Муаррифӣ. Алӣ Муҳаммадзода. Исёни наҳзат
Муаллифи ин китоб Алӣ Муҳаммадзода таассуроти худро аз ҳаводиси пурмоҷаро ва фоҷеабори солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон, ки дар фаъолияти касбии худ мушоҳида кардааст, аз нигоҳи бадеӣ нишон додааст. Нависанда ва узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Шарифбек Азизӣ ба он як сарсухани пурарзише навишта ва ҳам муаллифро ба хонанда ошно кардааст ва ҳам асарҳои ӯро ном бурдааст. Ӯ менависад:
Хеле хуш аст, ки тайи солҳои соҳибистиқлолии мамлакат қаламкашони зиёде аз бахшҳои гуногуни жанрӣ бадеӣ ба саҳнаи адабиёт, ки он баҳреро дар галактикаи бузург мемонад, ворид шуданианд. Бархе аз онҳо новобаста аз синну сол нияти дар ин баҳр шино карданро ҳамчун пешаи хеш қарор додаанд.
Ба андешаи барандаи ҷоизаи Нобел дар соли 1950 Уилям Фолкнер барои нависанда шудан наваду нуҳ фоиз истеъдод наваду нуҳ фоиз заҳмат ва наваду нуҳ фоиз интизом лозим аст ва ҳар нафаре, ки қадам ба саҳнаи адабиёт гузоштанист, бемуҳоббо аз ин ҷаъфари ҳасти бардошта аст.
Имрӯз қиссаи «Исёни наҳзат» ва ҳикояҳои Алӣ Муҳаммадизодаро таҳти номи рамзии «Резаборон» мутолиа намудам, ки дар онҳо нигоҳеро чун дурахши алмос ба зиндагӣ дарёфтам.
Ҷиллои навиштаҷоти муаллиф дар ин китоб чун ҷилои алмос дар нигин ба чашм мерасад ва имкони бештареро дар баёни андешаҳо фароҳам меоварад.
Чӣ хеле, ки дар боло андешаҳои хешро дар нисбати адабиёт арзонӣ доштам, ҳама гуна қаламкаш аз ғавоси хурде дар ин баҳри азим беш нест…
Аз баҳр ҳама чизро, аз ҷумла нафт, тилло, намак, марворид ва ғайраро имкони берун овардан ҳаст, вале худи об дар баҳр чӣ хеле, ки буд боқӣ хоҳад монд. Нафаре, ки шумо хонандаи азиз китобашро дар даст доред, бо як дилгармие худро ба ин баҳри пуртуғиён андохтааст ва аз ин баҳр чӣ дури мақсуд ба даст меоварад, вақт довари он хоҳад шуд.
Асарҳои мунтахаби Алӣ Муҳаммадизода моҳи августи соли 2020 дар ду ҷилд ба нашр расида буданд. Дар он маҷмӯи асарҳои ӯ – қиссаи «Писархонди котиби райком» қиссаи «Чокари аспи бесар», қиссаи «Ишқ ва марг», романи «Ситорае, ки канда шуд», романи «Фарёди дарё», таронаҳои ӯ зери номи рамзии «Ашки ях» ва маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда зери номи рамзии «Рангинкамон» ба хонанда пешниҳод гардида буданд.
Алӣ Муҳаммадизода 15-уми феврали соли 1957 дар деҳаи Кабутиёни ноҳияи Нуробод чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Ҳанӯз аз айёми мактабхонӣ истеъдоди эҷодкорӣ дар ӯ ҳис карда мешуд. Аввалин ҳикояҳо ва таронаҳои ӯ дар рӯзномаи девории мактаби миёна ва рӯзномаи ноҳиявии «Ҳақиқати Комсомолобод» нашр мешуданд. Дар ҷодаи эҷод ӯ аз мактаби устодон Ҷумъа Ⱪувват, Бозор Собир, Иззатбек Идизод ва Сайқал баҳра бардоштааст.
Бояд зикр намоям, ки тайи панҷ сол бо Алӣ Муҳаммадизода дар як донишгоҳ дар омӯзиши фанҳои ҳуқуқшиносӣ шарикдарс будам ва аз қобилияти фавқултабии ӯ нисбат ба сухану суханварӣ огаҳӣ доштам. Ҳамин робитаи дӯстӣ байни ман ва Алӣ Муҳаммадизода буд, ки ғубореро дар асарҳои ӯ дарнаёфтам.
Ба суоли хонандаи азиз нисбат ба ин амали хеш бо каломи Саъдии бузург гуфтаниам:
В-ар ҳунаре дориву ҳафтод айб,
Дӯст набинад ба ҷӯз он як ҳунар.
Шарифбек Азизӣ, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.
Китоби “Исёни наҳзат” ҳоло ба Китобхонаи миллӣ ҳам расидааст ва хонандагон метавонанд онро аз тариқи ҳар толори хониш фармоиш диҳанд ва мутолиа намоянд.
Таҳияи Малика Абдуллоева.