Китобхонаҳои аҳди қадим. Мисриён ва эрониён
«… Искандар бар Форс ба кохи Дориюш даст ёфт, ганҷинаҳои донишро, ки забони паҳлавӣ бар сангҳо ва лавҳаҳо донишҳои мухталифи табиӣ, пизишкӣ навишта шуда буд, фармон дод ба забони юнонӣ баргардонанд ва онҳоро ба Миср фиристод, то дар китобхонаи Искандария нигаҳдорӣ шаванд ва бисёр аз китобҳоро сўзонданд ва нобуд сохтанд».
МИСРИЁН
Тамаддуни бостонии мисриён ҳамзамон бо тамаддунҳои шумериён, бобилиён ва ошуриён шукуфо буд. Аммо мисриён аз назари шакли китоб ва маводи навиштанӣ аз онҳо тафовути бисёре доштанд. Моддаи навиштании онҳо барги папирус буд, аз қалами муммонанд ба сифати василаи нигориш истифода мекарданд ва шакли китоби онҳо тумори папирус ба паҳнои як по ва дарозии бист по буд. Нигориши онҳо ба хати тасвирӣ (нақшӣ) анҷом мегирифт. Мавзўъи туморҳои мисрӣ матолиби мазҳабӣ, ахлоқӣ ва сиёсӣ буданд.
Диодори Сисилӣ (90-21 то мелод) муаллифи китоби «Китобхонаи таърихӣ» иборат аз 40 китоб, ки имрўз 1-5 ва 11-20 дар парокандагӣ мавҷуд аст, ишора мекунад, ки дар даромадгоҳи китобхона чунин навишта шуда буд: «Даво барои рўҳ» Дар соҳили дарёи Нил дар Карнак қабри ду тан аз китобдоронро пайдо карданд, ки падару писар бо номи Миамун дар хидмати Рамзес (1200 сол то мелод) будаанд. Ин тобутҳо гувоҳи он ҳастанд, ки дар Мисри бостон вазифаи китобдор мисли ходимони давлатӣ меросӣ будааст.
Мисри Бостон китобхонаҳои бешуморе аз қабили китобхонаҳои шахсӣ, маъбадӣ ва бойгониҳои давлатӣ дошт. Туморҳои папирусӣ маъмулан дар кўзаҳои даҳонкушодаи гилӣ (хум) ё устувонаҳои филизӣ нигоҳдорӣ ва дар рафҳо гузошта мешуданд. 2500 сол пеш аз мелод китобхонаи азиме дар Ғаза вуҷуд дошт ва таъсиси китобхона дар Тебс ба соли 1250 пеш аз мелодро ба Рамзеси II нисбат медиҳанд. Аз миёни намунаҳои машҳур навиштаҳои достонӣ танҳо чандтое боқӣ аст ва донистани ин ки маҷмўи қонунҳои Ҳаммуробӣ акнун осорхонаи Порис ба «папируси Порис» машҳур ба «куҳантарин китоби олам» дар китобхонаи миллии Порис аст, худ шоҳид мебошад. Мавриди охир қадимтарин китоби мисрӣ аст, ки 2880 сол пеш аз мелод ба нигориш даромадааст.
Дар адабиёти мисрӣ навиштаҳои назири «суруди уднавоз» вуҷуд дорад, ки умуман онҳоро адабиёти ашрофона мехонанд. Папируси порисӣ ба ин мавзўъ мутааллуқ аст ва шояд китобҳои номаълуме, ки ба 30 қарн пеш аз мелод тааллуқ доранд, ҳам аз ин даста бошад.
Китобхонаҳои эрониён
Кишваре, ки мардуми эронинажод сокин буданд, аз кишварҳои ангуштшуморест, ки дар даврони пеш аз ислом китобхонаҳои азими он шуҳрати ҷаҳонӣ доштааст.
Роҷеъ ба китобхонаҳои эронии бостон аснод ва мадорике, ки мушаххас дар бораи онҳо битавонем сухане бозгў кунем, дар даст надорем, ҷустуҷўҳои бостоншиносӣ то ҳол дар падидор кардани ин масъала кори чашмрасе ба анҷом нарасонидаанд. Перомуни китобхонаҳои ин давр мо танҳо аз асарҳои аснодӣ ва ё зиндагиномаҳо бештар мавод пайдо мекунем. Дар ин давра Балх маркази рушд ва густариши фарҳанги ориёӣ дар Бохтар шинохта шуда буд. Муҳақиқони таърихи Шарқ ғолибан Балхро маркази пахш ва нашри фарҳанг медонанд. Китобхонаҳо, ки худ маркази ҳифз ва нашри дониш ба шумор мераванд, дар сафи аввали ниёзмандиҳо қарор доранд ва ҳар ҷомеаи донишписанд ва донишҷў ба таъсиси китобхона мепардозад ва зарурати онро эхсос менамояд. Мувофиқи суннати фарҳанги ҷомеаи ориёӣ дар Балх, баъдан зербинои китобхонаҳоро рехтанд ва онҳо шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо карданд.
Аз гуфтаи Балъамӣ бармеояд, ки китобҳоро дар ганҷхона нигоҳдорӣ мекарданд, ки онҳоро метавон китобхона номид.
Аз китобхона фақат соҳибони дониши маздоӣ (муғон) баҳра мебурданд, на табақоти маҳруму поёнии ҷомеа. Муаррих Табарӣ низ ба ҳифзи китоби «Авасто» ишора мекунад. Ба ақидаи Аҳмад Алии Кўҳзод нусхае аз «Авасто» дар китобхонаи Самарқанд маҳфуз буд. Искандар онро оташ зад, аз ин рў, дар ойини маздоӣ Искандар бо лақаби бадкор, роҳзан ва ситамкор ёд мешавад ва ўро чун сўзандаи «Авасто» мавриди нафрин қарор медиҳанд.
Эрониёни бостон дар даврони Ҳахоманишиён китобхонаҳои шоҳаншоҳӣ доштанд. Донишгоҳҳои Гунди Шопур ва дигар нуқоти Эрони имрўза ҳама дорои китобхона ва ганҷинаи китоб будаанд. Ибни Надим дар «Ал-феҳрист», аз китобхонаҳои Аҳди Қадим ёд мекунад ва менависад: «… Искандар бар Форс ба кохи Дориюш даст ёфт, ганҷинаҳои донишро, ки забони паҳлавӣ бар сангҳо ва лавҳаҳо донишҳои мухталифи табиӣ, пизишкӣ навишта шуда буд, фармон дод ба забони юнонӣ баргардонанд ва онҳоро ба Миср фиристод, то дар китобхонаи Искандария нигаҳдорӣ шаванд ва бисёр аз китобҳоро сўзонданд ва нобуд сохтанд».
Ганҷинаи китобҳои Ҳахоманишиён дар китобхонаи Искандария будааст, ки мутаассифона, аз он дар таҳқиқоти зиёди муосир кам ёд мешавад.
Ибни Надим дар бораи алоқа ва ишқи подшоҳони Эрони қабл аз ислом дар ҳифзи дониш, улум ва китоб матолибе нақл мекунад: «Подшоҳони эронӣ, аз назари ин ки донишҳо бимонанд ва аз дастбурди замон маҳфуз бошанд, онҳоро бар пўсти дарахти хаданг, ки «тўз» меномиданд, менавиштанд ва ончунин ки дар худ таърихча навиштанд, дар нуқоте, ки зилзилахез набудааст, дар ҷойҳои мустаҳкаме нигоҳдорӣ мекарданд. Боз илова мекунад: «Ман худ соли 342 ҳиҷрӣ ин китобҳоро дидам ва чунон, ки гуфтанд, ин китобҳо бисёр ғунҷо буданд ва то як сол аз буйи гандаашон кассе наметавонист бадон наздик шавад».
Ибни Надим аз ду китобхонаи дигар ҳам дар замони Сосониҳо ёд мекунад. Яке китобхонаи Ардашери Бобакон ва дигаре китобхонае, ки Анўшервон дар Гунди Шопур барои донишгоҳи он ҷо фароҳам оварда буд.
Ибни Надим менависад: «Он гоҳ, ки Ардашери Бобакон ғалаба ёфт, китобҳое, ки аз Эрони Бостон монда ва пароканда шуда буданд, аз Ҳинду Чин гирд оварду дар китобхона онҳоро нигоҳдорӣ мекард, писараш Шопури I кори ўро дунбол кард ва аз он чи аз забонҳои дигар ба форсӣ баргардонида шуда ва ба сурати китоб даромада буд, ҳамаро фароҳам овард ва ҳамчунин ба ҷамъоварии «Авасто» пардохт ва бо кўмаки бузурги мубадон «Авасто»-ро бори дигар пас аз ин, ки Искандар онро сўзонида буд, эҳё кард». Дар доиратулмаорифи исломӣ низ ин нукта ёд шудааст. Ишора шудааст, ки Ардашери Бобакон зимнан ганҷинаи гаронбаҳои (музеи) осори ҳунари даврони бостони Эронро, ки мутааллиқ ба замони Ҳахоманишиҳо будааст, фароҳам овардааст. Дар даврони Сосониҳо китобхонаҳои бузург будааст ва Анушервон рағбату майл ба китоб дошта ва ба дастури ў китобҳо аз забони санскрит ба забони форсӣ баргардонида шудаанд. Ибни Надим ва профессор Эдвард Браун низ мутазаккири ин нукта шудаанд.
Он чи аз гуфтаҳо ва навиштаҳои Ибни Надим бармеояд, аз даврони Сосониҳо 82 ҷилд китоб роҷеъ ба умури мазҳабӣ ва 9 ҷилд китоб роҷеъ ба шикор ва 70 ҷилд дар фанҳои мухталифи дигар аз забони паҳлавӣ ба забонҳои дигар нақл ва тарҷума шудааст. Чунон ки Чурҷи Зайдон дар ҷилди дуввуми «Одоб-ул-луғат» ва Рифоӣ дар ҷилди авали китоби «Аср-ул-Маъмун» навиштаанд, китобҳо аз таърих, ҳикмат, одоби муошират ва мусиқӣ аз паҳлавӣ ба арабӣ тарҷума гардида будаанд.
Шопури I Сосонӣ дар Бағдод китобхонаи бузурге фароҳам оварда буд, ки пас аз ҳамлаи араб ин китобхона ҳамчунон то замони истилои Салҷуқӣ бар ҷо будааст ва бар асари ҳуҷуми ў ин китобхона низ мавриди ғорат қарор гирифт ва аз миён рафт.
Бешубҳа мувофиқи собиқаи китобхонаҳои даврони Сосонӣ дар сарзамини мардумони эронинажод китобхонаҳои бисёре вуҷуд доштааст ва машҳуртарини онҳоро бояд китобхонаҳои Гунди Шопур, Самарқанд ва китобхонаҳои оташкадаҳои Озар Гуштосб, Каркуй, Фирўзобод ва монанди онҳо донист.
Бояд мутазаккир шуд, ки китобхонаҳои ин давра ба донишгоҳҳо тааллуқ доштаанд ва китобхонаҳои донишгоҳӣ «китобхонаҳои умумӣ» будаанд, ки талабагон ва дигарон аз он ройгон истифода мекарданд ва аҳёнан ба донишмандон ва аҳли талаб низ китоб ба амонат медоданд. Донишмандон ва пажўҳишгароне, ки бо фарҳанги Шарқ ошноӣ доранд, мутазаккиранд, ки яке аз ифтихороти ҷовидони эрониён сохтан ва пардохтани донишгоҳҳо будааст, ки онҳо китобхонаҳо доштанд, то толибони илм битавонанд аз он баҳравар гарданд.
Эрон сарфи назар аз истилову забткориҳои хориҷиён ба таъсиси китобхонаҳо мепардозанд ва аз Чину Ҳинд ва дигар манотиқ китобҳоро гирд меоварад.
Аз китоби “Таърихи китобдории кишварҳои хориҷӣ”-и Сафар Сулаймонӣ. Душанбе , 2013.
Таҳияи Дилноза Ғаниева,
мутахассиси пешбари маркази такмили ихтисос.