Сарсухани марҳум Раҳмон Сафар ба китоби Амир Сайиди Мункӣ

Соли 1988 сокинони диёри бостонии Ховалингу Балҷувону Сари Хосор ва тамоми аҳли ҷамоатчигии Ҷумҳурии Тоҷикистон 100 – солагии Шўриши Восеъи бузургворро таҷлил карданд. Ва солҳои зиёдест, ки муаллифи ин сатрҳо ба пайроҳаҳои фарзандони барўманди ин диёр лейтенанти калон Амиралӣ Саидбеков, лейтенант Саидқул Турдиев, сержанти калони гвардия Сафар Амиршоев, аскари қаторӣ Исмат Шарифов ва лейтинанти калони гвардия  Сайдаҳмад Каримов, инчунин ҳазорон ҷавонмардоне, ки дар оташи муҳорибаҳои шидид баҳри озодии Ватан солҳои 1941-1945 ҷон нисор кардаанд, қадам мезанад, мавод гирд меовараду пажўҳиш менамояд. Ў миёни корнамоии Восеъ ва ҷонбозиҳои ин ҷанговарон як робитаи узвие кашф кардааст.

Рўзгори айёми тифливу наврасӣ ва ҷавонӣ, ки ширинтарин давраи умри инсон аст, аз пайроҳаҳои Восеъи бузургвор оғоз шуда ва дар майдонҳои ҳарбҳои шадид алайҳи душмани пурқудрат-Германияи гитлерӣ ба поён расидааст. Аз байни онҳо насиб будааст, ки қаҳрамони ҷанг дорандаи ордени Суворов бо ду пои равону ду чашми бино ва забони гўё ба Ховалинг баргардад. Ҳамчун шоҳиди зиндаи рўзу соатҳо, солу моҳхои пурмашаққату хунчакон дар сарзаминҳои дуродур. Ва ҳикояте аз ў дар таги Чилчанори шаҳраки Ховалинг дар дилу гўшҳо монда.

    Рўзе пещ аз ҷанг рафтан модараш – Ниҳолбӣ Каримова, узви КИМ- и Ҷумҳурии Тоҷикистон, ўро ба зодгоҳи Восеъ, Дараи Мухтор бурд. Хонаи Восеъро зиёрат карданд. Аз таги қушчинори паси ҳавлӣ ба манзараҳои дара нигаристанд. Ва аз оби чашмаи равонаш, ки аз ёнаи теппаи пушти хона маҷро мегирад, нўшиданд. Бошад, ки бори дигар чашидани ин об насиби бачаи Ниҳолбӣ гардад.

   Дар бозгашт Сайдаҳмад кӣ будани падарашро донист: Карим дар ҳамин синну соли Сайдаҳмад ба ҷанг омодагӣ мегирифт. Иштирокчии фаъолу ҷасури Шўриши Восеъ буд. Карим дар ҷанги тан ба тан бо навкарони амир даҳ дандони шикастаашро аз роҳи халқ туф кард. Падар тарсро намедонист. Писар ҳам аз чӣ будани тарс бўй набурдааст. Карим адолатро дўст медошт, ба дараҷае, ки аз он метарсид. Марди баимон буд Карим. Баҳри адолат ҷонбозиҳо мекард. Ҷони дар асоратро, беҳуда хору залил медонист.

            – Аз ин хел ҷон, – сухани шавҳарро ба ёд оварда Ниҳолбӣ пеши фарзанд, – сад безорам, мегуфт падарат. Ин ҷони мурда аст. Ҷон дар талош, мубориза баҳри адолат зинда мешавад, ҷовид мегардад.

            Сайдаҳмад корномаи падарро дар дашту ҷангалзорҳои кишварҳои дуродур аз Ховалинг такрор кард. Ў савори аспи Гули Бодом ва бо шамшери бараҳна баҳри нангу номуси ватандориву инсонпарварӣ ҷангид. Ҳама ҷангҳои ў одӣ набуд. Қаҳрамон буд. Сайдаҳмад бо ҷасорат, далериву тавоноии худ номи қаҳрамони ҳамдиёраш Сафар Амиршоеву Амиралӣ Сайдбековро машҳуртар гардонд…

            Шиносои бо санадҳои ҷангӣ башорат медиҳад, ки дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ Восеъи диловар на як бору ду бор рўҳи ҷанговарони тоҷикро бардоштааст. Бесабаб нест, ки дар ноҳияи Балҷувону Ховалинг чор Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ – Сафар Амиршоев, Саидқул Турдиев, Исмат Шарифов, Амирали Сайдбеков шуҷоату далерии бе мисл нишон доданд. Мисли Восеъ вирди забони пиру барно шуданд.

             Амир Сайиди Мункӣ (Амирхон Саидзода) фикри ташкил кардани сафар бо пайроҳаҳои ҷангии ин ҷавонони шуҷоъро кайҳо боз дар дил дошт. Вақте, ки қарори партия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди гузаронидани 100- солагии Шўриши Восеъ баромад, – гуфт муаллиф, – нияти ташкил кардани сафар ба пайроҳаҳои Восеъ ва ворисони ў дар замирам дучанд гашт. Хушбахтона, кумитаи ташкилии гузаронидани ҷашни 100- солагии Шўриши Восеъ дар ноҳияи Ховалинг ин ташаббусро дастгирӣ намуданд ва сафарӣ мо дар ҳайати даҳ нафар дар ду давр, аз деҳаи Дараи Мухтор оғоз ёфт. Ҳар як мусофир бо худ рўзнома дошт таассуроти худро дар он дарҷ мекард.

            Аз сафар маводу расмҳои зиёде дастрас шуданд.

            Мебоист зимнан дар вақташ китобе ба табъ мерасид. Вале бо сабабҳои гуногун, ба хусус иваз шудани бисёр роҳбарони ҳизбиву ноҳияи Ховалингу вилояти Кўлоб, пошхўриҳои СССР, дигаргуниҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баамаломада ва ғайра ин кори хайр амалӣ нагашт.

            Аз ҳамроҳони мо Қаҳрамони Иттифоқи советӣ Ҳайдар Қосимов ва афсар Муҳибулло Файзалиев дар ҷанги шаҳрвандӣ шаҳид шуданд…

            Бо вуҷуди он, моҳи марти соли 1990 ба номи директори нашриёти «Маориф» барои чопи китоби мазкур талабнома ирсол карда будем. Талабнома дар нашриёт қабул шуда буд. Вале бўҳрони фарҳангӣ дар кишвар боиси нашр нашудани ин китоб шуд.

            Китоби нависанда Амир Сайиди Мункӣ «Пайванди дилҳо » – ро ба шавқ хондам. Қаҳрамон ва манзароҳои мавриди тасвир қарор додаи нависанда бароям шиносанд. Чунки дар ин сафар, ки аз Дараи Мухтор оғоз ёфт, дар бозгашт ба ин дара анҷом пазируфт, иштирок доштам. Китобро расмҳои ҷолиб зиннат додаст ва ҳар яке аз ин расмҳо инъикосгари таърихи миллати тоҷик аст. Асар дархўрди талаботи рўз аст ва дар тарбияи ҷавонон нақши нозудудание хохад дошт.

                                                                                              Раҳмон Сафар,

                                                           ҷангноманавис, полковники мустаъфӣ.

Муаррифномаи муаллиф

        Амир Сайиди Мункӣ (Амирхон Саидзода) 28 ноябри соли 1951 дар деҳаи Доробии ноҳияи Ховалинг ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёнаю Донишгоҳи давлатии омўзгории шаҳри Душанбе аввал муаллим, баъд ҷонишини директори мактаб, мудири шуъба ва котиби масъули рўзномаи ноҳиявии «Ҳақиқати Ховалинг», директории мактаб, раиси  Ҷамоати деҳот, сармутахассиси ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангии ноҳия шуда кор кардааст.

      Аз соли 2004 то имрўз мудири шуъбаи маънавиёти Дастгоҳи раиси ноҳияи Ховалингро ба ўҳда дорад.

    Ў аз давраҳои мактабхониву донишҷўияш шеъру ғазал, мақола, лавҳаву ҳаҷвияҳо менависад. Хонандаи тоҷик ўро тавассути рўзномаву маҷаллаҳо, садову симои ҷумҳуриявӣ нағз мешиносад ва аз эҷодиёташ бархурдор аст.

   Осорхонаи таърихӣ – кишварщиносии ташкилкардааш дар ҷумҳурӣ маъруф мебошад.

    Ў муаллифи китобҳои «Ховалинг – чашмаи меҳр» («Адиб», 1995), «Асрори шаҳри Мунк» (Душанбе, «Диловар – ДДМТ», 1999), «Ҳазрати Султон» (Душанбе, 2006) аст.

     Амир Сайиди Мункӣ Аълочии маорифи Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Тоҷикистон ва узви конфедератсияи байналмилалии журналистон мебошад.

 

Китоби “Пайванди дилҳо”, ки соли 2008 дар нашриёти “Эҷод”-и шаҳри Душанбе чоп шудааст, барои хонандагон дар толори хониши кӯдакон ва наврасон дастрас мебошад.

 

Таҳияи Шабнами Мустафо,

 мутахассиси шуъбаи кўдакон ва наврасон.