Мақолаи ҳамкорамон Шаҳнавоз Акрамова дар “Минбари халқ”

ШахнавозҒУНЧАҲО  ДАР  БЎСТОН  САР  МЕКАШАНД

Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон танҳо дар тақвим як рўзи хос ё баргузор кардани чорабиниҳо барои дилхушии кўдакон набуда, он таърих, мақсад ва вазифаҳои мушаххаси хешро дорад. Дар ибтидо суоле ба миён меояд, ки чаро ҷомеаи ҷаҳониро зарурат пеш омад чунин иқдомро бо ҷонибдории аксарияти давлатҳои ҷаҳон  роҳандозӣ намояд?

Кўдакон осебпазир ва ҳассостарин гурўҳи ҷомеа маҳсуб меёбанд ва   ҳар фоҷиае, ки ба сари башарият меояд, аввал онҳо осеб мебинанд. Аз офатҳои табиӣ шуруъ карда, то ҷангҳои харобиовар, аз амалкарди нодурусти атрофиён, аз муносибати ҷоҳилонаи оилавӣ то ба бекоршавии ақди никоҳ ин қишри ҷомеа бо зарбаҳои руҳиву равонӣ рў ба рў мешаванд.

Алҳол дар сайёра беш аз 200 миллион кўдак бо мушкилоти шадид рў ба рў ҳастанд. Тавре ки аз сарчашмаҳо бармеояд, танҳо дар кишвари ҳамсоя – Афғонистон 10 миллион кўдак барои зинда мондан ба кумаки башардўстона ниёз дош¬та, дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба умури кўдаконмегўяд, ки наздики 300 миллион кўдак дар манотиқи ҳавояш заҳролуд умр басар мебаранд.

Ин кўдакон ҳам дар радифи миллионҳо кўдакони дигари сайёра ҳуқуқи хушбахт буданро доранд. Тозатарин рўйдодҳо аз даргириҳои мусаллаҳонаи байни кишварҳо бори дигар собит сохтанд, ки аз зарбаи тасодуфии мушакҳо аввалин шуда, садҳо нафар кўдакону наврасон, ки дар дил ҳазорон орзуву умед мепарвариданд, қурбон гаштанд.

Тамоми аҳли башар дар назди ин кушташудагони бегуноҳ мувазаффанд, ки посух гўянд, ҳарчанд касе қудрати ҷуброни ҷонҳои аз дастрафтаро надорад.

Баъд аз ҷангҳои фоҷеабори ҷаҳонӣ башарият ба чунин хулоса омад, ки аксари қурбониёни ҳар гуна ҷангҳои мусаллаҳона  кўдакони бегуноҳ буданд, ки ҳоло худро ҳифз карда наметавонанд. Аз ин рў, онҳо дар гуруснагӣ, сўхтор ва таркишҳои харобиовар,  гирифтори шиканҷа, ранҷу азоб, бесарпаноҳӣ, асирӣ, рафторҳои ғайриахлоқӣ, бемориҳои сирояткунанда бештар азоби ҷисмониву  руҳӣ кашидаанд.

Тавре аз сарчашмаҳо бармеояд, Соз¬мони Милали Муттаҳид танҳо пас азанҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ бо мақсади ҳифзи кўдакон созмониЮНИСЕФ-ро таъсис дод. ЮНИСЕФ соли 1953 узви доимии Созмони Милали Муттаҳид гардид. Аммо пайдоиши ин сана таърихи жарфтар дорад.

Бархе бар ин боваранд, ки оғози ин рўйдод ба соли 1856 рост меояд, зеро Чарлз Леонард – руҳонии Калисои Умумиҷаҳонии Массачусетс як маросими хоссаеро бахшида ба кўдакон баргузор кард. Дар таърихи 1-уми июни соли 1925 Конфронси байналхалқии фаровонҳолии бачаҳо дар Женева баргузор гардид, ки таҷлили он минбаъд дар аксари давлатҳои ҷаҳон ба ҳамин рўз рост меояд.

Аз рўйи қайдҳо, нахустин маротиба ин сана соли 1950 ҷашн гирифта шуд, ки он дар 51 давлати дунё таҷлил гардид. Қарор дар бораи баргузор кардани он аз ҷониби Федератсияи байналмилалии демократии занон FDIF дар иҷлоси махсус моҳи ноябри соли 1949 қабул карда шуд.

Созмони Милали Муттаҳид ин ташаббусро ҷонибдорӣ карда, ҳифзи ҳуқуқ, ҳаёт ва саломатии кўдаконро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ эълон намуд.

Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон барои дастгирии ҳуқуқи кўдакон, хотима додан ба меҳнати пурмашаққати онҳо ва таъмини дастрасӣ ба таҳсилоти умумӣ эълон карда шудааст. Дар баъзе сарчашмаҳо қайд шудааст, ки бори аввал Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон бо қарори Созмони Милали Муттаҳид соли 1954 таъсис ёфт. Соли 1989 бошад, дар Созмони Миллали Муттаҳид Конвенсия дар бораи  ҳуқуқи кўдак қабул карда шуд. Аз 2-юми сентябри соли 1990 Конвенсияи мазкур ҳукми амал пайдо кард ва нуқтаи муҳимми он кўшишҳое мебошад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ тўли қариб 70 сол барои таъмин ва эътирофи ҳуқуқи кўдакон саъю талош карда буд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсия дар бораи ҳуқуки кўдак соли 1993 таҳия гардида, он амалӣ намудани уҳдадорию принсипҳои дар ин санад қайдгардидаро ба зимма гирифтааст.

Матни комили ин мақоларо метавонед ин ҷо бихонед: ҒУНЧАҲО ДАР БЎСТОН САР МЕКАШАНД