НАҚШАИ СУЛҲИ ТРАМП ДАР ҒАЗЗА. ВАШИНГТОН ТО 22-УМИ ЯНВАР ҶУЗЪИЁТИ ШУРОИ СУЛҲРО ЭЪЛОН МЕКУНАД

Баъди се соли ҷанг дар навори Ғазза, ки тавре тасвирҳои маҳвораӣ ва наворҳои видеоӣ нишон медиҳанд, аз ин шаҳри таърихӣ дигар чизе боқӣ намондааст, ИМА ҷиддан ба иҷрои тарҳи пешниҳодии сулҳи Доналд Трапм оғоз намуд. Ин дуюмин марҳала аз нақшаи сулҳ аст. Марҳамаи аввал моҳи октябр шуруъ шуд ва бо эълони оташбас ва озодии асирону зиндониён ба поён расид.

Аввали ҳафтаи ҷорӣ билохира Кохи Сафед исми аъзои Шурои сулҳи Ғаззаро интишор дод. Шурое, ки қарор аст аз ҷониби президент Доналд Трамп сарварӣ шавад ва тибқи он Вашингтон посухгӯи назорати стратегӣ, сафарбарии маблағҳои байналмилалӣ ва иҷрои тааҳҳудот ба рушди навори Ғазза хоҳад буд.

Бино ба хабари дигар қарор аст 22-уми январи соли равон Доналд Трамп дар ҳошияи Форуми умумиҷаҳонии иқтисодӣ дар Давос низомнома ва мандати  “Шурои сулҳ”-ро чун василаи таъмини сулҳу амният дар навори Ғазза ва поён додан ба ҷанг дар ин минтақа эълон кунад. Яъне ҷузъиёти комили ин тарҳ маҳз дар ҳамин ҷаласаи байналмилалӣ мушаххасан эълон мешавад. Дар ҳамин ҷаласа аъзои аввални Шуро, ки то кунун даъват шудаву посухи мусбат додаанд, низомномаро имзо мекунанд. Трамп аввалин раиси ин Шуро эълон хоҳад шуд.

Барои кишварҳое, ки мехоҳанд аъзои доимии ин Шуро шаванд, 1 миллиард доллар ҳаққулузвият таъин шудааст.

Дар бораи ҷузъиёти дигари Шуро, баҳсҳо атрофи он баъдтар метавон суҳбат кард, чун ҳоло номушаххасиҳо атрофи он зиёданд.

“Шурои сулҳ”-и пешниҳодии Трамп амалан як талоши густарда барои тадриҷан сохтани паймони ҷаҳонии алтернативист, ки эҳтимолан бо гузашти солҳо ва ё як марҳалаи хеле кутоҳ метавонад ҷойгузини СММ шавад. Албатта, агар ин Шуро дар Ғазза муваффақ шавад ва кореро анҷом диҳад, ки СММ натавонист, пас метавон ҳадс зад, ки Трамп бо ин иқдом ояндаи дигареро ба тағйири харитаи ҷаҳон рақам заданист. Ба маънои дигар ин тарҳи пешниҳодӣ ва ин ба истилоҳ “Шурои сулҳ” талошест барои таҳмили қонунҳои ҷадиди назми ҷаҳонист.

ТРАМПЕ, КИ ДАР ҲЕЧ ҚОЛАБ НАМЕҒУНҶАД

Тули як соли охир Доналд Трамп ба ҷаҳониён собит кард, ки шахсият, ахлоқ, ҳайсияташ дар як қолаби доимӣ намеғунҷад ва ҳамвора дар ҳоли шакл дигар кардан аст. Гоҳ Русияву Украинаро таҳдид мекунад ва гоҳи дигар рӯ ба Эрон меорад ва дар фикри иваз кардани роҳбарияти он мешавад. Гоҳ савори аспи бодии Натанёҳу ба олами руъёҳои ишғоли сарзаминҳост ва гоҳи дигар мехоҳад олам зери итоати ӯ бошаду вай фармонравои ҳамагон.

Ҳамин ҳоло ҳам бо таъсиси “Шурои сулҳ” мехоҳад ба низои чандинсолаи навори Ғазза поён диҳад, худро як сулҳофар ба намоиш гузорад, ҳамзамон барои ишғоли Гренландия талош мекунад ва ҳавопаймоҳои ҷангии худро ба ишғоли он равона месозад, бо ин талошҳояш ҳатто муттаҳидони Амрико дар Аврупоро шигифтзадаву нигарон кардааст.

Аз ҷониби дигар ҳамзамон бо эълони ҳайати “Шурои сулҳ” ва даъвати сарони кишварҳову шахсиятҳо Трамп дар номае ба сарвазири Норвегия Йонас Гар Стёре навишт: “Бо назардошти он ки бо вуҷуди хомӯш кардани оташи 8 ҷанг дар олам кишвари шумо маро шоистаи Ҷоизаи сулҳи Нобел надонист, ман дигар худро уҳдадор намедонам, ки ба сулҳ андешамҳарчанд он бароям ҳамеша дар мадди аввал хоҳад будаммо акнун сари он нукта хоҳам фикр кард, ки барои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико маҳз чӣ дуруст ва манфиатовар аст”.

КИСТАНД АЪЗОИ ШУРОИ ИҶРОИЯИ “ШУРОИ СУЛҲ?

Он чизе ки то кунун расман эълон шудааст аз кишварҳои аврупоӣ ба рӯйхати Шурои сулҳ сарвазирони Италия ва Маҷористон Ҷорҷ Мелонӣ ва Виктор Орбан дохил шудаанд. Амрикои Лотинро президентони Аргентина ва Бразилия Хавйер Милей ва Лула да Силва, Амрикои Шимолиро сарвазири Канада Марк Карни, Шарқҳи Наздик ва Миёнаро президентони Туркия ва Миср Раҷаб Тайип Ардуғон ва Абдуфаттоҳ ас-Сиси намояндагӣ хоҳанд кард.

То кунун эълон шуд, ки ҳафт нафар шахсиятҳои саршиносе, ки таҷрибаи корҳои сулҳофаринӣ ва дипломатӣ доранд, узви шӯрои иҷроияи сулҳ хоҳанд буд. Инҳо:

Тони Блэр. Сарвазири собиқи Британияи Кабир. Дар бораи номзадии эҳтимолии ӯ ҳанӯз аз пайдо шудани идеяи таъсиси ин шуро гумагуҳо зиёд буданд. Блэр нақшаи Трампро “беҳтарин шонси хатми ҷанги идомадори солҳо, фақру бенавоӣ ва дарду аламу кулфат” номид.

Тони Блэр чун сарвари ҳизби Лейбористони Британия солҳои 1997-2007 сарвазири ин кишвар буд. Маҳз ӯ буд, ки пойи Британияро ба ҷанги Ироқ кашид. Иддае бо ишора ба ин рӯйдод ба нақши сулҳофаринии ӯ ба назари шубҳа менигаранд.

Аз соли 2007 то соли 2025 Блэр фиристодаи вижаи СММ, Иттиҳоди Аврупо, ИМА ва Русия дар Ховари Миёна буд. Тони Блэр ягона узви муассисони Шурои сулҳи Трамп аст, ки шаҳрванди ИМА нест.

Марко Рубио, Котиби давлатии ИМА яке дигар аз узви иҷроияи муассисони Шурои сулҳ аст. То бозгашти Трамп ба Кохи Сафед Рубио аз ҷумлаи ҳамон афроде буд, ки намехост ҷанг дар Ғазза поён ёбад. Вай ошкор мегуфт, ки мехоҳад Исроил “ҳама аносири ҲАМОС, ки ба он дастрасӣ дорад, нобуд созад”. Аммо баъдтар аз оташбаси пешниҳодкардаи сарвараш Трамп пуштибонӣ кард ва онро беҳтарину ягона нақшаи муфид арзбӣ намуд.  Ҳамзамон моҳи октябри соли гузашта Рубио ошкоро парламони Исроилро барои тасдиқи нақшаи ҳамроҳ кардани Соҳили Ғарбии рӯди Урдун зери тозиёнаи танқид гирифт.

Стив Уиткофф-фиристодаи вижаи ИМА дар Ховари Миёна-милиардер, шарики Трамп дар бозии голф. Ӯ низ дар рӯйхати ҳарду шӯро дохил аст. Аввали ҳафтаи ҷорӣ Уиткофф аз оғози марҳалаи дуюми нақшаи Трамп хабар дод, ки то ба халъи силоҳи ҲАМОС-ро дар бар мегирад. Уиткоф на танҳо як фиристодаи вижа дар Ховари Миёна аст, балки дар гуфтушуниди сулҳи Русияву Украин нақши муҳим мебозад.

Ҷаред Кушнер, домоди президент Трамп низ узви ду шурост. Аз ҳамсафони Уиткофф дар гуфтушунидҳои сулҳ аст, дар ҳалли зиддият миёни Украинаву Русия ва Исроилу Ғазза нақши миёнаравро мебозад.

Миллиардер Марк Роуэн-яки дигар аз касоне, ки дар ду шуро узвият хоҳад дошт. Ӯ сарвари кулли бузургтарин ширкати сармоягузории Apollo Global Management мебошад, ки дафтари марказии он дар Ню-Йорк қарор дорад. Дар гузаштаи начандон дур яке аз номзадҳои эҳтимолии Трамп ба вазифаи вазири молия буд.

Аҷай Банга-Президенти Бонки умумиҷаҳонӣ танҳо шомили шурои иҷроия хоҳад буд. Банга 67 сол дошта, соли 1959 дар Ҳинд зода шудааст. Аз соли 2007 шаҳрванди ИМА мебошад. Даҳ сол дар вазифаи директори кулли Mastercard буд. Соли 2023 аз ҷониби президенти ИМА Ҷо Байден ба вазифаи директори кулли Бонки умумиҷаҳонӣ пешниҳод шуд.

Роберт Гэбриел-ҷонишини мушовири амнияти милии ИМА. Ӯ ҳафтумин узви шурои иҷроия мебошад. Вай аз соли 2016 ҳамроҳи Трамп кор мекунад ва аз фаъолони муборизаҳои интихоботии ӯ ба шумор мерафт.

Николай Младенов-сиёсатмадори Булғористон ва собиқ фиристодаи вижаи СММ дар Ховари Миёна, узви шурои иҷроия, намояндаи олӣ дар Ғазза. Дар изҳороти Кохи Сафед омадааст, ки Николай Младенов миёни “Шурои сулҳ” ва Кумитаи миллии идораи Ғазза нафари иртиботӣ хоҳад буд. Ба шурои иҷроияи Ғазза шаш нафари дигар низ шомил хоҳанд шуд ва ба фарқ аз “Шурои сулҳ”, ки кулли аъзои он мардонанд, ба ин шуро бонувон ҳам дохил хоҳанд шуд. Аз ҷумла вазири ҳамкориҳои байналмилалии Иморати Муттаҳидаи Араб Рим ал-Ҳошимӣ ва дипломати нидерландӣ, ҳамоҳангсози вижеи СММ дар умури  сулҳи Ховари Миёна Сигрид Кааг.

Вазири умури хориҷии Туркия Ҳокон Фидон, дипломати қатарӣ Алӣ ал-Таводӣ, сарвари раёсати кашфи Миср Ҳасан Рашод ва миллиардери қибрисиву исроилӣ Якир Габай ҳам ба узвияти шурои иҷроия дохиланд.

Даъватномаи пайвастан ба Шурои сулҳи Ғаззаро ҳамчунин ба президенти Туркия Раҷаб Тайип Ардуғон, президенти Миср Абдулфаттоҳ Ас-Сиси, президенти Русия Владимир Путин, президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев, президенти Белоруси Лукашенко ва дигарон низ дарёфт карданд.

МАРҲАЛАИ АВВАЛ ВА ҲОЛО

Шуруъ аз марҳалаи аввал нақзи пайвастаи оташбас дида мешуд ва беш аз ҳама давлати яҳудӣ бо паймоншиканӣ манотиқи маскунии фаластиниён дар Ғаззаро мавриди ҳамлаҳои ҳавоӣ қарор медод ва даҳҳо нафар занону кӯдакон кушта мешуданд.

Вазорати тандурустии Ғазза ахиран эълон кард, ки баъди оғози оташбас бар асари ҳамлаҳои аҳдшиканонаи Исроил ҳудуди 450 фаластинӣ ҷон бохтанд. Ҷониби Исроил бошад гуфт, ки тули ин муддат дар ҳамлаи ҷанговарони ҲАМОС се сарбози ӯ кушта шуданд.

Ҳамзамон аз вазъи бади кумакрасонӣ ба аҳолии зери фишормондаи Ғазза хабар дода мешавад. СММ борҳо дар ин бора изҳори нигаронӣ кард ва хостори боз кардани ҳамаи нуқтаҳои кумакрасонӣ барои сокинони навори Ғазза шуд.

Бино ба гузоришҳои расида аз 7-уми октябри соли 2023, ки ҷанг миёни Исроил ва ҲАМОС оғоз гардид, дар Фаластини ишғолӣ ҳудудан 90 ҳазор нафар кушта шуданд, ки аксари онҳо занон, пирони барҷомонда, ҷавонон ва тифлакони бегуноҳ буданд.

Ҷанги Ғазза чеҳраи хашини давлати яҳудиро ба намоиш гузошт. Созмонҳои байналмилалӣ, давлатҳо ва шахсиятҳои маъруф Исроилро ба наслкушӣ дар Ғазза муттаҳам карданд.

Додгоҳи байналмилалӣ дастури боздошти Бинямин Натанёҳуро содир кардааст.

ШУРОИ ҶАҲОНИИ СУЛҲ

Таъмими “Шурои сулҳ”-и Трамп хаёли моро ба таърих бурд. Бо ҳамин ном замоне як ташкилот буд. Шурои сулҳи ҷаҳонӣ як созмони байналмилалии зидди империалистӣ, демократӣ, мустақил ва ғайривобаста буд, ки соли 1950 бо ташаббуси иттиҳоди Шуравӣ таъсис ёфт. Он хостори халъи силоҳи ҷаҳонӣ, ҳокимият, истиқлол ва ҳамзистии сулҳомез ва муборизаҳо алайҳи империализм, ҷангафзори куштори ҷамъӣ, таҳкими муборизоти сулҳ дар саросари ҷаҳон ба манзури мухолифат бо “ҷангхоҳӣ” тавассути Иёлоти Муттаҳидаи Амрико буд.

Ин созмон то замони мавҷудияти иттиҳоди Шуравӣ фаъолона амал мекард ва аз сиёсати ҳизби коммунист ва эҷоди ҷамоҳири Шуравӣ ҳимоят мекард. Ба ҳамин сабаб дар кишварҳои ғайрикоммунистӣ ё ғайрисотсиалистӣ пайравон надошт ва маҳбубият пайдо накард.

Баъди суқути Иттиҳоди Шуравӣ аз сабаби қатъи маблағгузорӣ ин созмон мисли қабл амал накард. Ҳоло он чун як созмоне, ки дигар ҳеч таъсире дар рӯйдодҳои олам надорад, боқӣ мондааст.