Зи некӣ сухан гӯему роз

Саъдулло НаимбоевИмшаб зи ғамат пиру ҷавон мегиряд,

Хуршеду моҳу ситорагон мегиряд.

Аз баҳри ту устоди фақеҳ,

Бо дидаву қалбу хун ҷакон мегиряд.

Аз марги ту заҳмо хурда ба дил,

Баҳри ту замину осмон мегиряд.

Устоди  гиромиқадр  Саъдулло Наимбоев ҳамчун  устод, омўзгор дўстӣ  беҳамто ва ғамхорӣ шогирдону дўстон ҳамеша дар хотираи неки дўстон ва ҳамкасбон ҷовидон аст. Устод Саъдулло Наимбоев 20-уми майи соли 1937 дар  деҳаи Ворух  дар оилаи деҳқон таваллуд   шудааст. Маълумоти ибтидоиро дар мактаби № 22  гирифта, таҳсилро  дар  мактаби миёнаи №27-и деҳаи  Чоркўҳ давом  додааст. Пас аз хатми мактаби мазкур ба институти педагогии ба номи Кирови шаҳри Ленинобод (ҳоло Донигоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров), ба факултаи филолгия дохил гардида, соли 1959 онро бомуваффақият бо итмом мерасонад. Фаъолияти меҳнатияш ҳамчун муаллими забон ва адабиёти тоҷик дар мактабҳои ноҳияҳои Ҳамадонӣ, Конибодом ва Исфара шуруъ шудааст.

Минбаъд соли 1962 ба зодгоҳаш баргашта дар мактаби миёнаи №22 омўзгор, муовини директор, солҳои 1968-1970 сарвари мактаби миёнаи №21 шуда кор мекунад. Пас аз он бо мақсади такмили донишу тахассуси хеш ба шаҳри Душанбе омадааст. Якчанд муддат ҳамчун муҳаррири шуъбаи мусиқии Кумитаи радиои Тоҷикистон фаъолият дошт.

Саъдуллохон Наимбоев соли 1970 ба аспирантураи донишкадаи омўзгории шаҳри Душанбе шомил  гашта,  соли  1976  рисолаи номзадии  хешро  марбут  ба  мавзўи «Вазни арўз дар шеър» ҳимоя намуд. Соли 1977 ўро ҷонишини декани факулти таъриху филалогияи донишкада таъин  менамоянд. Аз соли 1983 то соли 1988 ҳамҷун декани  шуъбаи шабона ва аз соли 1988 то 1992 ба ҳайси декани факултаи филолгияи  тоҷики ҳамин  донишкада софдилона фаъолият дошт. Дар ин давра асарҳои илмии «Хониши ифоданок» ва «Таълими шеър дар мактаб»-ро таълиф намуда, аз ҷониби ў китобҳои «Комил-ул таъбир»-ро таълиф намуда, аз ҷониби ў китоҳои «Комил-ул таъбир» (Хобнома)-и Адулфазл Ҳубайши Тифлисӣ аз забони арабӣ  ва «Педагогика» аз забони русӣ ба тоҷикӣ баргардонида шуданд.

Аз соли 1996 то соли 2002 устод Саъдуллохон Наимбоев чун корманди кумитаи байналмилали Салиби  Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар барқарорсозии сулҳу субот дар  Тоҷикистон  кўмаки башардўстона расонидан ба ниёзмандон, баргардондани гурезаҳо ва пешрафти    кишвар саҳм гирифт. Ҳамзамон дар китобҳои таълимии «Бани одам аъзои якдигаранд» ва «Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад» ҳиссаи баарзиш гузошт. Устод то вопасин рўзҳои  умр ба сифати дотсенти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикстон баҳри тайёр кардани кадрҳои сазовару арзанда меҳнати бедареғ  намуд. Муаллифи зиёда аз 150 мақолаву асарҳои илмӣ, илмию методӣ ва дастурҳои методӣ мебошад.

Хизмати бузургу тўлонӣ ва эҷоди мондагори Саъуллохон Наимбоев ин омода сохтани китоби шашҷилдаи «Қомуси асотир ва  ишорати фарҳанги» мебошад, ки ибтикори фарзандон ҷилдди аввали он ба дасти хонандагон расид. Меҳнати ҳалолу бенуқсон ва фаъолияти сермаҳсули илмиву эҷодии устод  Саъдуллохон  Наимбоев аз ҷониби давлату  ҳукумат  бо  нишони «Аълочии маорифи ҷумҳурӣ» ва соли 2001 бо унвони баланди «Корманди  шоистаи  Ҷумҳурии Тоҷикстон қадр карда шудааст. Имрўз кўчае, ки дар он устоди зиндаёд таваллуд ёфтаву ба камол  расидааст, номи ин марди  накўному накўкорро дорад.

Ҳаводорон ва хонандагони Китобхонаи миллӣ метавонанд осори пурбаракати устодро дар фонди умумӣ ва шуъбаи илмӣ-методӣ ва таҳқиқотӣ дарёфт ва мутоила намоянд.

Таҳияи Набиҷон Набиев
Корманди шуъбаи
илмӣ-методӣ ва таҳқиқотӣ