Расул Ғамзатов дар бораи сюжет. Бахши охир
Оре, барои савор шудан ба китоб-қатора, китоб-ҳавопаймо, китоб-киштии ман билет ё гузарномаи ягонае лозим аст: бояд ман дар хотир дошта бошам. Бояд одамону воқеот мисли он байту мисраъҳо бошанд, ки аз сурудҳои ҳофизони қаландар ба лавҳи хотирам нақш бастаанд. Бояд онҳо монанди ҳамон ҳашт мисрае бошанд, ки Абутолиб аз даҳ шеъри дуру дарози шоири ҷавон ҷудо карда буд. Бояд онҳо чун он дарахту иморатҳое бошанд, ки ба тўфон тоб овардаанд ва ҳол он ки ҳамаи чизҳои сабуку ноустуворро бод хазонвор рўфта бурд.
Дар акси ҳол ман ба Муслими Қазонишӣ мемондам. Акнун ба шумо қиссаи ўро ҳикоят мекунам. Моҳи май гусфандонро аз даштҳои тафсону серғубор ба кӯҳҳои серуни алафдор ронда мебаранд. Ана дар ҳамин вақт Муслими Қазонишӣ дар ин бора як силсила очерк менависам гўён, аз Иттифоқи нависандагон иҷозаи сафари хидматӣ пурсид. Балки, ин воқеа моҳи сентябр буд, вақте ки гўсфандонро аз кўҳҳои ҳавояш сардгашта ба даштҳои гармтар меоварданд. Мо ба Муслим иҷоза додем. Муслим ба сафар баромад ва тамоми роҳро ҳамроҳи чўпонҳову рамаҳои гўсфандон ҳалол тай кард. Ҳангоми бозгашт дафтарчаҳои навишта пур кардаашро ба як аспи алоҳида бор карда овардаанд. Ҳамаи дидаи худро рўз ба рўз қайд кардааст. Ягон чиз, ягон зарра берун аз нўги қалами ў намондааст. Аспро ҳам дида, қайд кардааст, чўпонро ҳам, гўсфандро ҳам. Охир, он ҷо чӣ қадар чўпону гўсфандонро дидааст! Ў ҳар он чӣ дидаву шунидааст, қайд намудааст. Ягон қиссаро партофта нарафтааст, ҳамаашро навишта аст. Дар бораи чорпое, ки давида пеш мегузашту онро қафо кашидан лозим мешуд, инчунин гўсфанде, ки қафо мемонду онро пеш рондан даркор буд, навиштааст. Китоби ба роҳ бахшида аз худи роҳ ҳам дарозтар баромад. Китобе шуд, ки ба хондани он вақти ба худи сафар сарф намудаи Муслим лозим аст. Баъдтар чўпонҳо ба мо ҳикоят карданд, ки ҳангоми баромадан ба қаторкўҳи Гемдин дар роҳ хачире дучор омад. Муслими бечора ҳачирро ба нўки қалам гирифтанаш кам буд, ки ҳар суми онро алоҳида-алоҳида бардошта диданӣ шуд. Муслим тохта назди хачир рафт ва пои қафои онро бардоштанӣ шуд. Вале ҳачир нияти нек ва зарурати ин корро надониста, як лагад зад, ки рост ба бинии Муслими шилқин расид. Чўпонҳое, ки нозири ин воқеа будаанд, хуб хандида гуфтаанд;
– Инро ҳам Муслим бояд қайд кунад.
Албатта, хачир ҳайвони лагадзану бадхўст, вале дар ин ҳолат, балки, рафтори он дуруст буд. Зеро, ин аст сазои касе, ки бисёр хирагӣ мекунад. Баъд асари Муслимро дар Иттифоқи нависандагон муҳокима намудем. Мо аз ў ба шўхӣ пурсидем:
– Муслим, дар китобат ҳама чиз ҳаст, аз курраи дар авули Хариколо дидаат сар карда, то суми хачир. Пас чаро калбузро партофта рафтӣ.
– Шумо, чӣ мегўед магар онро партофта рафтан мумкин аст! Калбузро ҳам навиштаам, лекин ба шеваи маҳаллӣ. Номи вай дар китоби ман «ханква» аст.
Ҳама хандидем, сипас, ба ҳар ҳол, кўшидем ба Муслим фаҳмонем, ки: нависанда набояд ҳар чиро бинад, навиштан гирад, балки аз байни ҳамаи он чизҳо ба худ даркориашро ҷудо карда гирад. Иборае ҳаст, ки мазмуни баландеро ифода мекунад, калимае ҳаст, ки ҳиссиёти бузургеро ифода менамояд. Порчае ҳаст, ки тамоми воқеаро ифода мекунад.
То ба қарибӣ дар мамлакати мо азнавсозиҳои ташкилӣ вуҷуд доштанд. Ҳозир ҳам гоҳ-гоҳе ягон ташкилотро аз нав месозем. Ман низ ба ин дард гирифтор шудам. Ман жанреро, ки аз худ кардаам, дигаргун месозам. Ман ҳамаи жанрҳоро дар як китоб гирд оварда, ба онҳо роҳбарӣ мекунам. Дар як ҳолат штатро ихтисор менамоям, дар ҳолати дигар вусъат медиҳам. Ҷои жанрҳоро дигар мекунам, дутоашро як, ва яктоашро ба ду тақсим мекунам. Агар кас дигаргуниҳои бисёре кардан гирад, ягонтаи он тасодуфан бомуваффақият баромаданаш мумкин аст.
Қиссаи марди кўҳистоние, ки ба Махачқалъа омадааст. Як кўҳистонӣ ба Махачқалъа ба сафари хидматӣ омада буд. Ў пули бисёре дошт, пули худаш не, барои ба сафари хидматӣ гирифтааш. Пагоҳу бегоҳ дар ресторан таом мехўрд. Рўзи нав омаданаш бо овози ба тамоми ресторан шунаво дод мезад:
– Пешхизмат! Боз коняк!
Ҳама ин гапи ўро шунида, сўяш нигоҳ мекарданд ва ҳайрон мешуданд, ки ин одам кӣ будааст, ин қадар бисёр менўшад ва пулро ба коняки қимат дареғ намедорад.
Рўзи охирин сафар кўҳистонии мо худи ҳамон пешхизматро оҳиста гўшакӣ карда, мепурсад:
– Дар ресторанатон оши угро чанд пул?
Хулоса, чӣ будани барзагов дар аввал не, дар охири мазраа маълум мешавад, ҳангоми лагадғурронӣ дар чаро не, балки вақти юғ задан ба гарданаш. Ба чӣ арзидани аспро ҳангоми саворшавӣ не, балки вақти фуромадан аз болояш мегўянд.
Оё ман китоби худро, карнай пуф кардани ансалтиниҳо барин, муболиға намекунам? Оё ман, мисли сивухиҳо, печи чўбин намесозам? Боре ҳамдиёрони ман садагиҳо ба ҷои гург сагро куштаанд. Оё ман низ чунин намекунам?
Ҳангоме ки сўи мақсуд роҳ оғоз мекунӣ, манзил дур аст. Оё ҷасорат муҳаббат ва тоқатам кифоят мекарда бошад, ки ба манзил бирасам? Ё ки дар поёни роҳ ноилоҷ монда, паси сар хорида, оши угро чанд пул, гўён мепурсида бошам?
ЁДДОШТ. Соле дар Доғистон зимистони сахт омад. Ногоҳ барфе зад, ки ғавсиаш қариб як метр буд. Гўсфандон бе хўрок монданд ва муромурӣ сар шуд. Маро ба кумитаи ҳизби вилоят даъват карда гуфтанд:
– Ба қўтан баромада рав, Расул, гўсфандҳоро наҷот додан лозим.
– Ман ба онҳо чӣ ёрӣ расондан метавонам?
-Ҳамон ҷо рафтан мебинӣ Ягон ҳисоб меёбӣ. Роҳи наҷоти гўсфандҳоро ёфтан даркор.
Роҳи гўсфандонро дар ҳавои нағз он қадар намедонистаму чӣ ҷое, ки дар бўрон ёфта равам. Аммо интизоми ҳизбӣ аз ҳама болотар аст ва ман дар барфу бод роҳ мепаймудам. Ниҳоят ба як қўтан расидам. Маро чўпонони ғамгин пешвоз гирифтанд. Қатраҳои ашк ба руй ва ришу мўйлабҳошон шўша баста буд. Гўсфандон фуки хунолуди худро зўр зада ба қабати барфи яхин халида, ба гиёҳе расиданӣ мешуданд. Аммо пардаи яхини барфро шикаста натавониста, нобуд мешуданд. Сагҳои чўпонӣ шамолпаноҳро ёфта мехобиданд, на парвои гург доштанду на ғами дузд. Хуласси калом, ман инҷо офату дармондагӣ дидаму бас. Чўпонҳо маро дида, хандаи ғамангез карданд:
– Ҳозир ба мо фақат шеъру суруд кам аст. Эҳ, Ғамзатзодаи садагӣ омадӣ, ки ба мо шеъру суруд бихонӣ? Ту ба ҷойи ин марсия бихон, ки мо ҳамроҳат навҳагарӣ кунем.
Дар козаи чўпонҳо се рўз нишастам, сипас, дидам, ки аз ман нафъе нест ва шуданаш ҳам дар гумон, пушт бар чўпонҳо кардаму рафтам.
Роҳам ба Махачқалъа буд.
– Хўш, чӣ тавр, гўсфандҳоро наҷот додӣ?-пурсиданд маро дар кумитаи вилоят.
– Се сар гўсфандро ноҷот додам.
– Чи хел, нақл кун!
– Ҳамин хел, чўпонҳо се сар гўсфандро куштанд ва мо гўшташро хўрдем. Ман чунин мешуморам, ки ҳамон гўсфанҳоро наҷот додам.
–Хайр, -хафа шуданд дар кумитаи вилоят,-рав, шеърнависиатро кардан гир, гўсфандҳоро, аз афти кор, мо бе ту наҷот медиҳем. Барои он ки шеърнависиат барорнок шавад, ба ту як танбеҳи сахт эълон мекунем.
Тарсам аз он аст, ки қиссаи китобам низ чунин анҷом напазирад. Барои наҷот додани рамаи гўсфандон мебароям, вале бо чӣ бармегардам? Рўзе ки оғоз меёбад, на ҳамеша чунин меанҷомад, ки мо мехоҳемаш.
ЁДДОШТ. Рўзи нахустини таҳсиламро дар Институти адабиёти Маскав ёд дорам. Нав ба хондан шурўъ намудаму рўзи таваллуди ман расид. Албатта, маро табрик намегуфтанд, зеро касе намедонист, ки он рўз рўзи таваллуди ман аст. Пули падарам додаро барои палто харидан ҷудо карда монда буд.
-«Биё, бечора Расул,-гуфтам,-дар рўзи таваллуд худ ба худамон туҳфае мекунем-палто мехарем». Пулро гирифта, бозори Тишино рафтам.
Он солҳо аввали баъди ҷанг чӣ бозорҳое буданд бозорҳои Маскав. Қонунҳои худ, савдогарҳои худ, милисаҳои худро доштанд. Ба фикрам, аз он бозорҳо ба ҷуз хару мочахар чизи дигарро пайдо кардан мумкин буд. Бозори Тишино бештар ба лонаи вайроншудаи мўрчагон шабоҳат дошт. Як соати дароз дар байни одамоне тела додаву тела хўрда гаштам, ки ба таки биниам костюму мўза, кителу шинел, кулоҳу куртаи занона, камзўлу туфлӣ ва асобағалу қуттӣ оварда медоштанд ва бихар мегуфтанд. Он вақтҳо орзу доштам, ки ба вазир монанд бошам. Дар байни издиҳом чунин палто меҷустам, ки пўшаму вазир шаваму монам. Оқибат ҳамаи қабил палторо дидам, ки савдогаре ба китф партофта мегашт. Бар замми ин, фуражка ҳам дошт, ки ҳамранги палто ва аз ҳамон матоъ буд. Аввал, албатта, аз фуражка сар кардам. Пўшида худро дар оина дидам, ки вазири ҳақиқӣ. Ба савдо шурўъ кардам. То даме ки бо овози баланд ва бурро нархи паст медодам, молфўрўш, гўё ҳарфи маро намешунида бошад, худро ба нодонӣ мезад. Ҳангоме ки бо овози паст, гўшакӣ карда, нархи ҳақиқии молашро гуфтам, шунид. Даст дода барака ёб гуфтем. Барои он ки сесўмаю панҷсўмаҳоямро бемалол шумурам, палторо ба савдогар дошта ист, гўён додам. Ду ҳазору дусаду панҷоҳ сўмро ба дасташ додам. Хурсандона бо қиёфаи вазир хобгоҳ омадам. Баъд дар хотирам зад, ки палто ба дасти садогар мондааст. Ҳамин тариқ, ба ду ҳазору дусаду панҷоҳ сўм як фуражка харидам.
Хулоса, дар орзуи он ки ба вазир монанд шавам, бе палтою бе пул мондам. Тарсам, ки китобам низ чунин шавад!
Ҳама медонанд, ки барояшон чӣ лозим аст, вале на ҳама дорои он чизанд. Ҳама манзили мақсуди хешро мебинанд, вале на ҳама ба он расида метавонанд. Одамоне ҳастанд, ки чӣ тарз навиштани китобро медонем, гуфта гумон мекунанд, аммо навиштан метавонанд.
Мегўянд: бо ҳамон як сўзан пироҳани арўсӣ ҳам медўзанд, кафани мурда ҳам.
Мегуянд: дареро накушо, агар онро пўшидан натавонӣ.
БОЗ АЗ РАСУЛ ҒАМЗАТОВ:
- РАСУЛ ҒАМЗАТОВ ДАР БОРАИ САБКИ ЭҶОД. БАХШИ АВВАЛ
- РАСУЛ ҒАМЗАТОВ ДАР БОРАИ САБКИ ЭҶОД. БАХШИ ДУЮМ
- РАСУЛ ҒАМЗАТОВ ДАР БОРАИ САБКИ ЭҶОД. БАХШИ СЕЮМ
МАНБАЪ: Расул Ғамзатов: “Доғистони ман”. Душанбе, 2018. Тарҷумаи Абдулло Зокир. Бо таҳрир ва тасҳеҳи Гулназар. Муҳаррир Меҳрӣ Саидова. Нашри чаҳорум.
Хоҳишмандон имкон доранд ин китоби хубро дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
Таҳияи Рисолат Шералиева,
мутахассиси пешбари хизматрасонӣ
ба шахсони имконияташон маҳдуд.