

 

Бозчоп аз Энсиклопедияи  Миллии Тоҷик. – Душанбе. – 2017. – Ҷ.5. –

 С. 408.

Муаллиф: Ҳ. Камол

Таҳияи Парвина Қаюмова    

корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.