Як мухаммас аз Комили Дарвозӣ
Комили Дарвозӣ шоири тоҷик (асри 19-ибтидои асри 20). Дар Дарвоз зиндагӣ ва эҷод карда, чанд муддат дар Бухоро низ зистааст. Маълумоти ҳасби ҳолӣ дар бораи ин шахс хеле кам аст. Дар баъзе баёзҳои асри XIX (масалан баёзи Шарифхоҷаи Кўҳистонӣ) аз ў як мухаммас оварда шудааст. Дар он Комили Дарвозӣ аз соли нав- Наврўз, сайру гашт дар Бухоро, дар замони ҳукмронии амирон харобшудани Бухорову Самарқанд ва даъват ба обод кардани онҳо сухан кардааст.
Мухаммаси зер аз ўст:
Ҳайф, ки мулки Самарқанд бар замин яксон шуда,
Подшоҳи ин Самарқанд Чингизи нодон шуда,
Соҳиби аркони Темур нархари ҳайвон шуда,
Ҳайф, ин шаҳри мунаққаш хонаи дуздон шуда,
Ин ҳама барҳам хўрад, кайфу сафоро диданист.
Гурги одамхори гардун то ба кай одам хўрад,
Кай бувад, эй дўстон, ҷавру ҷафо барҳам хўрад,
То фақиру фуқаро як луқмаи беғам хўрад,
Душмани гумраҳ ба ҷои обу нон мотам хўрад,
Эй хушо, он рўз шодӣ бенаворо диданист.
Раҳм хўр бар ҳолизорам, эй амири номдор,
Беху бунёди ҷафо барҳам бизан, Парвардигор.
Бандагони мушфиқатро аз ғаму кулфат барор,
Рў ба даргоҳи Туам, Комил, гуноҳам даргузор,
Равзаи хулди барин, рўйи нигорам диданист.
Манбаъ: Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе. – 2022. – Ҷ.10. – С. 396.
Муаллиф: М. Диловаров
Таҳияи Моҳрухсор Сархатова
Корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.