Бо бачаҳо. Наргиси Муродалӣ: “Фарзанди аз ҳама азиз”
Дар як бешазоре гургу рӯбоҳу хирсу харгӯш фарзандони худро дар оғуш гирифта, дар мавзӯи аҷибе баҳс мекарданд.
Дар ҳамин вақт шикорчие пинҳон-пинҳон омада, баҳси онҳоро гӯш кард.
Гург мегуфт:
– Дар дунё аз ҳама азиз бачаи ман аст. Бинед, чашму гӯши зебои ӯро!
Ӯ бачаашро сахттар ба оғӯш гирифт:
- Ман ӯро аз ҷонам бештар дӯст медорам!
– Не! Бачаи аз ҳама зебову азиз рӯбоҳаки ман аст! Вай зирак, нағзакак, хушрӯяк аст, – сару рӯйи фарзандашро лесид рӯбоҳ ва афзуд:
Ман ӯро аз ҷонам бештар дӯст медорам!
– Оҳ-ҳо, магар аз бачаи чашмсиёҳи ман ҳам онҳо зеботаранд? – ғуррид хирс. Ман ӯро аз ҷонам бештар дӯст медорам!
– Ҳамаи шумо зебоиро надидаед. Аз ҳама зебояку майдаяку ширинак фарзанди ман аст! – гуфт харгӯш. Ман ӯро аз ҷонам бештар дӯст медорам!
Гургу рӯбоҳу хирсу харгӯш бачаҳоро сахт ба оғӯш гирифта гуфтанд:
Ҳамаи мо фарзандони худро дӯст медорем, биёед, баҳс намекунем.
Шикорчӣ баҳси онҳоро гӯш карда, фарзанди худро ба ёд овард:
Бале, фарзанд барои ҳар кас аз ҳама азизу зебост!
Шикорчӣ бори аввал аз шикор бо дасти холӣ баргашт.
Ин ва садҳо ба ин монанд китобчаҳои шавқовар ва ҳикояҳои дилангезу шеърҳо марғубро шумо, бачаҳои азиз, метавонед дар толори хониши адабиёти кӯдакон ва наврасон бихонед.
Таҳияи Фароғат Толибова,
сардори шуъбаи адабиёти
кӯдакон ва наврасон