Давоми мавзуи Баҳор ва хазони тамаддуни Ориёӣ дар минтақаи Осиёи Миёнаи марказӣ. Идома
Ҳамчунонки дар мисоли забони Авесто, бахусус, куҳантарин бахши он Готҳо (сурудҳо) ва забони Веда собит мешавад, тафовутҳои мавҷудаи ин осор дар пояи фарқиятҳои лаҳҷавӣ миёни ду лаҳҷаи ба ҳам наздики як забони мушатарак қарор доранд. Бар асоси он ҳама хусусиятҳои забонӣ муҳаққиқон ба ин натиҷа расидаанд, ки ориёиҳои эронӣ ва ҳиндӣ ҳангоми сукунат дар сарзаминҳои хеш байни ҳам ба таври озод муошират намуда, дар дарки гуфтори ҳамдигар мушкилоти ҷиддӣ надоштаанд. Муштаракоти забонӣ, фархангӣ ва диниву суннатии ориёихои эронӣ ва ҳиндӣ худ далели сукунати муштараки тулонии ин мардумон дар як сарзамини воҳид мебошад. Пас аз муҳоҷирати мардумони ориёии ҳиндӣ тақрибан дар оғози дуҳазорсолаи пеш аз милод ба Ҳинд замони ҷудоии қавмҳои ориёии эронӣ ва ҳиндӣ оғоз мегардад.
Бо назардошти он, ки забони Авесто дорои махсусиятҳои лаҳҷавӣ мебошад ва лаҳҷаҳо дар дохили ин забон на ба якборагӣ, балки замоне чанд пас аз ҷудоӣ ё парокандагии як забони муштараки ориёии эронӣ ё эронии бостон метавонист сурат гирад, ба андешаи бархе аз донишмандон, аз ҷумла В.И. Абаев, замони аз ҳам ҷудошавии муштаракоти ориёиро ҳатто метавон ба ҳазорсолаи сеюми пеш аз милод мансуб донист. Тақрибан пас аз ҳазор соли муҳоҷирати ҳиндуориёиён муҳоҷирати як гурӯҳ аз қабоили ориёии эронии сокини Осиёи Миёна ба сарзамини Эрони кунунӣ сурат мегирад. Ин мардумони ориёӣ гузаштагони модҳо, порсҳо ва дигар қабоили ориёии (эронии) ғарбӣ буданд.
Бархе аз мухаққиқон, аз ҷумла Г.Моргенстерне, бар асоси далелҳои забонӣ дар бахши муштаракоти фаровони луғоту истилоҳот дар ин забонҳо ва чанде аз иқтибосоти замони Ҳахоманишиён дар забонҳои ҳиндуориёӣ ба ин натиҷа расидаанд, ки дар асрҳои VI-V пеш аз милод низ кишоварзон ва кучиёни ориёии эронӣ ва ҳиндӣ, бидуни шубҳа, дар муошират гуфтори ҳамдигарро хуб дарк мекардаанд. Гурӯҳи дигари қабоили ориёии эронӣ аз шарқ ба ҷанубу шарқи Аврупо, ба суйи Қафқоз ва соҳилҳои баҳри Сиёҳ мухочират карданд. Ин мардумон скифхо ва ё кабоили сакой буданд, ки дар асрҳои IX-VIII пеш аз милод ин сарзаминҳоро макони зисти хеш қарор додаанд.
Қабилаҳои дигари ориёинажоди сақоӣ аз Осиёи Миёна ва ё ноҳияҳои ҳаммарзи Қазоқистон ба Туркистони шаркӣ муҳоҷират намуданд. Ин мардумон аз худ осори хаттии фаровоне дар ин сарзамин ба ёдгор гузоштаанд, ки он бо номи ёдгориҳои сакоии хутанӣ маъруф аст.
Бар асоси далелҳои таърихиву бостоншиносӣ ва забониву ҷуғрофӣ пажӯҳишгарон сарзаминҳои густариши мардумон ва забонҳои ориёии эрониро дар ҳудуди бисёр густурдае аз ҷанубу шарқи Аврупо то ба Туркистони шарқӣ ва аз назди Урал ва ҷануби Сибир то ҷануби Эрон муайян намудаанд. Мардумони дигари ориёии шарқӣ ба монанди бохтариҳо, суғдиҳо, хоразмиҳо ва чанде аз қабоили сакоӣ барои ҳамешагӣ дар сарзамини таърихии хеш – Осиёи Миёна сукунат ихтиёр кардаанд.
Аз ҷониби дигар, ба андешаи донишмандони маъруфи соҳаи забоншиносии муқоисавии аврупою рус, инчунин муҳаққиқони эронӣ ва дигар олимони намоёни як асри охир маҳз қадимтарин маҳалҳои будубоши ниёгони мо – бохтариёну суғдиён ва дигар қавмҳои ориёӣ Осиёи Миёна, аниқтараш, водиҳои ҳосилхези байни дарёҳои Ому ва Сир будааст.
Масалан, зимни тадқиқотҳои забоншиносии муқоисавӣ ва далелҳои раднопазири забонҳои қадимаи ориёӣ И.М.Оранский ба натиҷае расидааст, ки «Древнейшей известной науке родиной племен, говоривших на арийских диалектах, была Средняя Азия и прилегающие к ней районы. Такая установка наилучшим образом объясняет проникновение ариоязычных племен в долину Инда и последовавшее вскоре распространение другой группы тех же племён на Иранское плоскогорье. Такая установка подкрепляется и анализом ведических и авестийских гимнов, отражающих быт и мировоззрение первобытных пастушеских кочевых племен, передвигавшихся со своими стадами по степным Средней Азии и общими соображениями о путях распространения древних племен, говоривших на индоевропейских диалектах…
Считают, что в конце III – начала II тысячелетия до н.э. часть ариоязычных кочевых племен начала откочевывать из пределов Средней Азии, проникая постепенно через территорию современного Афганистана в Пенджаб и верхнюю часть долины Ганга. Диалекты этой группы ариоязычных племен, распростанившихся к середине II тысячелетия до н.э. по долинам Инда и Ганга, и легли в основу всех более поздних индийских (индоарийских) языков и диалектов в том числе и современных.
С отделением этой части ариоязычных племен от племен, оставшихся на территории Средней Азии, начинается эпоха самостоятельного развития двух родственных групп арийских языков – группы индийских языков и группы иранских языков».
Ин ақидаро яке аз муҳаққиқони варзидаи бахши ориёшиносӣ Э.А.Грантовский, ки аз пажӯҳиши забонҳои қадимаи авестоӣ ва санскрит огоҳ аст, равшантар ифода намуда, андешаҳои худро нисбати пайдоиш ва ташаккули ақвоми ориёӣ чунин иброз медорад: «Як силсила қабилаҳои эронизабон (модҳо, порсҳо дар Эрон, скифҳо, сарматҳо ва дигар халқиятҳои бостонии Осиёи Миёна) худро ориёй меномиданд. Ҳамчунин қабилаҳое, ки дар нимаи дуюми ҳазорсолаи дуюми пеш аз милод дар Ҳинд паҳн гардидаанд ва дар илм бо номи ҳиндуориёӣ маъмуланд, ориёӣ номида мешуданд. Забонҳои қадими эронӣ ва ҳиндуориёӣ бо ҳам бисёр наздик буда, гӯяндагони онҳо, тавре ки мероси қадимаи ҳиндуҳо «Ригведо» ва эрониён «Авесто» шаҳодат медиҳад, дар хоҷагӣ, рӯзгор, соҳаи иҷтимоӣ, фарҳанг ва дин бисёр омилҳои муштарак доштанд. Ин омилҳои муштарак нақши умумии мероси даврони ягонагии қавмии ҳиндуориёӣ ва эрониориёӣ мебошанд.
Забонҳои ориёӣ шохаи шарқии хонаводаи забонҳои ҳиндуаврупоиро ташкил медиҳад (ғайр аз ҳиндуориёиҳо ориёӣ номидани дигар гурӯҳҳои ҳиндуаврупоӣ, аз он ҷумла германиҳо заминаи илмӣ надорад)».
Дертар ин муҳаққиқ дар ҳамқаламӣ бо муаррих ва ҳиндушиноси тавоно Г.М.Бонгард-Левин китоби «Аз Скифия то Ҳинд»-ро навишта, андешаи болоиро чунин тақвият медихад:
«Ҳам қабилаҳои ҳиндӣ ва ҳам эронӣ худро ориёӣ номида, сарзамини худро сарзамини Ориё мегуфтанд. Истифодаи ин истилоҳ барои халқҳои дигари ҳиндуаврупоӣ (ва пеш аз ҳама германиҳо) заминаӣ илмӣ надорад. Калимаи аря ҳамчун номи халқ фақат дар забонҳои ҳиндуориёӣ мавҷуд аст. Офарандагони Ведоҳо, достонҳои паҳлавонӣ, мураттибони «Авесто», муаллифони сангнавиштаҳои Порсии бостон худро чунин ном мебурданд».
Зиёда аз ин, олими бузурги Эрон Саид Нафисӣ Осиёи Миёнаро сарзамини поки ниёгон номида, борҳо таъкид мекунад, ки аҷдоди ориёии мо маҳз аз ҳамин сарзамини дилкашу биҳиштосо аз Ҳиндукуш ва канори рӯди Ҷайҳун ва Сайҳун ба Эронӣ кунунӣ омадаанд.
Вале сарфи назар аз ин ду муҳоҷирати бузург, ки тадриҷан, ба ташаккули забону фарҳанги ориёҳиндӣ ва ориёэронӣ бунёд гузоштанд, боз чандин муҳоҷиратҳои баъдинаи ориёиҳои туронӣ аз васати рӯди Омую Яксарт ба самти Шарқ, то ҳудудҳои Туркистони Шарқӣ ва Чин сурат гирифтаанд, ки яке аз мушкилотҳои печидаи соҳаи таърих буда, назари нав ва диди тозаи илмиро тақозо дорад. Ин мушкилотро ман ҳанӯз дар китоби дуюми «Аз Ориён то Сомониён», ҳангоми тадқиқи тақдири таърихии Кушониён махсус зикр карда будам: «Худ аз худ саволе ба миён меояд, ки чаро баъзе қавму қабилаҳои ориёӣ аз марказҳои тамаддуни ориёинажодон – Бохтару Суғд, Хоразму Фарғона, инчунин аз сарзамини сарсабзу ҳосилхези Вароруд дур афтода, ба марзҳои канории Туркистони Шаркӣ, – Ҳафтрӯду- Олтой, доманаҳои Тиёншону паҳноҳои Муғулистон ва канораҳои Чин куч бастанд? Барои ба ин савол посух гуфтан ба таърихи тулонии тамаддун ва давлату давлатдории ориёинажодон назар афкандан рост меояд.
Агар силсилаи давлатдориҳоеро, ки ниёгони тоҷикон дар моварои рӯди Омую Сир ва қаламрави Осиёи Марказӣ бунёд гузоштаанд, пеши назар биёрем, беихтиёр давлати овозадори Каёниён ба ёд мерасад. Ин нахустдавлати ориёӣ бо вуҷуди бисёр норавшаниҳо дар марзҳои Бохтар ва пойтахти он шаҳри овозадори Балх ташаккул ёфта, сипас ҳудудҳои сарзамини Суғдро фаро гирифт ва ба таъсисёбии оини давлатдорӣ ва падидоии тамаддуни ориёӣ дар қаламрави Ориёно бунёд гузошт.
Ҳамин тариқ, дар заминаи ташаккулу марказиятёбии халқиятҳои ориёии бохтариҳо, суғдиҳо, марғиёниҳо, портҳо, ки саромад ва аҷдоди бевоситаи тоҷикон буданд, дар моварои рӯди Омую Яксарт ва Осиёи Миёна зимни падидоии ҳавзаҳои ободу шукуфон, маданияти муқимии кишоварзй, шаҳру вилоятҳои таърихию фарҳангӣ, ниҳоят нахустин рукнҳои созмони ҷомеавию идорӣ – суннати давлатдории Каёниён арзи ҳастӣ намуд.
Гарчанде дар ду китоби аввали «Аз Ориён то Сомониён» аз пайдоиш, ташаккул ва низоми давлатдории ориёӣ то аҳди Сосониёну Ҳайтолиён ибрози назар карда бошем ҳам, ба пиндори ман, дар арафаи Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ аз силсилаи давлатдориҳои моварои Варорӯд ва минтақаҳои Осиёи Марказӣ ба тарзи мухтасар ёдоварӣ кардан аз манфиат холӣ нест.
Мувофиқи андешаи муҳаққиқон, нахустин давлати тавоно ва пешрафтаи қаламрави Ориёно дар асрҳои IX-VI то милод Бохтар буд, ки дар пойтахти он шаҳри Балх подшоҳони каёнӣ тоҷгузорӣ намуда, бо номи давлати Каёниён ба арсаи таърих омаданд. Ногуфта намонад, ки дар китоби муқаддаси «Авесто», «Бундаҳишн», «Минуи хирад», «Худойномак», инчунин таърихномаҳои аҳди ислом – «Таърихи Табарӣ»-и Балъамӣ, «Муруҷуззаҳаб»-и Масъудӣ, «Форснома»-и ибни Балхӣ, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва ғайра аз силсилаи подшоҳони каёнӣ – Кайқубод, Кайковус, Сиёвуш, Кайхусрав, Кайгуштосп ва дигарон ёд шудааст. Маҳз дар поёни давлатдории Каёниён ва салтанати Гуштосп дини яктопарастии зардуштӣ нуфуз пайдо карда, дар дигар минтақаҳои Варорӯд ва Осиёи Марказӣ паҳн мегардад.
Алалхусус, дар асрҳои VII-VI то милод давлати Бохтар тамоми минтақаи шимоли Афғонистони имрӯза, қисмати ҷанубию марказии Тоқикистон ва ҷануби Ӯзбекистони кунуниро фаро гирифта, ба яке аз бузургтарин ва бонуфузтарин давлатҳои Осиёи Марказӣ табдил меёбад. Дар айни ҳол дар ин минтақа давлатҳои ориёасли Суғд, Хоразм, Марғиён ва Сакистон падид меояд, ки дар заминаи суннатҳои давлатдории ориёӣ ташаккул меёфтанд. Ин давлатҳо аз лиҳози ниҳод, аркон ва идоракунӣ нисбатан одитар бошанд ҳам, суннати собит ва пешрафтаи давлатдории Каёниро пазируфта ба рушду нумуи тамаддуни ориёӣ дар мингақаи Осиёи Марказӣ мусоидат намуданд.
Манбаъ: Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар оинаи таърих.
Аз Ориён то Сомониён”, Душанбе: Ирфон, 2009. – 315-320.
Хоҳишмандон метавонанд ин китобро дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.
Таҳияи Марзия Зардодхонова,
Мутахассиси пешбари Медиатекаи
Президентии Ҷумуҳрии Тоҷикистон