Муъмин Қаноат дар бораи Боқӣ Раҳимзода

Дар ҷараёни солҳои 1956-1964 вақти кору фаъолият дар журнали «Шарқи сурх» ман ба доира ва муҳити адабӣ дохил шудам. Дар он замон аз ин муҳит ҷои беҳтар набуд. Ё ба амри тақдир ё ба тадбири устод Боқӣ Раҳимзода, Мирзо Турсунзода, Абдусалом Деҳотӣ, Мирсаид Миршакар, Фотеҳ Ниёзӣ, Пӯлод Толис, Ғаффор Мирзо, Соҳиб Табаров ман ба муҳите даромадам, ки ҷои омӯхтан, андӯхтан ва афрӯхтан буд.

Пир, мураббӣ ва муаллим

Аз соли 1947 то 1941 замони таҳсил дар мактаби миёнаи рақами 1-и Ғарм аз зиёиёни вилоят танҳо устод Боқӣ Раҳимзода маълум ва маҳур буданд. Аз хислатҳои хуби инсонӣ, зарофат ва меҳрубонии муаллим нақлу ривоятҳои ширин мекарданд. Шояд ҳамин фазилатҳои  устод буданд, ки ду-нафар аз талабагони мактаб ба шеъру шоирӣ майлу рағбат пайдо кардем. Се-чор шеъри шогирдонаи худро бо маслиҳат ва таҳрири муаллими забон ва адабиёт Маҳдӣ Сангинов, ки бо  тахаллуси Маонӣ шеър мегуфт,  дар рӯзномаи ноҳиявии «Ҳаёти нав»  чоп карданд.

Ҳамин шеърҳоро ба Иттифоқи нависандагон ба номи устод Боқӣ Раҳимзода фиристодем. 27-уми апрели соли  1951 номаи устод  бо маслиҳат ва машвараташон ба номи ман омад, ки поёнаш ин аст: «Агар дар оянда кӯшиш кунед,  шеърҳои нағз менависем, дар шумо қобилияти шеърнависӣ дида мешавад». Ин нома нахустин паёми раҳнамо барои ман буд.

Баъди хатми мактаб соли 1951 ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шудам. Дар донишгоҳ баъд аз омӯхтани адабиёти классикӣ ва ҷаҳонӣ, адабиёти рус, назарияи адабиёт, илми арӯз ва қофия, забони форсии теҳронӣ, таърихи забони форси бостонӣ, матни «Гулистон»-и Саъдӣ ва забони арабӣ танҳо соли 1956 ба назди устод Боқӣ Раҳимзода омадам. Басир Расо, ки нисбат ба ман ҳушёртар буд, раҳбар шуд ва маро пеши устод Боқӣ Раҳимзода бурд.

Бинои Иттифоқи нависандаҳо дар паҳлуи идораи кунунии Ҳукумати шаҳри Душанбе воқеъ буд, рӯ ба рӯи китобхонаи Фирдавсӣ, ки ҳар рӯзи Худо мо матнҳои қадимиро аз он ҷо меомӯхтем.

Боқӣ Раҳимзода моро хуш пазируфтанд. Чор шеъри ба истилоҳ навро ба дастонашон додам. Як бор дар дилашон хонданд ва номамро дар поёнии шеърҳо диданд, чашмони пур аз меҳрашон бузургтар шуданд ва  бо тааҷҷӯб пурсиданд, ки ту  ҳамон Муъминшоҳ нестӣ, ки  Ҳамроҳи Саидов Бузург аз Ғарм шеър мефиристодӣ? Басир Расо гуфт, муаллим, худи худаш.

Устод пеши мо чой гузошта, бархостанд. Берун рафтанду баъд  аз чанд фурсате омаданд. Маро ҳамроҳонашон назди устод Мирзо Турсунзода бурданд. Устод Турсунзода нимхез шуда, ба ман даст дода, салом карданд. Мани ҳайратзада рост меистодам. Устод Боқӣ Раҳимзода шеърҳоро ба устод дароз карда гуфтанд: Ҳамон шоири гурезие, ки мегуфтам, пайдо шуд.

Устод Турсунзода сар то поямро нигоҳ карданду гуфтанд: Ⱪиёфааш шоирона аст, канӣ бинем, ки шеъраш чӣ гуна аст. шеърҳоро хонда, хат кашида, аломати саволу хитоб монда гуфтанд: Боқиҷон, ин гурезиро дигар сар надеҳ. Хама ҷузъиёти ин шеърҳоро ҳамроҳи Ғаффор Мирзо, ки аз Маскав омадааст, дида бароед, ёрии эҷодӣ ва амалӣ расонед.

Ба какбинети устод омадем, Ғаффор Мирзоро, ки барои таҷрибаомӯзӣ аз Институти адабии шаҳри Маскав омада буданд, даъват кард ва шеърҳоро нишон доданд ва гуфтанд, аз рӯи талаботи нав ба ин шоири навқалам як маслиҳати дуруст диҳед. Ғаффор Мирзо ба як шеъре, ки дар пайравӣ ба сабки устод Лоҳутӣ навишта шуда буд, зиёдтар аҳамият дод. Ду бор бодиққаи хонда гуфт: «Агар солҳои сиюм мебуд, шуморо дар паҳлуи Лоҳутӣ мешинонданд. Вале  ҳоло солҳои панҷоҳуманд, шумо донишҷӯи ҷавон ҳастед, бояд шеърро мувофиқи синну  соли худ ва талаботи замон эҷод кунед». Аз ин рӯи ин талабот мисол оварда, хоҳиш кард, ки шеъри зиндагӣ ва воқеӣ бояд нависам. Аз ҳамон шеър як байтро барои мисол меорам:

              Эрон фиреби фитнаи иғвогарон хурад,

           Ҳайф аст, шер сиблати сайди сагон хурад.

 

Дигар мисраъҳо низ дар ҳамин равия буданд. Ин шеър ба воқеаҳои сиёсии даврони Масадиқ бахшида шуда буд.

Барои Ғаффор Мирзо Муъминшоҳ Ⱪаноат, ном номи падар пасованди шоҳ ҷолиб буд, ки ин номҳои китобӣ ва ирфонии ба ҳам пайвандро кӣ ёфтааст.

Дар поёнии суҳбат устодон 10 шеъри Алексей Сурковро ба ман супориданд, ки тарҷима карда, баъд аз 10 рӯз биёрам. Ҳусни ҳамкории ман бо устод Боқӣ Раҳимзода ва ба ин васила бо Иттифоқи нависандагон аз ҳамин рӯз оғоз шуд.

Устод Боқӣ Раҳимзода аз рӯи қавл амал карда, маро як сол дар мадди назар нигоҳ доштанд. Дар ҷараёни як сол бо супориши устод Боқӣ Раҳимзода ва маҷаллаи «Шарқи сурх» чанд шеъри А.А.Сурков, чор сонети Вилям Шекспир, «Шоир Фирдавсӣ» ном манзумаи Генрих Гейне, шеърҳои Адам Митскевичро барои маҷалла тарҷима кардам, ки дар китобҳо ҳам чоп шуданд.

Дар ҳамин муддат шеърҳои «Моҳи нав», «Ду гул», «Дар роҳ», «Хоби модари Олмон», «Меҳри модар», «Кафшери муҳаббат», «Ба духтари пахтачин» дар журнали «Шарқи Сурх», журнали «Занон» чоп шуданд. Ҳамин буд, ки баъди хатми Донишгоҳ маро ба маҷаллаи  «Шарқи сурх» ба кор гирифтанд.

Дар ҷараёни солҳои 1956-1964 вақти кору фаъолият дар журнали «Шарқи сурх» ман ба доира ва муҳити адабӣ дохил шудам. Дар он замон аз ин муҳит ҷои беҳтар набуд. Ё ба амри тақдир ё ба тадбири устод Боқӣ Раҳимзода, Мирзо Турсунзода, Абдусалом Деҳотӣ, Мирсаид Миршакар, Фотеҳ Ниёзӣ, Пӯлод Толис, Ғаффор Мирзо, Соҳиб Табаров ман ба муҳите даромадам, ки ҷои омӯхтан, андӯхтан ва афрӯхтан буд.

Акнун на танҳо барои маҷаллаи «Шарқи Сурх» шеъру мақола дар мавзӯи  шеър омода мекардам, балки дар кори маслиҳат ва машварат бо шоирони ҷавон ва навқалам фаъолона иштирок менамудам. Дар ҳамин солҳо Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Мастон Шералӣ, Ғоиб Сафарзода, Кулолӣ, Ҳабибулло Файзулло, Ниёзӣ, Гулназар, Салимшо Ҳалимшо,  Раҳмат Назрӣ, Сайидалӣ Маъмур, Ҳадиса урбонова, Сафармуҳаммад Айюбӣ, Ҳакимзода бо ҷӯшу хурӯш ба майдони адабиёт омаданд. Ҳамроҳи муаллим Боқӣ Раҳимзода аз ашъори онҳо ҳам барои журнали «Садои Шарқ» интихоб мекардем, ҳам барои маҷмӯаҳои дастҷамъии навқаламон, ҳам барои тавсия ба рӯзнома ва маҷаллаҳои ҷумҳурӣ, ҳам барои нахустин китоб дар силсилаи «Навниҳолони боғи адабиёт», ҳам барои тарҷима ба забони русӣ ва дигар забонҳои Иттиҳоди Шуравӣ.

Барои узвият ба Иттифоқи нависандагон ҳам мавод омода мекардем.

Танҳо як бахши кор бо шоирону нависандагони ҷавон то куҷо муҳаббату самимият ва заҳмат талаб мекард. Ногуфта намонад, ки устод Боқӣ Раҳимзода ва устод Мирзо Турсунзода вақти издивоҷ барои аксари шоиру нависандагони ҷавон хосторӣ мекарданд, рӯзи тӯй раисиро ба зима мегирифтанд ва бо заҳмати зиёд барои онҳо хона мерӯёнданд. Ёдашон ба хайр, ки пири батадбир, устод ва роҳбар буданд.

Устод Боқӣ Раҳимзода ба шоирони насли пешин ҳамчунин ғамхор буданд.

Соли 1947 дар шароити баъдиҷангӣ як гурӯҳ шоиру нависандагон аз Ҳуҷанд ба Душанбе омаданд ва як муддат дар хонаи устод Боқӣ Раҳимзода ба сар буданд. Аз он зумра Пӯлод Толис, Муҳиддин Фарҳат буданд.

Устод Боқӣ Раҳимзода, барҳақ устоди Пӯлод Толис, Муҳиддин Фарҳат, Файзулло Ансорӣ, Абдумалик Баҳорӣ, Ғаффор Мирзо, Бобо Ҳоҷӣ, Гулчеҳра Сулаймонӣ, Хуршеда Отахонова, Акобир Шарифӣ ва дигарон буданд.

Шеърашон ду маншаъ дошт, мардумӣ ва классикӣ. Ин пайванд, яъне адабиёти мардумӣ дар ашъори эшон ба сурати хеле табиӣ шакл гирифтааст, зеро эшон аз ҳар ду бахш ба мизони зиёд бархӯрдор ва огоҳ буданд. Дар ин ашъор сабку салиқаи як шоири мактабдида ва босавод ва ҳамчунин бохабар аз фарҳанг, русум, тафаккур, ҳикмат ва зарофатҳои мардумӣ сурат бастааст ва дар натиҷа осоре ба миён омадааст, ки дар айнӣ қонунмандии адабии худ зинда ва ҳаётӣ, сухани рӯз, мисли хӯшаҳои расидаи гандум аз ҳар ҷиҳат комилу бенуқс, пурбор ва пухта мебошад. Ин ҷанбаи ашъори устод Боқӣ Раҳимзода ба хусус дар ғазалҳояшон дурахш ва ҷилои равшан дорад. Дар ин ғазалҳо ҳам риояи меъёрҳои суннатии классикӣ ва диду эҳсос ва баёни тозаи бозарофат ба назар мерасад. Масалан, ба ин ғазал таваҷҷуҳ кунед:

Фалакро баҳри лабханди ту таъмири дигар кардам,

амарро зери поят мегузорам, як табассум кун.

Табассум то ки дар гирди лабат маъво кунад умре,

Димор аз рӯзгори ғам барорам, як табассум кун.

Дар ин ғазали зебову латиф рӯҳи ҳамосии ғазалиёти шӯрангези Ҳофиз, шукӯҳ ва матонати сухани  воло эҳсос мешавад ва дар айни ҳол ба сароҳат мушоҳида мешавад, ки ин сухани наву тоза, сухани шоири муосир аст, дар айнӣ шукӯҳмандӣ содаву дастраси умум аст, радифи он, ки ҷони ғазал аст, комилан тоза аст ва танзи зарифе ҳамроҳ дорад, ҷаҳони эҳсосот тоза аст ва танзи зарифе ҳамроҳ дорад, ҷаҳони эҳсосот тоза аст. Танзи зариф, дӯстона чошнии ҳамешагии сухани устод Боқӣ Раҳимзода аст, чунон ки дар ин байт гуфтаанд:

Аз шавқи ҷамоли ту сурурест ба сина,

Кай бе ту равам сайри Самарқанду Бухоро?

 

Таркиби забону баён, мавҷи эҳсосот ва тафаккур дар ашъори устод Боқӣ Раҳимзода ҳамеша наву тоза аст. Таркиби оҳангӣ ва мусиқии шеърашон низ тозагӣ дорад. Таваҷҷӯҳ кунед, дар замоне, ки ин ғазал суруда шудааст, чӣ қадар навоварона ва нобу тоза буд:

  Баҳри аёдат омодӣ, зуд биё, дигар марав,

  Хонаи туст бурҷи дил, чун каси раҳгузар марав…

  Омадаӣ   ба пои худ, олиҳаи шифои ман,

  Гар биравӣ, маро бибар, бе касу ҳамсафар марав.

Дар айни ҳол унсу дилбастагӣ ва ошноии устод Боқӣ Раҳимзода бо рӯҳиёти адабиёти куҳан ва ҳадде қавист ва гоҳо дар ашъори эшон оҳангҳои риндона ва орифона тавре чеҳранамоӣ мекунад, ки барои адабиёти он рӯзгор фавқулодда аст. Шоир гӯё комилан дар муҳити маънавии Мавлоно қарор дорад:

            Ёрон, ба маайдони тараб хезед, то ҷавлон кунем,

            Дар боғи маънӣ ҷилваҳо монанди товусон кунем.

            То аз навои хештан дар гулшани фарзонагӣ

            Бо булбулони кӯи шавқ аз бӯи гул эҳсон кунем.

 

Бо вуҷуди ин унсу ошноӣ ва шефтагӣ ба адабиёти куҳан устод Боқӣ Раҳимзода ҳамеша ба мо – шоирони ҷавон таъкид мекарданд, ки бояд сухани мо тоза ва навоварона бошад.

Ёд дорам, боре дар Душанбе гардиш мекардем ва эшон сари суҳбат дар ин мавзӯъ, ки мавриди хитоби ҳамешагияшон буд, ба сӯи сохтмонҳои якошёна ва қадимтарини шаҳр ишора када мегуфтанд, ки ашъори мо мисли ин сохтмонҳои нав бошад ва дарҳол ба сӯи сохтмонҳои  нави чандқабата ишора мекарданд – балантар ва бо тарҳи наву муосир.

Вале худашон бо ин тавсия иктифо намекарданд ва амалан ҳам дар таҷрибаи эҷодии худ намунаҳои навоваронаеро эҷод карда, нишон медоданд, ки агар бихоҳанд, метавонанд ашъори комилан нав бигӯянд, вале риояи сабки насли худро барои худ бештар салоҳ  мебинанд. Аз ҷумла ман пас аз иншои суруди машҳурашон бо номи «Дар лаби обе» аз устод пурсидам, ки ин шеърро чӣ тавр эҷод кардаанд, чӣ ангезае боис шуд, то чунин шеъри барои он замон навоваронае рӯи сафҳа биёяд? Аммо устод танҳо табассум карданд ва чизе нагуфтанд.

Умуман, метавон гуфт, ки устод Боқӣ Раҳимзода дар эҳсоси мусиқӣ ва бадеҳагӯи камназир буданд. Дар баробари он ки ашъорашон ҳамеша саршор аз оҳанг ва мусиқӣ буд, метавонистанд дар як фурсати кӯтоҳ мутобиқ ба ҳар оҳанге шеъри муносибро эҷод ва дар пайкари мусиқӣ бо таносуби комил ҷой кунанд. Аз ин рӯ замоне, ки хабари пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ расид ва мебоист дар як шаб суруди муҳташами пирӯзӣ бо оҳангу шеъри муносиб эҷод шавад, ин вазифаи бузург ва пурмасъулият бар уҳдаи устод Боқӣ Раҳимзода  ва оҳангсози тавоно Зиёдулло Шаҳидӣ гузошта шуд. Субҳи барвақти он рӯз суруди «Иди Зафар муборак!» бо тантана аз радиои ҷумҳурӣ садо дод, ки ин тантанаи истеъдоди шоир ва оҳангсоз ҳам буд.

Сурудҳои устод Боқӣ Раҳимзода ба хазинаи тилоии фарҳангии миллии мо ворид шудаанд ва то имрӯз ва дар оянда низ аз беҳтарин сурудҳои мо хоҳанд буд. Имрӯзҳам сурудҳое чун «Тоҷикистонам», «Республикаи ман», «Халқи бузургворам», «Душанбе», «Гули садбарг», «Дорад ҳавас», «Дар лаби обе», «Дигар марав» ва ғайра  чун суруди имӯз садо медиҳанд ва дили шунавандаро тасхир мекунанд.

Дар баробари мазмун ва маъно ҷанбаи дигаре, ки дар шеър аҳамияти зиёд дорад, тасвири шоирона аст, ки дар ин замина ҳам ашъори устод Боқӣ Раҳимзода намунаҳои барҷаста, тасвирҳои мукаммал ва тозаи шоирона кам нестанд. Барои намуна метавон шеъри «Гилембоф»-ро ёдоварӣ кард, ки дар он ба иқтизои мавзӯи интихоб шуда шоир тасвирро асос қарор дода, дар офаридани нақшу нигори як гилем раванди ташаккули кишварашро, сурату симои мушаххас пайдо кардани мамлакаташро баён намудааст:

            Нақш мебаст духтарак ба гилем,

            Аз даҳ ангушти ӯ чакида ҳунар.

            Месарояд суруди нарму ҳалим,

            З-он муҳаббат, ки ҳаст бахтовар.

            Шохи олу ба хона кард нигоҳ,

Гашт мабҳут аз таронаи ӯ,

Рехт гулҳои хешро ногоҳ

Рӯи қолин, ба пеши дасти накӯ…

 

Он гуна, ки аз ин шеър мулҳиза мекунед, устод Боқӣ Раҳимзода дар шеъру шоирӣ фурӯтан ва хоксор буданд. Вале ҳар чӣ, ки мегуфтанд, табиӣ ва самимб буд. Дар  зиндагӣ ва рӯзгори шахсии худ онро таҷриба карда буданд. Аз коргари одии корхонаҳо то яке аз шахсиятҳои масъули фарҳангӣ ва адабии ҷумҳурӣ дар ҳар вазифае, ки бар уҳда доштанд, ҳамеша худро хидматгузори  ин халқ ва ин миллат ва Ватан эҳсос мекарданд, ҳамеша ғами ояндаи онро мехӯрданд.

Чун дар ин маҷмӯа ҳама анвои ашъор ва манзумаҳову достонҳои устод гирдоварӣ ва дар дастраси шумо гузошта шудаанд, қазовати онро ба шумо ҳавола мекунам.

Аммо аз бузурвории устод ҳар чӣ гӯям, кам аст.

Баъд аз фавти Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзода дар мурури як сол устод Боқӣ Раҳимзода сахт бемор буданд, бемории қанд, бемории гангрен, вале  изҳор намекарданд. Танҳо як бор, ки бо ҳам будем, гуфтанд:

   – Муъминшоҳ, ин тарафаш худат эҳтиёт шав. Ҳайф, намедонам туро ба кӣ монда равам.

  Дар ин вақт ман райиси Иттифоқи нависандаҳо, барандаи Ҷоизаи давлатии Иттифоқи Шӯравӣ ва номзад ба намояндагии Шӯроии Олии СССР будам. Бузургии инсонро ҷӯед ва дарёбед!

Муъмин аноат

Шоири халқии Тоҷикистон

Аз китоби  Боқӣ Раҳимзода “Мунтахаби осор”, Душанбе, 2021.

Таҳияи Ф. урбонов